ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Негараи Малайзия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти кашшофии молиявии марбут ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ҷиноятҳои асосии алоқаманд ба он ва маблағгузории терроризм
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Негараи Малайзия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти кашшофии молиявии марбут ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ҷиноятҳои асосии алоқаманд ба он ва маблағгузории терроризм маъқул дониста шавад.
2. Директори Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми мазкурро ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳуми мазкурро бо ҷониби Малайзия мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 сентябри соли 2025, № 493
ЛОИҲА
ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БАЙНИ ДЕПАРТАМЕНТИ МОНИТОРИНГИ МОЛИЯВИИ НАЗДИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА БОНКИ НЕГАРАИ МАЛАЙЗИЯ ОИД БА ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ МУБОДИЛАИ ИТТИЛООТИ КАШШОФИИ МОЛИЯВИИ МАРБУТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, ҶИНОЯТҲОИ АСОСИИ АЛОҚАМАНД БА ОН ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ
Ёддошти тафоҳуми мазкур байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Негараи Малайзия, ки ниҳоди корпоративӣ буда тибқи Санади Бонки марказии Малайзия аз соли 2009 фаъолият мекунад ва бинои асосии он дар Ҷалан Дато Онн, 50480, Куала-Лумпур ҷойгир аст, дар доираи Санади Малайзия аз соли 2001 оид ба муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва даромадҳои аз фаъолиятҳои ғайриқонунӣ бадастомада, чун мақоми салоҳиятдор таъин шудааст (минбаъд дар алоҳидагӣ «Тараф» ва якҷоя «Тарафҳо» номида мешаванд) баста шудааст.
Тарафҳо ният доранд, ки Ёддошти тафоҳуми мазкур оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи табодули иттилооти молиявии марбут ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ҷиноятҳои асосӣ (предикатӣ)-и ба он алоқаманд ва маблағгузории терроризмро ба имзо расонанд. Дар рӯҳияи ҳамкорӣ ва бо дар назар доштани манфиатҳои мутақобил, мувофиқи қонунгузории миллии ҳар як Тараф мехоҳанд ба табодули иттилоот ва таҳлили ҳолатҳои гумонбарӣ дар қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ҷиноятҳои асосӣ (предикатӣ)-и ба он алоқаманд ва маблағгузории терроризм ва шахсони бо онҳо алоқаманд, ки дар ниҳоят метавонад боиси тафтишот ва таъқиби мақомоти ваколатдори давлати онҳо гардад, мусоидат намоянд.
Мутобиқи қонунгузории миллӣ дар давлатҳои худ Тарафҳо дар ин хусус ба мувофиқа расиданд:
Моддаи 1. Принсипи роҳнамо
Тарафҳо дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ муқаррароти Ёддошти тафоҳуми мазкурро мутобиқи қонунгузории миллии давлатҳои худ ва созишномаҳои байналмилалие, ки давлатҳояшон иштирокдори онҳо мебошанд, амалӣ хоҳанд кард.
Моддаи 2. Мақсад
1. Тарафҳо дар ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили иттилооти марбут ба аҳдҳои молиявии алоқаманд ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ҷиноятҳои асосии алоқаманд ба он ва маблағгузории терроризм, инчунин шахсони бо онҳо алоқаманд ҳамкорӣ хоҳанд кард. Бо ин мақсад Тарафҳо тибқи дархост дар шакли хаттӣ барои пешниҳод намудани иттилооте, ки ба Тарафҳо хабар дода мешавад ё ифшо карда мешавад ва дар доираи Ёддошти тафоҳуми мазкур зарур аст, ҳамкорӣ хоҳанд кард.
2. То андозае, ки қонунгузории миллии давлатҳои Тарафҳо иҷозат медиҳад ва дар сурати мавҷуд будани асосҳои оқилонаи шубҳанокӣ, ки маълумот ё ҳуҷҷатҳо метавонанд барои тафтиши қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ҷиноятҳои асосии алоқаманд ба он ва маблағгузории терроризм мувофиқ бошанд, ҳар як Тараф метавонад ба таври якҷониба чунин маълумотро ба Тарафи дигар пешниҳод намояд. Ҳангоми ифшои якҷониба Тараф дигар Тарафро дар бораи мақсадҳои ифшои якҷониба ва истифодаи маълумоти ифшошуда огоҳ мекунад.
3. Ҳамкорӣ ва табодули иттилоот байни Тарафҳо мутобиқи қонунгузории миллии давлатҳои онҳо сурат мегирад.
