Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2025, № 499 "Дар бораи тасдиқи Феҳрист ва таснифоти самт, равия ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Феҳрист ва таснифоти самт, равия ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ


Мутобиқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Феҳрист ва таснифоти самт, равия ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2.Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2007, № 349 «Дар бораи тасдиқи Таснифоти давлатии равияҳо ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.

3.Маблағгузории Феҳрист ва таснифоти самт, равия ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ дар доираи маблағҳои пешбинишудаи вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо амалӣ карда шавад.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 сентябри соли 2025, № 499
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 сентябри соли 2025, №499
тасдиқ шудааст

ФЕҲРИСТ ВА ТАСНИФОТИ САМТ, РАВИЯ ВА ИХТИСОСҲОИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ

Мундариҷа

1.Соҳаи истифодабарӣ . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . 3

2.Истинодҳои меъёрӣ . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . .  3

3.Муқаррарот . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . 3

4.Муқаррароти асосӣ . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . .  4

Ҷадвали 1. Соҳаҳои таҳсилот ва рамзи самтҳои ба онҳо мувофиқ . . . . . . . . . . 7

Ҷадвали 2. Рамзҳои зинаҳои таҳсилоти касбӣ . . . . . . . . . . . . . . . . . . . 7

Ҷадвали 3. Сохтори васеъшудаи Феҳрист ва таснифоти самт,

           равия ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ . . . . . . . . . . . . . . . . . 10

Ҷадвали 4. Феҳристи мураттаби ихтисосҳо ва самтҳои ихтисосҳои

           таҳсилоти касбӣ . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . .  15

Ҷадвали 4.1. Феҳристи мураттаби ихтисосҳо ва самтҳои ихтисосҳои

           таҳсилоти миёнаи касбӣ . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . 54

Ҷадвали 5. Феҳристи алифбоии ихтисосҳо ва самтҳои ихтисосҳои

           таҳсилоти касбӣ . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . .  81

Ҷадвали 5.1. Феҳристи алифбоии ихтисосҳо ва самтҳои ихтисосҳои

            таҳсилоти касбӣ . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . 124

Ҷадвали 6. Феҳристи мураттаби ихтисосҳо, самтҳои ихтисосҳо,

           тахассусҳо ва таснифоти таҳсилоти олии касбӣ . . . . . . . . . . . . . 148

Ҷадвали 6.1. Феҳристи мураттаби ихтисосҳо ва тахассусҳои зинаи

           1 -уми таҳсилоти олии касбӣ . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . .  272

Ҷадвали 6.2 Феҳристи мураттаби ихтисосҳо ва тахассусҳои зинаи 2-юми

            таҳсилоти олии касбӣ . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . .  272

Ҷадвали 7. Феҳристи мураттаби ихтисосҳо, равияҳои ихтисосҳо ва

           тахассусҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ . . . . . . . . . . . . . . . . . . 273

Ҷадвали 7.1. Феҳристи тахассусҳои универсалӣ оид ба ихтисосҳои

           таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки ба соҳаҳои I, J, К ва О

           ворид карда шудаанд . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . .  352

Ҷадвали 7.2. Феҳристи мураттаби ихтисосҳо, равияҳои ихтисосҳо ва

           тахассусҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ . . . . . . . . . . . . . . . . . 353

Ҷадвали 8. Феҳристи мураттаби ихтисосҳо ва таснифоти азнавтайёркунии

           кадрҳо дар заминаи таҳсилоти олии касбӣ . . . . . . . . . . . . . . .  359

Ҷадвали 9. Феҳристи мураттаби ихтисосҳо ва таснифоти бозомӯзӣ

           дар заминаи таҳсилоти миёнаи касбӣ . . . . . . . . . . . . . . . . . . 396

Замимаи А (ҳатмӣ). Тахассусҳои такроршаванда ва вазифаҳои ба онҳо мувофиқ . . . . 400

