Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини беҳдории санитарию эпидемиологии аҳолӣ

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 22 ноябри соли 2025, № 626
тасдиқ шудааст

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини беҳдории санитарию эпидемиологии аҳолӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

дар руҳияи ҳамкории мутақобилан судманд амал намуда,

муҳиммияти ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини беҳдории эпидемиологӣ нисбат ба сироятҳои ниҳоят хавфнок ва бемориҳои дигари дорои манбаъҳои табиӣ ва аз ҳайвонот гузаранда, пешгирии пайдоиши бемориҳои инсон ва паҳншавии фаромарзии онҳо дар шароити равандҳои афзоишёбандаи ҳамгироӣ, инчунин рушди ҳамкории минтақавиро эътироф намуда,

бо пайгирӣ аз стратегияи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба татбиқи Қоидаҳои байналмилалии тиббию санитарӣ (ҚБТС - 2005) (минбаъд - ҚБТС), принсипҳои вусъатбахшии фаъолонаи саъйю кӯшиш оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини бехдории санитарию эпидемиологии аҳолӣ,

дар ин хусус ба мувофиқа расиданд:

Моддаи 1

Тарафҳо ҳамкории илмию техникиро дар соҳаи амалисозии ҚБТС 2005, мониторинг ва эътино ба ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти санитарию эпидемиологӣ, таъмини беҳдории санитарию эпидемиологӣ нисбат ба сироятҳои ниҳоят хавфнок ва бемориҳои дигари сироятии дорои манбаъҳои табиӣ ва аз ҳайвонот гузаранда, маҳви сурхча ва сурхакон, пешгирии ВНМО/БПНМ тибқи қонунгузории давлатҳои Тарафҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ, ки Тарафҳо иштирокчии онҳо мебошанд, ривоҷ медиҳанд.

Моддаи 2

Тарафҳо ба ҳамдигар дастгирии ташкилию методиро ҷиҳати амалисозии чорабиниҳои якҷоя дар самтҳои зерин пешниҳод менамоянд:

-таъсис додани маркази муштараки илмӣ-тадқиқотии эпидемиология ва пешгирии бемориҳои сироятии Россия ва Тоҷикистон дар асоси функсионалӣ;

-ба роҳ мондани ҳамкории илмӣ, гузаронидани корҳои муштараки илмию тадқиқотӣ, ба табъ расонидани мақолаҳои илмии муштарак, таҳия намудани монографияҳои коллективии муштарак;

-ташкил намудани корҳои муштараки экспедитсионӣ оид ба омӯзиши паҳншавии барангезандаҳои сироятҳои ниҳоят хавфнок ва бемориҳои дигари сироятии дорои манбаъҳои табиӣ ва аз ҳайвонот гузаранда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-коркарди усулҳои ягонаи методӣ дар соҳаи назорати эпидемиологии бемориҳои ниҳоят хавфнок, дорои манбаъҳои табиӣ, аз ҳайвонот гузаранда, инчунин сурхча, сурхакон ва ВНМО/БПНМ;

-рушд ва таҳкими низоми ягонаи мониторинг ва эътино ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятии дорои хусусияти санитарию эпидемиологӣ дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;

-дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намудани технологияҳои иттилотии ҷуғрофӣ (ТИҶ) ҷиҳати назорати бемориҳои сироятии барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мубрам;

-ҷорӣ намудани алгоритмҳои ягона ва усулҳои методӣ ҳангоми эътино ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустии ҷамъиятии дорои хусусияти санитарию эпидемиологӣ, гузаронидани машқҳои якҷоя;

-ҷорӣ намудани алгоритмҳои ягона ва усулҳои методӣ дар соҳаи таъмини бехатарии биологӣ;

-баргузор намудани конференсияҳои якҷояи илмӣ-амалӣ оид ба масъалаҳои мубрам дар соҳаи таъмини беҳтарсозии санитарию эпидемиологӣ;

-баргузор намудани курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи санитарии ҳудуд, таъмини бехатарии биологӣ, ташкил намудани назорати эпидемиологӣ ва ташхиси лаборатории бемориҳои сироятии мубрам, барои мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ташкилотҳои пешбари илмӣ-тадқиқотии Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсон (Федератсияи Россия);

-ҷамъоварии намунаи маводи клиникӣ ва зоологӣ барои тадқиқотҳои минбаъдаи муштарак;

-ташкили тадқиқоти муштараки штаммҳои барангезандаҳои бемориҳои сироятии мубрам бо истифодаи усули секвинатсияи ҷузъӣ ва пурраи он, инчунин бо усулҳои дигари замонавӣ.

