Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2025, № 2198 «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ»

Санаи амалкуни: 06.10.2025

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ»

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 июни соли 2025, № 134

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2025, № 71

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» аз 16 апрели соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №4, мод. 276; с. 2021, №1-2, мод. 16; с. 2022, №6, мод. 352) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«3. Муассисаҳои таълимӣ ба хатмкунандагони курсҳои бозомўзӣ диплом ва ба хатмкунандагони дигар шаҳодатнома медиҳанд.»;

- дар қисми 4 калимаҳои «Шаҳодатнома (сертификат)-ҳо» ба калимаҳои «Диплом ва шаҳодатномаҳо» иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 1 октябри соли 2025, № 2198