ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи ҷумҳуриявӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғара»
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи ҷумҳуриявӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғара» таъсис дода шавад.
2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии Муассисаи мазкурро ҳал намояд.
3. Ба Номгӯи ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 «Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, сархати ҳаштоду панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
« - Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи ҷумҳуриявӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғара»;».
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 31 октябри соли 2025, № 556
...