Моддаи 3

Ҳаҷм ва тартиби расонидани кумаки моддию техникӣ дар самтҳои дар моддаҳои 1 ва 2-и Созишномаи мазкур дарҷшуда бо созишномаҳо ва шартномаҳои алоҳидае, ки мақомоти ваколатдори Тарафҳо мебанданд, муайян карда мешаванд, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои Созишномаи мазкур Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсон (Федератсияи Россия) мебошанд.

Моддаи 4

Ҳамаи хароҷоти вобаста ба иҷрои Созишномаи мазкур, аз ҷумла сафарҳои кории намояндагони Тарафҳо ва зисти онҳо дар ҳудуди давлати қабулкунанда, дар ҳолати мавҷуд набудани мувофиқаи дигар, аз ҷониби Тарафҳо мустақилона пардохт карда мешавад.

Моддаи 5

Масъалаҳои баҳсталаби марбут ба истифода ё шарҳи Созишномаи мазкур бо роҳи машварат ва гуфтушуниди байни мақомоти ваколатдори Тарафҳо, ки дар моддаи 3 Созишнома зикр гардидаанд, ҳал карда мешаванд.

Моддаи 6

Бо розигии Тарафҳо ба Созишномаи мазкур метавонанд тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд, ки бо протоколҳои алоҳида ба расмият дароварда мешаванд.

Моддаи 7

Созишномаи мазкур аз рӯзи гирифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ дар бораи аз ҷониби Тарафҳо иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани он заруранд, эътибор пайдо мекунад ва дар давоми муҳлати номаҳдуд амал мекунад.

Ҳар яке аз Тарафҳо метавонад бо роҳи на камтар аз шаш моҳ пеш аз санаи пешбинишудаи қатъи амали Созишномаи мазкур тавассути роҳҳои дипломатӣ ирсол намудани огоҳиномаи хаттӣ ба Тарафи дигар амали Созишномаи мазкурро қатъ намояд.

Қатъи амали Созишномаи мазкур ба иҷрои уҳдадориҳое, ки дар давраи амали Созишномаи мазкур ба миён омада, то лаҳзаи қатъи он ба анҷом нарасидаанд, таъсир намерасонад.

Дар шаҳри Душанбе 3 марти соли 2023 дар ду нусхаи асл бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба имзо разонида шуд, зимнан ҳар ду матн эътибори якхела доранд.


Аз ҷониби Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон


                   


Аз ҷониби Ҳукумати

Федератсияи Россия


                    




Утвержден
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 22 ноября 2025 года №626

Соглашение между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Российской Федерации о сотрудничестве в области обеспечения санитарно- эпидемиологического благополучия населения

Правительство Республики Таджикистан и Правительство Российской Федерации, именуемые в дальнейшем Сторонами,

действуя в духе взаимовыгодного сотрудничества,

признавая важность сотрудничества в области обеспечения эпидемиологического благополучия по особо опасным инфекциям и другим природно-очаговым и зоонозным инфекционным болезням, предотвращения возникновения заболеваний людей и их трансграничного распространения в условиях растущих интеграционных процессов и развития регионального сотрудничества,

следуя стратегии Всемирной организации здравоохранения по реализации Международных медико-санитарных правил (ММСП-2005 г.), принципам активного наращивания усилий по укреплению сотрудничества в области обеспечения санитарно-эпидемиологического благополучия населения,

согласились о нижеследующем:

Статья 1

Стороны развивают научно-техническое сотрудничество в области реализации ММСП 2005, мониторинга и реагирования на чрезвычайные ситуации санитарно-эпидемиологического характера, обеспечения эпидемиологического благополучия по особо опасным инфекциям и другим природно-очаговым и зоонозным инфекционным болезням, элиминации кори и краснухи, профилактики ВИЧ/СПИД в соответствии с законодательством государств Сторон и международными договорами, участниками которых являются государства Сторон.