4. Тарафе, ки дар доираи ин Ёддошти тафоҳум барои маълумот дархост пешниҳод мекунад, «Тарафи дархосткунанда» ва Тарафе, ки дар доираи ин Ёддошти тафоҳум барои маълумот дархост карда мешавад, «Тарафи дархостшуда» номида мешавад.
Моддаи 3. Дархост барои маълумот
1. Бо дар назар доштани қонунгузории миллии давлати худ Тарафи дархосткунанда ба Тарафи дархостшуда ба таври хаттӣ дархост пешниҳод мекунад, ки ҳадди ақал тафсилоти зеринро дар бар мегирад:
a) баёноти мухтасари далелҳои дахлдор, ки ба Тарафи дархосткунанда маълуманд;
б) ҳама гуна маълумоти дастрас оид ба ҷиноятҳои гумонбаршуда, айбдорсозӣ, агар мавҷуд бошанд;
в) сабаби дархост ва мақсади истифодаи маълумот ё ҳуҷҷатҳо;
г) маълумот дар бораи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё мақомоти дигаре, ки ба онҳо барои маълумот ё ҳуҷҷатҳо дастрасӣ дода мешавад ва сабабҳои пешниҳоди маълумот ё ҳуҷҷатҳо;
ғ) маълумоти кофӣ ба Тарафи дархостшуда барои муайян кардани он, ки оё дархост ба қонунгузории миллии давлати он мувофиқат мекунад; ва
д) ҳама гуна маълумоти дигар барои иҷрои он.
2. Агар иттилооти дархостшуда ба манбаъҳои беруна тааллуқ дошта бошад, Тарафҳо шартҳои имконпазирро оид ба зарурати ифшои унсурҳои дархостҳо барои анҷом додани пурсишҳои зарурӣ ба манбаъҳои беруна ба таври мутақобил ҳал мекунанд.
3. Ёддошти тафоҳуми мазкур ба зиммаи як Тараф уҳдадориҳои ҳуқуқӣ намегузорад, ки ягон маълумотро ба Тарафи дигар пешниҳод кунад. Бо вуҷуди ин, агар чунин маълумот мутобиқи Ёддошти тафоҳуми мазкур пешниҳод карда шавад, уҳдадориҳо оид ба истифода, ифшо ва махфият, ки дар Ёддошти тафоҳуми мазкур пешбинӣ шудаанд, татбиқ мегарданд.
Моддаи 4. Расмиёт
Тарафи дархостшуда гирифтани дархостро эътироф мекунад ва ба он сари вақт ҷавоб медиҳад. Тарафи дархостшуда дар бораи ҳар гуна таъхир ба Тарафи дархосткунанда хабар дода, минбаъд дар сурати ба таъхир афтодани пешниҳод шудани ҷавобҳои миёндаврӣ ва ҷузъӣ тамоми кӯшиши худро равона хоҳад кард.
Моддаи 5. Истифодаи иттилоот
1. Тарафи дархосткунанда маълумот ё ҳуҷҷатҳоеро, ки аз Тарафи дархостшуда мутобиқи Ёддошти тафоҳуми мазкур гирифта шудааст ё дар дархост зикр шудааст, танҳо барои мақсадҳои кашшофӣ истифода мебарад ва ин маълумот ё ҳуҷҷатҳоро дар ҳама гуна мурофиа, аз ҷумла мурофиаи иқтисодӣ, оилавӣ, маданӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ ҳамчун далел истифода намебарад.
2. Тарафи дархосткунанда маълумот ё ҳуҷҷатҳои аз Тарафи дархостшуда гирифташударо бе розигии пешакии хаттии Тарафи дархостшуда ба мақомоти дигар ё ягон тарафи дигар ифшо ё паҳн намекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар дархост зикр гардидаанд.
3. Ҳар як Тараф дар бораи ҳама гуна маълумоте, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё мақомоти ҳангоми дархости иттилоот муайяншуда пешниҳод мекунад, қаблан огоҳинома ирсол мекунад. Огоҳиномаҳо барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё мақомоти дар бораи огоҳӣ муайяншуда кифоя хоҳанд буд, ки маълумоти муштарак ба ягон тарафи дигар ифшо нашавад, агар барои ин розигии пешакии Тарафи дархостшуда гирифта нашуда бошад ва маълумот ё ҳуҷҷатҳо дар ягон мурофиа, аз ҷумла мурофиаи иқтисодӣ, оилавӣ, маданӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ ҳамчун далел истифода нагардад.
