ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №413
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, № 413 «Дар бораи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардидааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
1) сархати понздаҳуми банди 5 хориҷ карда шавад;
2) дар банди 6:
- зербанди 12) хориҷ карда шавад;
- зербандҳои 13) ва 14) мувофиқан зербандҳои 12) ва 13) ҳисобида шаванд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 31 октябри соли 2025, № 563
...