Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 марти соли 2008 № 107
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 марти соли 2008 № 107
тасдиқ шудааст
Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Тоҷикагролизинг"
I. Муқаррароти умумӣ
1. Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Тоҷикагролизинг" (минбаъд Корхона) дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007, № 597 таъсис дода шудааст.
2. Корхона фаъолияти худро дар асоси Кониститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ", дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур анҷом медиҳад.
3. Номи пурраи фирмавии Корхона: - ба забони тоҷикӣ: Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Тоҷикагролизинг"; - ба забони русӣ: Республиканское государственное унитарное предприятие "Таджикагролизинг";
4. Номи кӯтоҳкардашудаи Корхона: - ба забони тоҷикӣ: КВДҶ "Тоҷикагролизинг"; - ба забони русӣ: РГУП "Таджикагролизинг";
5. Маҳали ҷойгиршавии Корхона: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ- 44.
II. Мақомоти ҳуқуқии Корхона
6. Корхона шахси ҳуқуқӣ буда, фаъолияти хоҷагидориро ба амал мебарорад ва дорои баланси мустақил, суратҳисобҳои бонкӣ, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи фирмавии Корхона, бланкаи кории худ, штамп ва нишонаи фирмавӣ мебошад.
7. Корхона бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дорои корхонаҳои фаръӣ бошад, дар минтақаҳои ҷумҳурӣ филиалҳои худро таъсис диҳад ва намояндагиҳо кушояд.
...