Ҷадвали А. 1. Номгӯйи вазифаҳо мутобиқ ба тахассусҳои таҳсилоти олии касбӣ  . . . 400

Ҷадвали А.2. Номгӯйи вазифаҳо мутобиқ ба тахассусҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ . . . 400

Замимаи А. Варақаи бақайдгирии тағйирот . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . 401


1.СОҲАИ ИСТИФОДАБАРӢ

Феҳристи мазкур барои истифодабарӣ дар ҳамаи соҳаҳои фаъолият ва дар ҳамаи зинаҳои идоракунӣ бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, инчунин бо мақсади танзими таҳсилоти иловагӣ, пешгӯиҳои иҷтимоӣ, банақшагирӣ ва танзими номгӯи ихтисосҳо, миқдори мутахассисон ва сифати тайёркунии онҳо мувофиқи талаботи ҷомеа ва бозори меҳнат пешбинӣ шудааст.

2.ИСТИНОДҲОИ МЕЪЁРӢ

Дар Феҳристи мазкур санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин иқтибос ва истифода шудаанд:

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3.МУҚАРРАРОТ

1.Дар Феҳристи мазкур истилоҳоти зерин бо таърифоти марбута истифода бурда мешавад:

вазифа - мақоми хизматии корманд, ки он аз доираи уҳдадориҳо, ҳуқуқҳои вазифавӣ ва хусусиятҳои масъулият вобаста мебошад;

квалификатсия - омодагии корманд ба фаъолияти касбӣ барои иҷро намудани корҳои муайяншуда дар доираи касб, ихтисос ва тахассус;

фаъолияти касбӣ - раванди фаъолияти бошуурона, мақсаднок ва эҷодкоронаи одамонро мегӯянд, ки онҳо дар ҷараёни арзишҳои моддӣ ва маънавӣ талаботи хешро аз ин ва ё он ҷиҳат қонеъ мегардонанд;

намуди фаъолияти касбӣ - намуди фаъолияти меҳнатӣ, ки аз рӯйи ихтисос (тахассус) ва дараҷаи ихтисос муайян карда мешавад;

касб - намуди асосии шуғл ва фаъолияти меҳнатии инсон буда, бо ҳуҷҷати марбут ба таҳсилот тасдиқ мегардад;

равия - зернизоми самти таҳсилот, ки номгӯйи он ба воситаи намудҳои фаъолияти касбии ба ҳам наздик муайян карда мешавад ва он ихтисосҳои зиёди ба ҳам наздикро аз рӯйи нишонаҳои муайяни феҳрист дар зинаи кунунии таснифотӣ муттаҳид месозад;

самти таҳсилот - зернизоми соҳаи таҳсилот, ки номгӯйи он ба воситаи намудҳои фаъолияти касбии ба ҳам наздик, муайян карда мешавад ва он дар навбати худ ихтисосҳои зиёди ҳаммонандро аз рӯйи нишонаҳои муайяни феҳрист дар зинаи кунунии таснифотӣ муттаҳид мекунад.

Эзоҳ:

-самтҳои таҳсилот, чун қоида, ихтисосҳои зиёди таҳсили асосӣ ва ҳам иловагиро муттаҳид мекунад;

-самтҳои алоҳидаи таҳсилот танҳо ихтисосҳои зиёди бозомӯзии кадрҳоро муттаҳид менамояд, агар тибқи низомномаҳои меъёрӣ ва қонунгузорӣ зарурати тайёр кардани мутахассисон бо таҳсилоти иловагӣ дар пояи таҳсилоти олӣ тасдиқ карда шавад;

ихтисос - маҷмуи дониш ва маҳорату малака, ки бо роҳи омӯзиши ҳадафнок ва таҷрибаи корӣ ҳосил шуда, барои навъи муайяни фаъолият зарур мебошанд ва бо ҳуҷҷатҳои мувофиқ дар бораи таҳсилот тасдиқ карда мешаванд;

самти ихтисос - зернизоми ихтисос ҳамчун навъи фаъолияти касбӣ дар доираи ихтисоси мушаххаси таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ё олии касбӣ;

тахассус - намуд ва дараҷаи омодагии касбии хатмкунанда барои иҷрои фаъолияти касбӣ ё давом додани таҳсил, ки дар ҳуҷҷати дорои таҳсилоти марбута инъикос мешавад.

