Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 октябри соли 2011, № 487
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 октябри соли 2011, № 487
тасдиқ шудааст
Низомномаи Фонди чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ
1. Муқаррароти умумӣ
1) Фонди чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ (минбаъд Фонд) тибқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи байторӣ" ва бо мақсади самаранок гузаронидани чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ, ҷуброни зарар дар натиҷаи мусодира ва нобуд кардани ҳайвонот ва маҳсулоти ҳайвонот, ки барои саломатии ҳайвонот ва инсон хатарнок мебошанд, таъсис дода шудааст.
2) Фонд дар назди Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомнома амал мекунад.
3) Фонди мазкур аз ҳисоби маблағҳои дар Буҷети давлатӣ барои чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ пешбинигардида, ҷалби грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ, сарчашмаҳои худӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ, оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, ташаккул меёбад.
4) Истифодаи мақсадноки Фондро Хадамоти назорати давлатии байторӣ амалӣ мекунад. Назорати истифодаи мақсадноки Фонд мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Ҳангоми зарурат ва бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои ниҳоят хавфнок, ки барои ҳайвонот ва одам умумӣ мебошанд, бояд пешниҳоду дастурҳои Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурусгии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шаванд.
5) Ташхис ва гузаронидани ҳар гуна чорабиниҳои пешгирикунанда, ки ба гурӯҳи номгӯи бемориҳои дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 182 "Дар бораи Хадамоти назорати давлатии байторӣ" нишондодашуда дохил намешаванд, аз тарафи сохторҳои Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон музднок анҷом дода шуда, маблағҳои аз ин ҳисоб бадастомада ба суратҳисоби маркази хазинадорӣ таҳвил дода мешаванд ва истифодаи минбаъдаи онҳо бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
6) Банди 5 Низомномаи мазкур бо дарназардошти сатҳи даромаднокии ҳар як хоҷагӣ, новобаста аз шакли моликияташ ва сатҳи
зиндагии шаҳрвандон амалӣ гардида, дараҷаи камбизоатии мардум ба асос гирифта мешавад.
2. Сметаи хароҷоти Фонд
...