Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2025, № 516 "Дар бораи Стратегияи рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Стратегияи рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040


Мутобиқи моддаҳои 4 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Стратегияи рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Стратегияи рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 дар солҳои 2026-2030 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи маблағҳои пешбинигардидаи буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалигардонии Стратегияи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои онро таъмин карда, ҳар сол то 1 феврал ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

3. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи амалигардонии Стратегияи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои он ҳар сол то 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 30 сентябри соли 2025, № 516


Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Стратегии развития ремесел и современных профессиональных навыков в Республике Таджикистан на период до 2040 года

В соответствии со статьями 4 и 12 Закона Республики Таджикистан «О стратегическом планировании и государственном прогнозировании» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Стратегию развития ремесел и современных  профессиональных навыков в Республике Таджикистан на период до 2040 года и План мероприятий по реализации Стратегии развития ремесел и современных  профессиональных навыков в Республике Таджикистан на период до 2040 года на 2026-2030 годы (приложения 1 и 2).

2. Соответствующим министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти в рамках предусмотренных средств государственного бюджета и других источников, не запрещённых законодательством Республики Таджикистан, обеспечить реализацию настоящей Стратегии и её Плана мероприятий и ежегодно до 1 февраля представлять информацию в Министерство труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан.

3. Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан по результатам реализации настоящей Стратегии и её Плана мероприятий ежегодно до 1 марта представлять информацию в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 30 сентября 2025 года №516