Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 октябри соли 2025, № 1078 "Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои корҳои дохилӣ ва муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои корҳои дохилӣ ва муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:

1.Лоиҳаи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои корҳои дохилӣ ва муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия маъқул дониста шавад.

2.Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Созишномаи мазкурро бо ҷониби Россия мувофиқа намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 8 октябри соли 2025, № 1078
Лоиҳа
Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои мақомоти салоҳиятдор оид ба масъалаҳои корҳои дохилӣ ва муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,

ба рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муқовимат ба ҷинояткории трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (минбаъд - самти фаъолияти муқарраргардида) ва дар соҳаи муҳоҷират, таъмину ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон аҳамияти муҳим дода,

дар асоси хоҳиши мутақобила барои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ин соҳаҳо,

принсип ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии ба таври умум эътирофшударо ба асос гирифта,

бо дарназардошти Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобилаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз 25 майи соли 1993, Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004,

ба мувофиқаи зерин расиданд:

Моддаи 1

Тарафи Тоҷикистон намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳудуди Федератсияи Россия бо ҷойгиршавӣ дар шаҳри Москва таъсис медиҳад. Тарафи Россия намояндагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россияро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойгиршавӣ дар шаҳри Душанбе таъсис медиҳад.

Тарафҳо якдигарро дар хусуси азнавташкилдиҳии мақомоти ваколатдори худ оид ба масъалаҳои корҳои дохилӣ ва муҳоҷират, ки дар банди якуми ҳамин модда зикр шудаанд, дар бораи тағйир додани ном ё салоҳияти онҳо тариқи роҳҳои дипломатӣ ба таври хаттӣ огоҳ мекунанд.

Моддаи 2

Намояндагиҳои дар моддаи 1 Созишномаи мазкур зикршуда (минбаъд - Намояндагиҳо) фаъолияти худро таҳти роҳбарии умумии роҳбарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои худ дар давлати иқомат анҷом медиҳанд.

Роҳбарони Намояндагиҳо ва муовинони онҳо, дигар кормандони Намояндагиҳо, аз ҷумла кормандони маъмурӣ-техникӣ, инчунин аъзои оилаҳои онҳо, ба истиснои шахсоне, ки шаҳрвандони давлати иқомат мебошанд ё дар он доимӣ истиқомат доранд, дар вазорати корҳои хориҷии давлати иқомат ба сифати аъзои категорияи дахлдори кормандони намояндагии дипломатии давлати худ дар давлати иқомат аккредитатсия мешаванд ва аз имтиёз ва масуниятҳое, ки тибқи ҳуқуқҳои байналмилалӣ барои чунин категорияҳо эътироф шудаанд, истифода мебаранд.

Биноҳои корӣ ва истиқоматӣ, молу мулк, инчунин бойгонӣ, ҳуҷҷатҳо ва мукотибаи Намояндагиҳо аз имтиёз ва масуниятҳое, ки тибқи ҳуқуқи байналмилалӣ нисбат ба биноҳо, молу мулк, бойгонӣ, ҳуҷҷатҳо ва мукотибаи намояндагиҳои дипломатӣ ва манзилҳои шахсии кормандони дипломатӣ эътироф шудаанд, истифода менамоянд.

Намояндагиҳо дар ҳудуди давлатҳои иқомати худ метавонанд ҳуқуқҳои молумулкиро ба даст оварда, амалӣ намоянд ва ухдадориҳои худро, ки барои пешбурди фаъолият заруранд, ба дӯш гиранд.

Моддаи 3

Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва намояндагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои асосии зеринро иҷро менамоянд:

дар доираи салоҳияти худ ҳамкории мақомоти корҳои дохилии давлатҳои худро дар самти фаъолияти муқарраргардида таъмин менамоянд;

ҳамкориро бо мақомоти салоҳиятдори давлати иқомат, ташкилотҳои байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии давлати иқомат тибқи шартномаҳои байналмилалие, ки Тарафҳо иштирокчӣ мебошанд ва қонунгузории давлати иқомат дар самти фаъолияти муқарраргардида ба роҳ мемонанд;

дар мубодилаи иттилоот байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, аз ҷумла оид ба қонунгузории Тарафҳо дар самти корҳои дохилӣ иштирок мекунанд;

дар доираи салоҳияти худ дар таҳия ва мувофиқасозии лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон - Россия дар самти корҳои дохилӣ иштирок мекунанд;

қабули шахсонро оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти худ амалӣ менамоянд;

ҳангоми зарурат ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони давлати худро дар давлати иқомат оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти онҳо, ҳифз менамояд.

