ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби содакунии расмиёт ҳангоми интиқоли ҳавоӣ
Мутобиқи қисми 2 моддаи 66 Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби содакунии расмиёт ҳангоми интиқоли ҳавоӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои Тартиби мазкур чораҳои дахлдор андешад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 31 октябри соли 2025, № 554
...