Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
9 июли соли 2025, №1351 ба қайди давлатӣ
гирифта шудааст
КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ
Дар бораи Низомномаи аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
170.040.050.
Мутобиқи моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва банди 41 Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, №654 тасдиқ шудааст
ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
1.Низомномаи аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2.Директорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, новобаста аз мақоми ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи фармоиши мазкур ба роҳ монанд.
3.Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
4.Раёсати таҳсилоти миёнаи касбӣ рафти амалигардонии фармоиши мазкурро таъмин намояд.
5.Фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2010, №64 «Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи аттестатсияи давлатии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2010, №578 ба қайд гирифта шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
6.Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарпарасти соҳа гузошта шавад.
...