4. Агар барои ифшои минбаъда розигии хаттии пешакӣ дода нашавад, Тарафҳо метавонанд роҳҳои алтернативиро (масалан, тавассути каналҳои кумаки ҳуқуқии мутақобила) ба кор баранд, то бовар ҳосил кунанд, ки иттилооти мубодилашуда метавонад аз ҷониби дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идораҳо ё ягон тарафи дигар истифода бурда шавад.
5. Дар ҳама гуна ҳолат, агар ба Тарафи дархосткунанда маълум гардад, ки суд метавонад дар бораи ифшои маълумот ё ҳуҷҷатҳои аз Тарафи дархостшуда гирифташуда таъинот диҳад, Тарафи дархосткунанда:
а) агар вақт имкон диҳад, ба Тарафи дархостшуда дар бораи имкони содир кардани таъинот барои ифшо хабар медиҳад;
б) барои нишон додани он, ки таъинот хилофи уҳдадории махфият мутобиқи Ёддошти тафоҳуми мазкур мебошад, кӯшиш менамояд;
в) маҳдудиятҳо ё назорати мувофиқро таъмин менамояд, агар эҳтимол бошад, ки суд ифшои маълумот ё ҳуҷҷатҳои мутобиқи Ёддошти тафоҳуми мазкур таҳияшударо иҷозат диҳад; ва
г) ба Тарафи дархостшуда ҳарчи зудтар пас аз қабули таъиноти судӣ дар бораи он, ки оё суд барои ифшои маълумот ё ҳуҷҷатҳо таъинот додааст ва шартҳои ҳамин гуна таъинотро хабар медиҳад.
6. Истифода ё ифшои маълумот ё ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби Тарафи дархосткунанда бар хилофи Ёддошти тафоҳуми мазкур ба даст оварда шудаанд, метавонад боиси маҳдуд шудани ифшои иттилоот ё ҳуҷҷатҳои минбаъда ё қатъ гардидани амали Ёддошти тафоҳуми мазкур гардад.
Моддаи 6. Махфият
1. Тарафҳо назорат ва кафолатҳои қатъиро барои таъмини махфияти ҳамаи маълумоти дар асоси Ёддошти тафоҳуми мазкур ифшошуда татбиқ мекунанд ва барои ҳифзи ин маълумот аз ҳама гуна ифшои беиҷозат ва корбурди махфиёнаи он чораҳои дахлдор меандешанд.
2. Тарафи дархосткунанда маълумоти дар асоси Ёддошти тафоҳуми мазкур бадастовардаро бо шарти махфӣ нигоҳ медорад, ки сирри хизматӣ аст ва махфият бо ҳамон дараҷаи махфияте, ки қонунгузории миллии давлати Тарафи дархосткунанда барои иттилооти аз манбаъҳои миллӣ гирифташуда пешбинӣ кардааст, муҳофизат карда мешавад.
3. Муқаррароти моддаи мазкур оид ба махфият байни Тарафҳо сарфи назар аз қатъ шудани ин Ёддошти тафоҳум ҳатмӣ боқӣ мемонад.
Моддаи 7. Муошират
1. Муошират тавассути низоми бехатарии Эгмонт (Платформаи Гурӯҳи Эгмонт барои табодули бехатари иттилооти кашшофии молиявӣ байни воҳидҳои кашшофии молиявӣ) ё дигар воситаҳои бехатар бо мувофиқаи Тарафҳо сурат мегирад.
2. Муоширати байни Тарафҳо бо забони англисӣ сурат мегирад.
Моддаи 8. Маҳдудиятҳо
1. Тарафи дархостшуда уҳдадор нест, ки маълумот ё ҳуҷҷатҳоро ба Тарафи дархосткунанда пешниҳод намояд, агар Тарафи дархостшуда муайян кунад, ки:
а) кумаки дархостшуда хилофи қонунгузории миллии давлати он ва созишномаҳои байналмилалӣ бошад;
б) ифшои маълумот ё ҳуҷҷатҳои дархостшуда метавонад ба тафтишот ё мурофиаи судӣ дар давлати Тарафи дархостшаванда беасос зарар расонад;
в) ҳар гуна мурофиа, аз ҷумла мурофиаҳои иқтисодӣ, оилавӣ, маданӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар давлати Тарафи дархостшуда оид ба ҳамон далелҳое, ки дархост ба он марбут аст, оғоз карда шуда бошад;
г) пешниҳоди чунин маълумот ё ҳуҷҷатҳо эҳтимолан ба соҳибихтиёрӣ, амнияти миллӣ, манфиатҳои миллӣ ё дигар манфиатҳои муҳими Тарафе, ки дархост карда мешавад, зарар расонад; ё
ғ) Тарафи дархостшуда дар ҳама ҳолатҳои парванда ба мувофиқ будани ифшои маълумот ё ҳуҷҷатҳои дархостшуда қаноатманд нест.