Моддаи 4

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Намояндагии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои асосии зеринро иҷро мекунанд:

дар доираи салоҳият ҳамкории мақомоти салоҳиятдори давлатҳои худро дар соҳаи муҳоҷират таъмин менамоянд;

ҳамкориро дар самти муҳоҷират бо мақомоти салоҳиятдори давлати иқомат, ташкилоти байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҳамватанон дар давлати иқомат тибқи шартномаҳои байналмилалӣ, ки Тарафҳо иштирокчии онҳо мебошанд ва қонунгузории давлати иқоматкунанда ба роҳ мемонанд;

дар мубодилаи иттилоот байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, аз ҷумла оид ба қонунгузории Тарафҳо дар самти муҳоҷират иштирок менамоянд;

омӯзиш ва таҳлили қонунгузории давлати иқомат дар соҳаи муҳоҷират, инчунин маълумот оид ба муҳоҷирати шаҳрвандони давлати худро дар давлати иқомат тибқи қонунгузории давлати иқомат амалӣ менамояд;

дар доираи салоҳияти худ дар таҳия ва мувофиқасозии лоиҳаи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистону Россия дар самти муҳоҷират иштирок менамоянд;

қабули шаҳрвандонро оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти худ амалӣ менамоянд;

ҳангоми зарурат ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони давлати худро дар давлати иқомат оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти онҳо, ҳифз менамояд.

Моддаи 5

Воҳидҳои кории Намояндагиҳо бо мувофиқаи Тарафҳо муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 6

Таъмини хизматрасонии тиббии роҳбарони Намояндагиҳо ва муовинони онҳо, дигар кормандони Намояндагиҳо, аз ҷумла кормандони маъмурию техникӣ, инчунин аъзои оилаи онҳо ба истиснои шахсоне, ки шаҳрвандони давлати иқомат мебошанд ё дар он доимӣ истиқомат доранд, тибқи моддаи 9 Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи шартҳои ҷойгиркунӣ ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 1999 амалӣ карда мешавад.

Моддаи 7

Баҳсу ихтилофот байни Тарафҳо дар мавриди тафсир ва татбиқи муқаррароти Созишномаи мазкур тариқи машварат ва гуфтушунидҳо ҳал карда мешаванд.

Моддаи 8

Бо розигии Тарафҳо ба Созишномаи мазкур метавонанд тағйирот ворид карда шавад, ки бо протоколҳои алоҳида ба расмият дароварда мешавад.

Моддаи 9

Созишномаи мазкур аз санаи гирифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ тариқи роҳҳои дипломатӣ дар бораи аз ҷониби Тарафҳо иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ, ки барои эътибор пайдо кардани он зарур аст, эътибор пайдо мекунад.

Созишномаи мазкур ба муҳлати номуайян баста мешавад.

Амали Созишномаи мазкур пас аз гузаштани шаш моҳ аз санаи гирифтани огоҳиномаи хаттии яке аз Тарафҳо тариқи роҳҳои дипломатӣ дар бораи нияти қатъи амали он аз Тарафи дигар қатъ мегардад.

Дар ш. «____» _____________ соли 20___ дар ду нусха, ҳар кадом бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба имзо расонида шуд, зимнан ҳарду матн эътибори якхела дорад.


Аз ҷониби

Ҷумҳурии Тоҷикистон



Аз ҷониби

Федератсияи Россия





УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О проекте Соглашения между Республикой Таджикистан и Российской Федерацией о правовом статусе представительств компетентных органов по вопросам внутренних дел и миграции в Республике Таджикистан и Российской Федерации

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» постановляю:

1.Одобрить проект Соглашения между Республикой Таджикистан и Российской Федерацией о правовом статусе представительств компетентных органов по вопросам внутренних дел и миграции в Республике Таджикистан и Российской Федерации.

2.Министру внутренних дел Республики Таджикистан подписать настоящее Соглашение от имени Республики Таджикистан и при необходимости внести в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

3.Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с российской стороной дату и место подписания настоящего Соглашения.

Президент
Республики Таджикистан           Эмомали Рахмон
г. Душанбе 8 октября 2025 года №1078
Проект

Соглашение между Республикой Таджикистан и Российской Федерации о правовом статусе представительств компетентных органов по вопросам внутренних дел и миграции в Республике Таджикистан и Российской Федерации

Республика Таджикистан и Российская Федерация, далее именуемые Сторонами,

придавая важное значение развитию международного сотрудничества в сфере противодействия транснациональной преступности, незаконному обороту наркотических средств, психотропных веществ и их прекурсоров (далее - установленная сфера деятельности) и в сфере миграции, обеспечению защиты прав и свобод человека,

исходя из обоюдного желания укреплять двустороннее взаимодействие в этих сферах,

основываясь на общепризнанных принципах и нормах международного права,

принимая во внимание Договор о дружбе, сотрудничестве и взаимной помощи между Республикой Таджикистан и Российской Федерации от 25 мая 1993 года, Соглашение между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Российской Федерации о трудовой деятельности и защите прав граждан Республики Таджикистан в Российской Федерации и граждан Российской Федерации в Республике Таджикистан от 16 октября 2004 года,

согласились о нижеследующем:

Статья 1

Таджикистанская Сторона открывает на территории Российской Федерации представительство Министерства внутренних дел Республики Таджикистан и представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан с местом пребывания в городе Москве. Российская Сторона открывает на территории Республики Таджикистан представительство Министерства внутренних дел Российской Федерации с местом пребывания в городе Душанбе.

