Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист, об ва кишоварзии Подшоҳии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда


бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 22 ноябри соли 2025, № 630
тасдиқ шудааст

Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист, об ва кишоварзии Подшоҳии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист, об ва кишоварзии Подшоҳии Арабистони Саудӣ, ки минбаъд «Тарафҳо» номида мешаванд;

бо хоҳиши вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ мувофиқи қонун ва қоидаҳои амалкунандаи Тарафҳо;

ба мувофиқаи зерин расиданд:

Моддаи 1

Мақсади Ёддошти тафоҳуми мазкур амалисозии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ дар заминаи эътимод, баробарӣ ва нафъи мутақобила ва мусоидат ба рушди равобит миёни субъектҳои иқтисодии ду кишвар мебошад.

Моддаи 2

Тарафҳо барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои зерин ҳавасманд мебошанд:

1.Растанипарварӣ, чорводорӣ ва парандапарварӣ.

2.Гузаронидани корҳои илмию тадқиқотии муштарак.

3.Муҳофизати растаниҳо аз касалию ҳашаротҳои зараррасон.

4.Содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар доираи қонунгузории миллии Тарафҳо.

5.Парвариш ва мубодилаи тухмиҳои афзалиятноки зироатҳои кишоварзӣ.

6.Омӯзиши проблемаҳои соҳаи кишоварзӣ ва ҳалли онҳо.

7.Дигар соҳаҳое, ки Тарафҳо ба мувофиқа меоянд.

Моддаи 3

Татбиқи ҳамкории Тарафҳо дар соҳаҳое, ки дар моддаи 2 Ёддошти тафоҳум зикр шудаанд, бо тарзе, ки онҳо мувофиқ мешуморанд амалӣ карда мешавад, аз ҷумла:

1.Мубодилаи иттилооти илмию техникӣ ва натиҷаҳои корҳои тадқиқотӣ.

2.Ташкил ва гузаронидани семинарҳо, конфронсҳо ва намоишгоҳҳо.

3.Мубодилаи мутахассисон, донишҷӯён ва таҷрибаомӯзони соҳаи кишоварзӣ.

4.Мубодилаи таҷрибаи илмию амалӣ ва техникӣ миёни мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, олимон ва деҳқонон.

Моддаи 4

Тарафҳо тибқи қонунгузории миллии худ барои муҳайё намудани шароити мусоид ҳангоми муқаррар намудани муносибатҳои бевосита миёни субъектҳои хоҷагидории Тарафҳо оид ба воридоти маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин барои татбиқи масъалаҳои техникӣ ва захираҳои моддӣ ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ корбарӣ менамоянд.

Моддаи 5

Тарафҳо барои машварат ва андешидани чораҳои зарурӣ баҳри рушд ва густариши ҳамкориҳои дар Ёддошти тафоҳуми мазкур пешбинишуда аз ҳисоби шумораи баробари аъзоён аз ҳарду Тараф гуруҳи корӣ ташкил менамоянд. Гуруҳ ҳангоми зарурат ба таври навбатӣ дар ҳарду кишвар мулоқот мекунанд.

Моддаи 6

Ҳар як Тараф мувофиқи захираҳои мавҷудаи худ хароҷоти молиявиро, ки аз иҷрои уҳдадориҳои худ дар доираи Ёддошти тафоҳуми мазкур бармеояд, ба уҳда мегирад.

Моддаи 7

Тарафҳо уҳдадор мешаванд, ки маълумот ва ҳуҷҷатҳоеро, ки мубодила мекунанд, ба истиснои мақсадҳое, ки барои онҳо мувофиқа карда шудаанд, истифода баранд ва бе розигии пешакии хаттии Тарафе, ки чунин маълумотро пешниҳод мекунад, онҳоро ба шахси сеюм намедиҳанд.

Моддаи 8

Тарафҳо барои ҳифзи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ, ки аз ҳама гуна фаъолият дар доираи Ёддошти тафоҳуми мазкур ба вуҷуд меоянд, бо назардошти қонунҳо ва қоидаҳои амалкунандаи кишварҳои худ инчунин созишномаҳои байналмилалие, ки ҳар кадом иштирокчии онҳо мебошанд, чораҳои заруриро меандешанд.

Моддаи 9

Ҳама гуна баҳсҳое, ки дар тафсир ё татбиқи Ёддошти тафоҳуми мазкур бармеоянд бо роҳи машварат байни Тарафҳо ба манфиати ҷонибҳо ҳал карда мешаванд.

Моддаи 10

Ҳеҷ чиз дар доираи Ёддошти тафоҳуми мазкур ба ҳуқуқ ё имтиёзҳои Тарафҳо, ки дар натиҷаи созишномаи байналмилалие, ки яке ё ҳардуи онҳо иштирокчии онҳо мебошанд, таъсир намерасонад.

Моддаи 11

Ёддошти тафоҳуми мазкур аз рӯзи гирифтани огоҳиномаи хаттии охирини тасдиқкунандаи анҷоми иҷрои расмиёти дохилидавлатии Тарафҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ, ки барои эътибор пайдо кардани он зарур аст, эътибор пайдо мекунад.

Ёддошти тафоҳуми ба муҳлати 3 (се) сол баста шуда, худ аз худ ба муддати 3 (се) соли дигар тамдид меёбад, агар як Тарафи аҳдкунанда дар бораи хоҳиши қатъ намудани Ёддошти тафоҳум Тарафи дигарро бо роҳи дипломатӣ ба таври хаттӣ 6 (шаш) моҳ пеш аз ба охир расидани муҳлати амали Ёддошти тафоҳум огаҳ насозад.

Ба Ёддошти тафоҳуми мазкур бо розигии хаттии Тарафҳо тағйиру иловаҳо ворид кардан мумкин аст, ки мутобиқи муқаррароти моддаи 1 Ёддошти тафоҳум эътибор пайдо менамояд.

Қатъи амали Ёддошти тафоҳум ба лоиҳа ва барномаҳои дар давоми фаъолияти Ёддошти тафоҳум татбиқгардида таъсир намерасонад.

Дар шаҳри Риёз 24/11/2024 сол, мувофиқи 22/5/1446 ҳиҷрӣ дар ду нусха, ба забонҳои тоҷикӣ, арабӣ ва англисӣ, ки ҳамаи матнҳо эътибори якхела доранд, ба имзо расонида шуд.

Вазири кишоварзии

Ҷумҳурии Тоҷикистон



Ҳакимзода Қурбон

Вазири ҳифзи муҳити зист,

об ва кишоварзии

Подшоҳии Арабистони Саудӣ


Абдулраҳман А. Алфазлӣ


Утвержден
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 22 ноября 2025 года №630


Меморандум о взаимопонимании между Министерством сельского хозяйства Республики Таджикистан и Министерством окружающей среды, воды и сельского хозяйства Королевства Саудовской Аравии о сотрудничестве в области сельского хозяйства

Прилагается на тадж.яз