Тартиби сафарҳои ҳунарии гурӯҳҳои эҷодӣ ва ҳунармандони алоҳида дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар аз 22 ноябри соли 2025, № 639

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 22 ноябри соли 2025, № 639

Тартиби сафарҳои ҳунарии гурӯҳҳои эҷодӣ ва ҳунармандони алоҳида дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби сафарҳои ҳунарии гурӯҳҳои эҷодӣ ва ҳунармандони алоҳида дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар (минбаъд – Тартиб) тартиби сафарҳои ҳунарии гурӯҳҳои эҷодӣ ва ҳунармандони алоҳида, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолият ва репертуари гурӯҳҳои ҳунарӣ, ансамблҳо, ҳунармандони алоҳида ва тарғиби асарҳои баландғояро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар танзим мекунад.

2. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- муассисаҳои давлатии намоишиву театрӣ – театр, сирк ва муассисаҳои дигари фарҳангӣ, ки самти асосии фаъолияти онҳо хизматрасонии фарҳангӣ ба мардум мебошад;

- саҳнаи доимӣ – биное, ки фаъолияти доимии ҳунарӣ дар он амалӣ мегардад ё ба муҳлати на камтар аз шаш моҳ ба иҷора гирифта мешавад;

- сафарҳои ҳунарӣ – фаъолияти ҳунарии гурӯҳҳои эҷодӣ ва ҳунармандони алоҳида, ки берун аз саҳнаи доимӣ ба роҳ монда мешавад;

- фаъолияти сафарию ҳунарӣ – фаъолият оид ба ташкил ва баргузор намудани консерт бо иштироки ҳунармандон, намоишнома, барномаҳои сиркӣ ва чорабиниҳои дигари оммавию фарҳангӣ;

- чорабиниҳои оммавию фарҳангии хайриявӣ – чорабиниҳое, ки барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, меҳнат, маъюбон, хизматчиёни ҳарбӣ ва гурӯҳҳои дигари ба ин монанди шаҳрвандон гузаронида шуда, мақсади ба даст овардани даромадро надоранд.

2. МАҚСАДИ АСОСИИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТИ САФАРҲОИ ҲУНАРӢ

3. Мақсади асосии танзими давлатии фаъолияти сафарҳои ҳунарӣ аз инҳо иборат аст:

...
Приложение
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от «22» ноября 2025 года, №639

Порядок гастролей творческих коллективов и отдельных исполнителей на территории Республики Таджикистан и за границей

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок гастролей творческого коллективов и отдельных исполнителей на территории Республики Таджикистан и за границей (далее – Порядок) регулирует порядок гастролей творческих коллективов и отдельных деятелей искусств, а также координацию деятельности и репертуара художественных коллективов, ансамблей, отдельных исполнителей и пропаганду высококачественных произведений в Республике Таджикистан и за рубежом.

2. В настоящем Порядке используются следующие основные понятия:

- государственные театрально-зрелищные учреждения – театры, цирк и другие культурных учреждения, основной деятельностью которых является предоставление культурных услуг населению;

- постоянная сцена – здание, в котором осуществляется постоянная творческая деятельность либо которое арендуется на срок не менее шести месяцев;

- творческие гастроли – художественная деятельность творческих коллективов и отдельных исполнителей, осуществляемая за пределами постоянной сцены;

- творческо-гастрольная деятельность – деятельность по организации и проведению концертов с участием исполнителей, спектаклей, цирковых программ и других массово-культурных мероприятий;

- благотворительные массово-культурные мероприятия – мероприятия, проводимые для ветеранов Великой Отечественной войны, труда, инвалидов, военнослужащих и других аналогичных категорий граждан, не преследующие цели получения дохода.

2. ОСНОВНЫЕ ЦЕЛИ ГОСУДАРСТВЕННОГО РЕГУЛИРОВАНИЯ ГАСТРОЛЕЙ

3. Основными целями государственного регулирования творческих гастролей являются:

...