Статья 2

Стороны оказывают друг другу организационно-методическую поддержку в осуществлении совместпых мероприятий по следующим направлениям:

- создание на функциональной основе совместного российско-таджикского научно-исследовательского центра эпидемиологии и профилактики инфекционных болезней;

- осуществление научного сотрудничества, проведение совместных научно-исследовательских работ, публикация совместных научных статей, подготовка совместных коллективных монографий;

- организация совместной экспедиционной работы по изучению распространения возбудителей особо опасных инфекций и других природно- очаговых и зоонозных инфекционных болезней на территории Республики Таджикистан;

- выработка единообразных методических подходов в области эпидемиологического надзора за особо опасными, природно-очаговыми, зоонозными инфекционными болезнями, а также за корью, краснухой, ВИЧ/СПИД;

- развитие и укрепление единообразной системы мониторинга и реагирования на чрезвычайные ситуации в области общественного здравоохранения санитарно-эпидемиологического характера на пространстве Содружества Независимых Государств;

- внедрение на территории Республики Таджикистан географических информационных технологий (ГИТ) для надзора за актуальными для Республики Таджикистан инфекционными болезнями;

- внедрение единообразных алгоритмов и методических подходов при реагировании на чрезвычайные ситуации в области общественного здравоохранения санитарно-эпидемиологического характера, проведение совместных учений;

- внедрение единообразных алгоритмов и методических подходов в области обеспечения биологической безопасности;

- проведение совместных научно-практических конференций по актуальным вопросам в области обеспечения санитарно-эпидемиологического благополучия;

- проведение курсов повышения квалификации и семинаров по вопросам санитарной охраны территорий, обеспечения биологической безопасности, организации эпидемиологического надзора и лабораторной диагностики актуальных инфекционных болезней для специалистов Республики Таджикистан на базе ведущих научно-исследовательских организаций Федеральной службы по надзору в сфере защиты прав потребителей и благополучия человека (Российская Федерация) ;

- сбор проб клинического и зоологического материала для дальнейшего совместного исследования;

- организация совместного исследования штаммов возбудителей актуальных инфекционных болезней с использованием фрагментарного и полногеномного секвенирования, а также других современных методов.

Статья 3

Объем и порядок оказания материально-технической помощи по направлениям указанным в статьях 1 и 2 настоящего Соглашения определяется отдельными соглашениями и договорами, заключаемыми уполномоченными органами Сторон, которыми для достижения целей настоящего Соглашения являются Федеральная служба по надзору в сфере защиты прав потребителей и благополучия человека (Российская Федерация) и Министерство здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан.

Статья 4

Все расходы, связанные с исполнением настоящего Соглашения, в том числе на командирование представителей Сторон и их проживание на территории принимающего государства, при отсутствии договоренности об ином, Стороны несут самостоятельно.

Статья 5

Спорные вопросы, связанные с применением или толкованием настоящего Соглашения, разрешаются путем консультаций и переговоров между уполномоченными органами Сторон, указанными в статье 3 настоящего Соглашения.

Статья 6

По согласию Сторон в настоящее Соглашение могут быть внесены изменения и дополнения, которые оформляются отдельными протоколами.

Статья 7

Настоящее Соглашение вступает в силу с даты получения последнего письменного уведомления о выполнении Сторонами внутригосударственных процедур, необходимых для его вступления в силу, и действует в течении неограниченного срока.

Каждая из Сторон может прекратить действие настоящего Соглашения путем направления другой Стороне по дипломатическим каналам письменное уведомления об этом не менее чем за шесть месяцев до предполагаемой даты прекращения действия настоящего Соглашения.

Прекращение действия настоящего Соглашения не затрагивает выполнения обязательств, возникших в период действия настоящего Соглашения и не завершенных к моменту прекращения его действия.

Совершено в городе Душанбе 3 марта 2023 года в двух экземплярах, каждый на таджикском и русском языках, причем оба текста имеют одинаковую силу.


За Правительство

Республики Таджикистан

За Правительство

Российской Федерации