ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2025, №250 «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Хулосаи замимагардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 сентябри соли 2025, № 485
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 сентябри соли 2025, № 485
Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2025, №250 барои додани хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст, баррасӣ карда, оид ба моддаи 1 пешниҳоди зеринро манзур менамояд:
1)дар муқаддима калимаи «июни» ба калимаи «июли» иваз карда шавад;
2)оид ба қисми 1:
- сархати якум хориҷ карда шавад, зеро дар робита ба моддаи 50 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санади меъёри ҳуқуқӣ» зарурати шарҳ додани мафҳуми «азнавтайёркунӣ» дида намешавад;
- сархати дуюм хориҷ карда шавад, зеро мафҳумҳои «брон» ва «дараҷаи тахассус» мушаххас ва фаҳмо мебошанд;
- сархатҳои сеюм ва чорум хориҷ карда шаванд, зеро мафҳумҳои амалкунанда содда ва фаҳмо буда, зарурати ворид намудани тағйирот ва илова ҷой надорад;
-сархати панҷум қобили қабул набуда, бо дар назар доштани талаботи моддаи 50 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҷдиди назар карда шавад;
- аз сархати шашум калимаҳои «ҳадди» ва «ҳади» хориҷ карда шаванд. Ҳамзамон дар робита ба тағйироти мазкур ба дигар мафҳумҳои дахлдори ҳамин Кодекс ворид намудани тағйирот ба инобат гирифта шавад;
- дар сархати ҳафтум калимаи «дараҷаи» ба калимаи «дараҷаҳои» иваз карда шавад;
- сархати ҳаштум хориҷ карда шавад, зеро зарурати он дида намешавад;
- сархати нуҳум бознигарӣ карда шавад, зеро дар матни Кодекси мазкур истилоҳи «дараҷа» дар ҳолатҳои гуногун истифода шудааст;
- сархати сию дуюм ва сию сеюми ба Қонуни мазкур иловашаванда, қисмҳои 33 ва 34 бинобар мавзуи Кодекси мазкур набудан хориҷ карда шаванд;
- сархати сию чоруми ба Қонуни мазкур иловашаванда дар таҳрири зерин ифода карда шавад;
- корпартоӣ қисман ё пурра даст кашидан аз иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ бо мақсади ҳалли баҳси меҳнатии колективӣ;»;
- сархатҳои сию ҳашт, чилу нӯҳ, панҷоҳу чор, панҷоҳу панҷуми ба Қонуни мазкур иловашаванда бинобар дар шакли коста, мураккаб ва душворфаҳм таҳия гардидан таҷдид карда шаванд;
- сархатҳои панҷоҳу ҳашт ва панҷоҳу нуҳуми ба Қонуни мазкур иловашаванда хориҷ карда шаванд, зеро мафҳумҳои «тайёркунии касбӣ» ва «такмили ихтисос» дар сархатҳои панҷоҳу ҳашт ва панҷоҳу нуҳи моддаи 2 Кодекси мазкур дуруст шарҳ дода шуда, зарурати тағйир додани онҳо дида намешавад;
- сархатҳои шасту як, шасту ду, шасту се, шасту чор ва шасту панҷуми ба Кодекси мазкур иловашаванда хориҷ карда шаванд, зеро зарурати шарҳ додани мафҳумҳои пешниҳодкарда бинобар хусусияти соҳавиро доро будан ва дар қонунгузории соҳавӣ шарҳ дода шудани онҳо ҷой надорад;
3)қисми 2 бинобар номутобиқатии он ба муқаддимаи модда хориҷ карда шавад;
4)қисмҳои 3 ва 6 хориҷ карда шаванд, зеро меъёрҳои амалкунанда содда ва фаҳмо мебошанд;
5)қисми 4 хориҷ карда шавад;
6)қисми 7 дар шакли пешниҳодгардида қобили қабул набуда, асоснок карда шавад;
7)қисми 8 таҷдиди назар карда шавад, зеро истилоҳи «дафтарчаи меҳнатӣ» якум маротиба дар моддаи 26 Кодекси мазкур истифода шудааст;
8)оид ба қисми 9:
-сархати якум бинобар такроршавӣ хориҷ карда шавад;
