Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри соли 2025, № 599 "Дар бораи Барномаи рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2029"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2029

Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2029 ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2029 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ амалигардонии Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои онро дар доираи маблағҳои ҳамасола дар буҷети давлатӣ барои ташкилоту муассисаҳо пешбинишаванда, инчунин маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ намоянд.

3. Вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ амалигардонии Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои онро таъмин намуда, аз натиҷааш ҳар сол то 15 январ ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

4. Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалигардонии Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои онро таъмин намуда, ҳамасола то 1 феврал аз натиҷааш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 11 ноябри соли 2025, № 599


Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Программе развития начального и среднего профессионального образования Республики Таджикистан на 2026-2029 годы

В соответствии со статьями 4 и 12 Закона Республики Таджикистан «О стратегическом планировании и государственном прогнозировании» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1.Утвердить Программу развития начального и среднего профессионального образования Республики Таджикистан на 2026-2029 годы и План мероприятий по реализации Программы развития начального и среднего профессионального образования Республики Таджикистан на 2026-2029 годы (приложения 1 и 2).

2.Комитету по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан, соответствующим министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти, учреждениям начального и среднего профессионального образования обеспечить реализацию настоящей Программы и её Плана мероприятий в рамках средств, ежегодно предусматриваемых в государственном бюджете для организаций и учреждений, а также иных средств, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан.

3.Соответствующим министерствам и ведомствам, учреждениям начального и среднего профессионального образования обеспечить реализацию настоящей Программы и её Плана мероприятий и по результатам ежегодно до 15 января представлять информацию Комитету по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан.

4.Комитету по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан обеспечить реализацию настоящей Программы и её Плана мероприятий и по результатам ежегодно до 1 февраля предоставлять Правительству Республики Таджикистан информацию.

Председатель
Правительство Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 11 ноября 2025 года №599