2. Дар сурати мавҷуд будани маҳдудиятҳои дар боло зикршуда, Тарафи дархостшуда ба Тарафи дархосткунанда сабаби рад кардани мубодилаи иттилоотро нишон медиҳад.
Моддаи 9. Сабти аудит
Тарафҳо кафолат медиҳанд, ки сабти аудити самарбахшро нисбат ба маълумот ё ҳуҷҷатҳои тибқи шартҳои Ёддошти тафоҳуми мазкур табодулшуда таъмин намоянд.
Моддаи 10. Тағйиру иловаҳо
1. Бо мувофиқаи хаттии тарафҳо имкон дорад ба Ёддошти тафоҳуми мазкур тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.
2. Тағйирот ё иловаҳои мувофиқакардаи Тарафҳо дар шакли хаттӣ ба расмият дароварда мешаванд ва қисми Ёддошти тафоҳуми мазкурро ташкил медиҳанд.
3. Чунин тағйирот ё иловаҳо дар санае, ки Тарафҳо муайян мекунанд, эътибор пайдо мекунанд.
4. Ҳама гуна тағйирот ё иловаҳо ба ҳуқуқу уҳдадориҳое, ки аз Ёддошти тафоҳуми мазкур ё дар асоси он то санаи ворид намудани тағйирот ё иловаҳо бармеоянд, зарар намерасонад.
Моддаи 11. Ҳалли баҳсҳо
Ҳама гуна ихтилофот ё баҳсҳо байни Тарафҳо, ки ҳангоми амалисозӣ, шарҳу маънидод ё корбурди Ёддошти тафоҳуми мазкур ба миён меоянд, бо роҳи маслиҳату машварат, музокироти тарафайн ва/ё гуфтушунид бидуни муроҷиат ба тарафи сеюм ё трибунали байналмилалӣ ҳаллу фасл карда мешаванд.
Моддаи 12. Алоқа
Тибқи дархост Тарафҳо сари вақт оид ба истифода ва фоиданок будани маълумот ё ҳуҷҷатҳои мутобиқи Ёддошти тафоҳуми мазкур бадастомада ва дар ҳолати зарурӣ дар бораи натиҷаи ҳама гуна таҳлиле, ки дар асоси ин маълумот ё ҳуҷҷатҳо гузаронида шудааст, фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод мекунанд.
Моддаи 13. Эътибор пайдо кардан ва қатъ гаштан
1. Ёддошти тафоҳуми мазкур аз лаҳзае, ки онро Тарафҳо имзо мекунанд ва агар он аз ҷониби Тарафҳои дахлдор дар санаҳои гуногун имзо шуда бошад, дар рӯзи имзои Тарафи имзокардаи охирон эътибор пайдо мекунад ва то замоне, ки амалаш қатъ нагардад, эътибор дорад.
2. Амали Ёддошти тафоҳуми мазкур метавонад ҳар вақт қатъ карда шавад. Баъд аз 3 (се) моҳ пас аз санаи гирифтани огоҳномаи хаттии яке аз Тарафҳо оид ба тасмими хотима додани амали Ёддошти тафоҳуми мазкур, бо кадом сабабе набошад, эътибори он қатъ мегардад. Дар ҳолати қатъ гардидан Тараф бояд ҳамаи он уҳдадориҳоеро, ки дар Ёддошти тафоҳуми мазкур дарҷ гардидаанд, иҷро намояд.
3. Барои тасдиқи гуфтаҳои боло ин Ёддошти тафоҳум дар _______ (макони имзо), ________ (санаи имзо) аз ҷониби намояндагони ваколатдори Тарафҳо дар ду нусхаи асл бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ба имзо расонида шуд, зимнан ҳамаи матнҳо эътибори якхела доранд. Дар сурати ба миён омадани ихтилофот дар тафсири Ёддошти тафоҳуми мазкур, матни ба забони англисӣ афзалият хоҳад дошт.
Аз ҷониби Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ________________________________
| Аз ҷониби Бонки Негараи Малайзия
_______________________________
|