Эзоҳ:

-тахассус барои наздик шудани таҳсилоти касбӣ аз рӯйи ихтисос вобаста ба талаботи соҳаи меҳнат ҷорӣ карда мешавад;

-тахассус аз рӯйи ҳаҷми соатҳои таълимӣ бояд аз 10-15 фоизи ҳаҷми умумии фонди вақти таълимии ихтисос зиёд набошад;

-ҷудо намудани дараҷаҳои ихтисосҳои иловагӣ ва ё тағйир додани феҳрист дар сатҳи тахассусҳо тавсия карда намешавад;

-тахассус дар низоми таҳсилоти иловагӣ (аз рӯйи ихтисосҳои бозомӯзӣ) вуҷуд надорад.

4.МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ

Феҳрист ва таснифоти самт, равия ва ихтисосҳои таҳсилоти касбӣ (ФТСРИТК) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таркиби Низоми ягонаи таснифот ва рамзгузории иттилоотӣ, техникиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешавад.

ФТСРИТК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусиятҳои хоси миллӣ дошта, бо стандарти байналмилалии таснифоти таҳсилот (СБТТ-97) алоқаманд аст.

Таъиноти ФТСРИТК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ба низом даровардани ихтисосҳо ва таснифот, робита бо вазифаҳои хизматчиён ва касбҳои коргарон, таъмини пурраи таҳсилоти касбии сезинагии асосӣ ва иловагии таҳсилоти касбӣ, гузаронидани ҳисоби оморӣ ва таҳлил дар соҳаи таҳсилоти касбӣ, банақшагирӣ ва пешбинии талабот дар тайёр кардан ва бозомӯзии мутахассисони дорои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иборат мебошад.

ФТСРИТК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли вазифаҳои зерин истифода бурда мешавад:

-ҳамоҳанг сохтани феҳристи ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва ихтисосҳои бозомӯзӣ бо самтҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар;

-таъмини мувофиқатии феҳрист ба ихтисосҳо, (самтҳои ихтисосҳо) талаботу пешниҳод дар бозори меҳнат, робитаи муттақобилаи феҳрист ва вазифаҳои аввалини хизматчиён;

-таъмини муттасилии таҳсилоти касбӣ тибқи бунёди низоми ягонаи ихтисосҳо, дар се зинаи он, дар алоқамандӣ бо низоми такмили дараҷаи ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо;

-ҳамоҳанг сохтани феҳристи мазкур бо СБТТ - 97;

-таъмини ягонагӣ ва робитаи низомҳои ахборотӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо низомҳои дигари иттилоотии техникиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ФТСРИТК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаҳои зеринро таъмин менамояд:

-зергуруҳи ихтисосҳоро дар доираи самтҳои таҳсилот (гуруҳҳои ихтисосҳо) бо СБТТ-97:

-зергуруҳи ихтисосҳо ва самтҳои ихтисосҳоро бо намудҳои (зернамудҳои) фаъолияти иқтисодӣ;

-бо ихтисосҳо ва таснифоти вазифаҳои аввалини хизматчиён;

-бо ихтисосҳо ва дараҷаҳои ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва иловагӣ.

Сохтор, рамзи ихтисос (самти ихтисос ё ихтисоси иловагӣ дар соҳаи А, тахассус) аз рӯйи ФТСРИТК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон:


Рамзгузории ихтисосҳои таҳсилоти асосӣ (таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ) ба тариқи зайл амалӣ гардонида мешавад.

Дарозии рамзи ихтисос ҳафт аломати даҳии рақамиро дар бар мегирад, масалан: 1-01 01 01 «Таҳсилоти томактабӣ».