Стороны письменно уведомляют друг друга по дипломатическим каналам о реорганизации своих компетентных органов по вопросам внутренних дел и миграции, указанных в абзаце первом настоящей статьи, об изменении их наименований или компетенции.

Статья 2

Указанные в статье 1 настоящего Соглашения представительства (далее — Представительства) осуществляют свою деятельность под общим руководством глав дипломатических представительств своих государств в государстве пребывания.

Руководители Представительств и их заместители, другие сотрудники Представительств, в том числе административно-технический персонал, а также члены их семей, за исключением лиц, являющихся гражданами государства пребывания или постоянно проживающих в нем, аккредитуются при министерстве иностранных дел государства пребывания в качестве членов соответствующей категории персонала дипломатического представительства своего государства в государстве пребывания и пользуются признанными по международному праву для таких категорий персонала привилегиями и иммунитетами.

Служебные и жилые помещения, имущество, а также архивы, документы и корреспонденция Представительств пользуются привилегиями и иммунитетами, признанными по международному праву за помещениями, имуществом, архивами, документами и корреспонденцией дипломатических представительств и частных резиденций дипломатического персонала.

Представительства на территории государства их пребывания могут приобретать и осуществлять имущественные права и нести обязанности, необходимые для осуществления своей деятельности.

Статья 3

Представительство Министерства внутренних дел Республики Таджикистан в Российской Федерации и Представительство Министерства внутренних дел Российской Федерации в Республике Таджикистан выполняют следующие основные функции:

обеспечивают в пределах своей компетенции сотрудничество органов внутренних дел своих государств в установленной сфере деятельности;

взаимодействуют в установленной сфере деятельности с компетентными органами государства пребывания, международными организациями и общественными объединениями в государстве пребывания в соответствии с международными договорами, участниками которых являются Стороны, и законодательством государства пребывания;

участвуют в информационном обмене между Министерством внутренних дел Республики Таджикистан и Министерством внутренних дел Российской Федерации, в том числе о законодательстве Сторон в сфере внутренних дел;

участвуют в пределах своей компетенции в разработке и согласовании проектов таджикистанско-российских международных договоров в сфере внутренних дел;

осуществляют прием лиц по вопросам, относящимся к их компетенции;

в случае необходимости осуществляют защиту прав, свобод и законных интересов граждан своих государств в государстве пребывания по вопросам, относящимся к их компетенции.

Статья 4

Представительство Министерства труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан в Российской Федерации и Представительство Министерства внутренних дел Российской Федерации в Республике Таджикистан выполняют следующие основные функции:

обеспечивают в пределах своей компетенции сотрудничество компетентных органов своих государств в сфере миграции;

взаимодействуют в сфере миграции с компетентными органами государства пребывания, международными организациями и общественными объединениями соотечественников в государстве пребывания в соответствии с международными договорами, участниками которых являются Сторон, и законодательством государства пребывания;

участвуют в информационном обмене между Министерством труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан и Министерством внутренних дел Российской Федерации, в том числе о законодательстве Сторон в сфере миграции;

осуществляют изучение и анализ законодательства государства пребывания в сфере миграции, а также информации о миграции граждан своего государства в государстве пребывания в соответствии с законодательством государства пребывания;

участвуют в пределах своей компетенции в разработке и согласовании проектов таджикско-российских международных договоров в сфере миграции;

осуществляют прием лиц по вопросам, относящимся к их компетенции;

в случае необходимости осуществляют защиту прав, свобод и законных интересов граждан своих государств в государстве пребывания по вопросам, относящимся к их компетенции.

Статья 5

Штатная численность Представительств устанавливается по согласованию Сторон.

Статья 6

Обеспечение медицинского обслуживания руководителей Представительств и их заместителей, других сотрудников Представительств, в том числе административно-технического персонала, а также членов их семей, за исключением лиц, являющихся гражданами государства пребывания или постоянно проживающих в нем, осуществляется в соответствии со статьей 9 Соглашения между

Правительством Республики Таджикистан и Правительством Российской Федерации об условиях размещения и обслуживания дипломатических представительств и консульских учреждений Республики Таджикистан в Российской Федерации и Российской Федерации в Республике Таджикистан от 16 апреля 1999 года.

Статья 7

Споры и разногласия между Сторонами относительно толкования и применения положений настоящего Соглашения решаются путем консультаций и переговоров.

Статья 8

По согласию Сторон в настоящее Соглашение могут быть внесены изменения, которые оформляются отдельными протоколами.

Статья 9

Настоящее Соглашение вступает в силу с даты получения по дипломатическим каналам последнего письменного уведомления о выполнении Сторонами внутригосударственных процедур, необходимых для его вступления в силу.

Настоящее Соглашение заключается на неопределенный срок.

Настоящее Соглашение прекращает свое действие по истечении шести месяцев с даты получения по дипломатическим каналам одной из Сторон письменного уведомления другой Стороны о намерении прекратить его действие.

Совершено в г. ____________«___»_________20__ года в

двух экземплярах, каждый на таджикском и русском языках, причем оба текста имеют одинаковую силу.


За

Республику Таджикистан

За

Российскую Федерацию