Низомномаи аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2025, № 256

Санаи амалкуни: 04.09.2025

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

9 июли соли 2025, №1350 ба қайди давлатӣ

гирифта шудааст

Замима
ба фармоиши раиси
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ
ва миёнаи касбии назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 9 июни соли 2025, № 256

Низомномаи аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Низомномаи аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомнома) тартиби ташкил ва раванди баргузории аттестатсияи хатмро муайян менамояд.

2.Марҳилаи хотимавии таҳсил дар муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ аттестатсияи хатм мебошад.

3.Аттестатсияи хатм баъд аз пурра аз худ намудани нақша ва барномаҳои таълимӣ аз рӯйи ихтисос (касб) аз тарафи муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ гузаронида мешавад.

4.Комиссияи аттестатсияи хатм дар муҳлатҳое, ки дар нақшаи таълимии аз тарафи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Кумита) тасдиқшуда муайян шудааст, фаъолият мекунад.

2. КОМИССИЯИ АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ

5.Барои гузаронидани аттестатсияи хатм дар муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи ихтисос (касб)-и алоҳида вобаста ба шумораи хатмкунандагон як ва ё якчанд комиссияи аттестатсияи хатм таъсис дода мешавад.

6.Комиссияи аттестатсияи хатм аз раис, аъзо (3 нафар) ва котиб иборат мебошад.

7.Раиси комиссияи аттестатсияи хатм мувофиқ ба ихтисос бо пешниҳоди директори муассисаи таълимӣ бо фармоиши раиси Кумита аз хисоби омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, кормандони вазорату идораҳои дахлдор ва корфармоён сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар мувофиқа бо муассиси (ё муассисони) муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии хусусӣ ва вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муасисаҳои таълимии ибтидоии касбӣ доранд, муайян ва таъин карда мешаванд.

8.Раиси комиссияи аттестатсияи хатм ҳар сол бо фармоиши раиси Кумита як моҳ пеш аз оғози аттестатсияи хатм тасдиқ карда мешавад.

9.Раиси комиссияи аттестатсияи хатм наметавонад ду сол пай дар пай раисӣ комиссияи аттестатсияи хатм бошад.

10.Ҳайати комиссияи аттестатсияи хатм барои давраи муайян бо фармоиши директори муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тасдиқ карда мешавад. Ҳамагуна тағйиротҳо дар ҳайати комиссияи аттестатсияи хатм дар мувофиқа бо Кумита амалӣ карда мешавад.

11.Аъзои комиссияи аттестатсияи хатм мувофиқ ба ихтисос (касб) аз ҳисоби омӯзгороне, ки дар муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба тариқи доимӣ кор мекунанд, бо фармоиши директори муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тасдиқ карда мешаванд.

12.Фармоиш дар бораи тасдиқи аъзои комиссияи аттестатсияи хатм ва котиби он баъд аз тасдиқи фармоиши раиси комисияи хатм ба тасвиб расонида мешавад.

13.Директор ва муовини директор оид ба корҳои таълимӣ дар аттестатсияи хатм иштирок мекунанд, аммо аъзои комиссияи аттестатсияи хатм шуда наметавонанд.

14.Фаъолияти комиссияи аттестатсияи хатм дар муҳлатҳое, ки дар нақшаи таълимии тасдиқшуда муайян шудааст, ба роҳ монда мешавад.

15.Кори комиссияи аттестатсияи хатм дар як рӯз набояд аз 6 соат ва шумораи хатмкунандагоне, ки аз аттестатсияи хатм мегузаранд, набояд аз 18 нафар зиёд бошад.

16.Дар комиссияи аттестатсияи хатм иштироки раис ва аъзои комиссия ҳатмӣ мебошад.

17.Вазифаҳои раиси комиссияи аттестатсияи хатм аз инҳо иборатанд:

- шиносоии аъзои комиссия бо талаботи Низомномаи мазкур;

- баҳогузорӣ ва ҷамъбасти баҳои аъзои комиссияи аттестатсияи хатм ба омодагии назариявӣ ва амалӣ, малака ва маҳорати касбии хатмкунандагон;

- пешниҳод барои ба хатмкунандагон додани дараҷаи (сатҳ) тахассусӣ ва ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (диплом);

- тавсия намудани хатмкунандагон барои кор дар истеҳсолот ва идомаи таҳсил дар зинаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз рӯйи ихтисос (касб);

- омода ва пешниҳод намудани ҳисобот оид ба ҷамъбасти аттестатсияи хатм бо назардошти камбудиҳо ба роҳҳои бартараф намудани онҳо ба шурои муҳандисию омӯзгории муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидои касбӣ ва Кумита.

3. ТАРТИБИ ТАШКИЛ ВА ГУЗАРОНИДАНИ АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ

18.Аттестатсияи хатм тибқи нақшаи таълимии ихтисос (касб), ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тасдиқ карда шудааст, гузаронида мешавад.

19.Барои аттестатсияи хатм саволномаҳо (имтиҳони хаттӣ ва ё шифоҳӣ) аз руйи фанҳои тахассусӣ дар асоси барномаи таълимӣ, аз тарафи омӯзгорони фаннӣ тартиб дода шуда, дар шурои муҳандисию омӯзгорӣ баррасӣ ва муҳокима гардида, на камтар аз як моҳ пеш аз баргузории аттестатсияи хатм аз тарафи директор ё муовини директор оид ба корҳои таълимӣ тасдиқ карда мешавад.

20.Ҷадвали баргузории аттестатсияи хатм ду ҳафта қабл аз оғози аттестатсияи хатм бо пешниҳоди муовини директор оид ба корҳои таълимӣ аз ҷониби директори муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ тасдиқ карда мешавад.

