ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади амалигардонии Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) аз 22 декабри соли 2023, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» ба имзо расидааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Низомнома ва ҳайати Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
3. Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти сохторҳои ҷалбгардида ва ҳамкории мутақобилаи онҳоро дар тамоми муҳлати амалисозии лоиҳаи болозикр ба роҳ монад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 22 ноябри соли 2025, № 633
...