-сархати дуюм дар шакли пешниҳодшаванда қобили қабул намебошад, зеро дар моддаҳои дахлдори Кодекси мазкур давомнокии вазъи корӣ пешбинӣ шудаанд;
9)қисми 10 хориҷ карда шавад, зеро дар қисми 14 моддаи 78 Кодекси мазкур тартиби баҳисобгирии якҷояи вақти корӣ муайян шудааст;
10) қисми 11 хориҷ карда шавад, зеро мавзуи танзими моддаи мазкур намебошад;
11) қисми 12 хориҷ карда шавад, зеро истилоҳи «такмили ихтисос» дар тамоми матн якранг истифода шудааст;
12) қисмҳои 13,14, сархати якуми қисми 28, қисми 32, сархати дуюми қисми 38 ва қисми 41 хориҷ карда шаванд, зеро матни амалкунанда содда ва фаҳмо буда, ворид намудани тағйирот ба он зарурат надорад;
13) сархати якуми қисми 15 ва қисми 10 ба моддаи 120 иловашаванда бинобар номушаххас ифода ёфтан ва ба миён овардани гуногунфаҳмӣ дар шакли пешниҳодшуда қобили қабул намебошад;
14) қисми 9 ба моддаи 120 иловашаванда хориҷ карда шавад, зеро муқаррароти онро моҳиятан қисми 7 моддаи 120 Кодекси мазкур дар бар мегирад;
15)сархати якуми қисми 16 бинобар ба миён овардани гуногунфаҳмӣ таҷдид карда шавад. Ҳамзамон мафҳуми «тасдиқкунии тахассус» кадом равандро дар бар мегирад мушаххас нест.
16) қисмҳои 3, 4 ва 5 ба моддаи 121 иловашаванда бинобар мавзуи танзими Кодекси мазкур набудан ва моҳиятан дар қисми 1 моддаи 121 Кодекси мазкур ифода ёфтани муқаррароти онҳо хориҷ карда шаванд;
17) қисми 17, сархатҳои якум ва сеюми қисми 18, қисмҳои 19, 20, сархатҳои якум, дуюм ва чоруми қисми 21 ва сархати сеюми қисми 26 дар робита бо эрод нисбат ба қисмҳои 13, 14 ва сархати якуми қисми 16 бознигарӣ карда шаванд;
18) қисми 22 хориҷ карда шавад, зеро муқаррароти муқаддимаи қисми 1 ва қисми 2 моддаи 141 содда ва равону фаҳмо буда, зарурати тағйир додани онҳо дида намешавад;
19) дар қисми 23 калимаҳои «ҳамчунин ҳар дафъа ҳангоми пардохти музди меҳнат» ба калимаҳои «ба корманд» иваз карда шаванд;
20) сархати дуюми қисми 25 хориҷ карда шавад, зеро созишнома ва шартномаҳои коллективӣ дар маҷлиси ҳамаҷонибаи коллективӣ пас аз машварат қабул мегарданд;
21) дар сархати якуми қисми 26 калимаи «мутаносибан» ба калимаи «мувофиқан» иваз карда шавад;
22)сархати дуюми қисми 28 бинобар ба миён овардани номутобиқатӣ бо қисми 2 моддаи 159 Кодекси мазкур қобили қабул намебошад;
23) қисмҳои 29 ва 40 бо муқаррароти моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сандаҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ гардонида шаванд;
24) қисмҳои 30 ва 31 бинобар пешбинӣ намудани қабули санади зерқонунӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ хориҷ карда шаванд, зеро тибқи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 «Дар бораи Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» тасдиқ гардидааст, шумораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд кам карда шаванд;
25)қисми 36 бинобар коста ва душворфаҳм будан таҷдиди назар карда шавад;
26) дар сархати якуми қисми 38 калимаи «шавад» ба калимаи «шаванд» иваз карда шавад;
27)қисми 39 хориҷ карда шавад, зеро зарурати он дида намешавад.
Ҳамзамон хатоҳои имлоӣ ва грамматикии лоиҳа ислоҳ гардида, матни забони русӣ ба матни забони тоҷикӣ мутобиқ карда шавад.
Бинобар ин, лоиҳаи мазкур дар шакли пешниҳодгардида қобили қабул набуда, мувофиқи мақсад аст, ки он бо дар назар доштани пешниҳодҳои мазкур такмил дода, тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод карда шавад.