Дарозии рамзи ихтисос бо самти ихтисос нӯҳ аломати даҳии рақамиро дар бар мегирад, масалан: 1-08 01 01-03 «Таълими касбӣ (энергетика), рамзи самт пас аз аломати дефис нишон дода мешавад.

Ба ҳамин тарз ихтисосҳо бо тахассусҳои иловагии соҳаи «А. ПЕДАГОГИКА» рамзгузорӣ карда мешаванд, масалан, 1-02 04 04-01.

Дарозии рамзи ихтисос бо тахассусҳояш инчунин нӯҳ аломати даҳии рақамиро дар бар мегирад, вале бидуни дефис пас аз аломати ҳафтум, масалан: тахассуси 1-31 03 04 01 «Таъминоти барномавии низомҳои ҳисоббарорӣ»-и ихтисоси 1-31 03 04 «Информатика».

Дарозии рамзи ихтисос бо самти ихтисосҳо ва тахассус ёздаҳ аломати даҳии рақамиро дар бар мегирад, масалан: тахассуси «Низомҳои автоматӣ ва таҷҳизоти барқии ҳавопаймоҳо» 1-37 04 02-01 01 ихтисоси 1-37 04 02 «Истифодабарии техникии таҷҳизоти авиатсионӣ (аз рӯйи самтҳо)» бо самти ихтисоси 1-37 04 02-01 «Истифодабарии техникии таҷҳизоти авиатсионӣ (таҷҳизоти обзорӣ ва светотехникӣ)

Рамзгузории ихтисосҳои таҳсилоти иловагӣ (бозомӯзӣ) ба тариқи зайл амалӣ гардонида мешавад:

Дарозии рамзи ихтисоси бозомӯзӣ дар асоси таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ ҳафт аломати даҳии рақамиро дар бар мегирад, масалан: 1-01 03 71 «Мурофиқати (мушоиати) психологию педагогии инкишофи кӯдак». Ду хусусияти фарқкунандаи рамзгузории ихтисосҳои бозомӯзӣ пешбинӣ карда мешавад:

якум - ду рақами охирини рамзи ихтисосҳои бозомӯзӣ дар асоси таҳсилоти миёна ё олии касбӣ барои ихтисосҳое, ки аз рӯйи онҳо тайёр кардани мутахассисон ҳам дар доираи таҳсилоти асосӣ ва ҳам иловагӣ амалӣ шуда метавонад, аз рақами 71 оғоз мегарданд;

дуюм - ду рақами охирини рамзи ихтисосҳои бозомӯзӣ дар асоси таҳсилоти миёна ё олии касбӣ барои ихтисосҳое, ки аз рӯйи онҳо мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тайёр кардани мутахассисон танҳо дар доираи таҳсилоти иловагӣ дар асоси таҳсилоти олӣ пешбинӣ карда мешавад, аз рақами 01 оғоз мегарданд.

Соҳаи таҳсилот бо ҳарф ишора карда шуда, ба сохтори рамзи ихтисос ворид намешавад. Рамзҳои самтҳои таҳсилоти соҳаҳои мувофиқ дар ҷадвали 1 оварда шудаанд.


Ниг. ба Замимаҳо




Правительство Республики Таджикистан

Постановление

Об утверждение Перечня и классификации направлений и специальностей профессионального образования

В соответствии со статьей 32 Закона Республики Таджикистан «Об образовании» и статьей 57 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.Утвердить Перечень и классификацию направлений и специальностей профессионального образования (прилагается).

2.Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 30 июня 2007 года, №349 «Об утверждении Государственного классификатора направлений и специальностей в Республике Таджикистан».

3.Финансирование Перечня и классификации направлений и специальностей профессионального образования осуществлять в пределах предусмотренных средств министерств, ведомств, организаций и учреждений.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 27 сентября 2025 года №499

Прилагается на тадж.яз