ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 7 майи соли 2025,
№ 102қабул карда шудааст
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 октябри соли 2025, № 69 ҷонибдорӣ шудааст
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» аз 18 марти соли 2015 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №3, мод. 218; с. 2018, №1, мод. 21; с. 2020, №12, мод. 914; с. 2024, №1-2, мод. 19; с. 2025, №1, мод. 14) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 5 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- тасдиқи қоидаҳои ҳифзи кӯдак аз иттилооти ба саломатӣ ё инкишофи ӯ зараровар;».
2. Моддаи 291 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 291. Ҳифзи кӯдак аз иттилооти ба саломатӣ ё инкишофи ӯ зараровар
1. Ҳифзи кӯдак аз иттилооте, ки ба саломатӣ ё инкишофи ӯ зарар мерасонанд, аз ҷумла маълумоти зараровари дар маҳсулоти иттилоотӣ мавҷудбуда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Ба иттилооти ба саломатӣ ё инкишофи кӯдак зараровар маҳсулоти иттилоотие дохил мешаванд, ки паҳн кардани онҳо дар байни кӯдакони синну соли муайян бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ё манъ мебошад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 октябри соли 2025, № 2196