Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
4 августи соли 2025, №1353 ба қайди давлатӣ
гирифта шудааст
Замима
ба фармоиши сардори
Хадамоти назорати давлатии
бехатарии корҳо дар саноат
ва соҳаи кӯҳкории назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 июли соли 2025,
№ 43 Тартиби дароз намудани муҳлати бехатар истифодабарии механизмҳои техникӣ, таҷҳизот дар иншооти истеҳсолии хатарнок
1. Тартиби дароз намудани муҳлати бехатар истифодабарии механизмҳои техникӣ, таҷҳизот дар иншооти истеҳсолии хатарнок (минбаъд - Тартиб) талаботро барои дароз намудани муҳлати бехатар истифодабарии механизмҳои техникӣ, таҷҳизот дар иншооти истеҳсолии хатарнок, ки барои онҳо захира ё муҳлати истифодабарии таъиншуда бо ҳуҷҷатҳои техникӣ пешбинӣ шудааст ё аз ҷониби ташкилоти экспертӣ муайян карда шудааст, муқаррар менамояд.
2. Тартиб барои ташкилот ва соҳибкорони инфиродӣ, ки иншооти истеҳсолии хатарнокро (минбаъд - ташкилоти истифодабаранда) истифода мебаранд ё тибқи иҷозатномаи фаъолият оид ба гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатиро (минбаъд - ташкилоти экспертӣ) амалӣ менамоян, ҳатмист.
3. Пас аз ба охир расидан муҳлати истифодаи дар регламентҳои техникӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, лоиҳавӣ, стандартҳо ва қоидаҳои бехатарӣ муқарраршуда истифодаи минбаъдаи механизмҳои техникӣ, таҷҳизот дар иншооти истеҳсолии хатарнок бидуни дароз намудани муҳлати истифодаи он иҷозат дода намешавад. Агар дар ҳуҷҷатҳо муҳлати истифодаи механизмҳои техникӣ, таҷҳизот дар иншооти истеҳсолии хатарноки ташхисшаванда мавҷуд набошад, пас муҳлати истифодаи механизмҳои техникӣ, таҷҳизот дар иншооти истеҳсолии хатарноки ҳаммонанд қабул карда мешавад. Дар сурати мавҷуд набудани маълумот дар бораи муҳлатҳои меъёрии истифодабарӣ, муҳлатҳои истифодабарӣ пас аз асосҳои дахлдори мувофиқашудаи аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Хадамот) бо дар назар доштани натиҷаҳои таҳлили ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва шароити истифодаи механизмҳои техникӣ, таҷҳизот дар иншооти истеҳсолии хатарнок муқаррар карда мешаванд.
4. Корҳо оид ба муайян кардани имконияти дароз намудани муҳлати истифодаи бехатари механизмҳои техникӣ, таҷҳизот дар иншооти истеҳсолии хатарнок аз ҷониби ташкилоти экспертӣ дар асоси шартнома бо ташкилот бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Тартиб бо дар назар доштани хусусиятҳои сохтор ва шароити истифодаи намудҳои мушаххаси дастгоҳҳои техникӣ, таҷҳизот ва иншоот амалӣ карда мешаванд.
...