21.Аттестатсияи хатм тибқи ҷадвали тасдиқшуда, гузаронида мешавад. Ҷадвали баргузории аттестасияи хатм ва машварат, бояд ду ҳафта қабл аз оғози аттестатсияи хатм тасдиқ карда шуда, ба маълумоти хатмкунандагон расонида шавад.

22.Дар таҳияи ҷадвали аттестатсияи хатм шартҳои зерин ба инобат гирифта шаванд:

- дар як рӯз дар як гурӯҳ як имтиҳон–шифоҳӣ ё хаттӣ (тестӣ) гузаронида шавад;

- фан, ихтисос, курс, гуруҳ, ҳайати комиссия, таърихи рӯз, теъдод ва ҷойи баргузории аттестатсияи хатм.

23.Барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани имтиҳонҳои аттестатсияи хатм аз тарафи маъмурияти муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ синфхонаҳои тахассусӣ ва устохонаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ омода карда мешаванд.

4. РАВАНДИ БАРГУЗОРИИ АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ

24.Раванди баргузории аттестатсияи хатм аз тарафи муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ташкил ва ба роҳ монда мешавад. Назорати умумии раванди аттестатсияи хатм ба зимаи директор ва муовини директор оид ба корҳои таълимӣ мебошад.

25.Дар аттестатсияи хатм имтиҳонҳо аз руйи фанҳои тахассусӣ ба тариқи анъанавӣ ва ё тестӣ гузаронида мешаванд. Хонандагон метавонанд бо истифода аз технологияи муосир кори иҷронамудаи худро дар намуди муаррифӣ (рӯнамо) ба комиссияи аттестатсияи хатм пешниҳод намоянд.

26.Ба аттестатсияи хатм хонандагоне роҳ дода мешаванд, ки талаботи нақша ва барномаҳои таълимиро пурра иҷро намудаанд. Барои ба аттестатсияи хатм роҳ додани хатмкунандагон фармоиши директори муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба тасвиб расонида мешавад.

27.Ба комиссияи аттестатсияи хатм маълумотномаи академии хатмкунандагон пешниҳод карда мешавад.

28.Дар аттестатсияи хатм барои ҳар як хатмкунанда то 20 дақиқа вақт ҷудо карда мешавад.

29.Натиҷаи аттестатсияи хатм дар рӯзи баргузории аттестатсияи хатм баъди пур кардани протоколи комиссия аз тарафи раиси комиссияи аттестатсияи хатм эълон карда мешавад. Дар ҳолати норозӣ будан аз баҳои гузошташудаи комиссия хатмкунанда ҳуқуқ дорад ба таври хаттӣ ба раиси комиссияи аттестатсияи хатм муроҷиат намояд. Раиси комиссияи аттестатсияи хатм бояд бо хатмкунанда тариқи суҳбат саволу ҷавоб кунад. Баъди ҷавобҳои дурусту саҳеҳ баҳои гузошташуда, метавонад иваз карда шавад.

30.Натиҷаи аттестатсияи хатм бо баҳоҳои «5» (аъло), «4» (хуб), «3» қаноатбахш ва «ғайриқаноатбахш» ифода карда мешавад. Ба хатмкунандагоне, ки на камтар аз 75 дарсад баҳоҳои ҷамъбастии ҳар нимсоларо бо баҳои «5» (аъло) ва боқимондаро бо баҳои «4» (хуб) супорида, аттестатсияи хатмро бо баҳои «5» (аъло) ҷамъбаст менамоянд, «дипломи аъло» дода мешавад.

31.Ба хатмкунандагоне, ки аз аттестатсияи хатм баҳои «ғайри-қаноатбахш» гирифтаанд, маълумотнома дода мешавад.

32.Зимни пур кардани замимаи диплом, агар хатмкунанда аз як фан якчанд баҳо дошта бошад, баҳои охирини ӯ ба ҳисоб гирифта мешавад.

33.Дар ҳолати бе сабаб ҳозир нашудани хатмкунанда ба аттестатсияи хатм хатмкунанда бо фармоиши директори муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ хориҷ карда мешавад.

34.Дар ҳолати бо сабабҳои узрнок (пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда), ҳозир нашудани хатмкунанда ба аттестатсияи хатм бо фармоиши директори муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, аттестатсияи хатм барои ҳамин хатмкунанда ба соли дигар гузаронида мешавад.

35.Хатмкунандагоне, ки аз аттестатсияи хатмро нагузаштаанд, дар муддати то панҷ сол баъди хатм ба аттестатсияи хатм роҳ дода мешаванд. Баъди гузаштани муҳлати панҷ сол хатмкунандагон бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба курси мувофиқ барқарор карда мешаванд.

36.Ба хатмкунандагон дар ҷаласаи комиссияи аттестатсияи хатм ба таври кушода мувофиқи баҳои аъзои комиссия баҳо гузошта мешавад. Дар сурати баробар будани баҳоҳо, баҳои раиси комиссияи аттестатсияи хатм ҳалкунанда ҳисобида мешавад.

37.Барои ҳар як ҷаласаи комиссияи аттестатсияи хатм протокол ва варақаи аттестатсияи хатм тартиб дода шуда, дар он раис, котиб ва аъзои комиссияи аттестатсияи хатм имзо мегузоранд.

38.Ба хатмкунандагоне, ки аз аттестатсияи хатм гузаштаанд, дар асоси протоколи (қарор) комиссияи аттестатсияи хатм бо фармоиши директори муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ихтисос, дараҷаи (сатҳ) тахассусӣ ва ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ (диплом) дода мешавад.

39.Баъди ба анҷом расидани кори комиссияи аттестатсияи хатм раиси комиссияи аттестатсияи хатм ҳисобот оид ба фаъолияти комиссияи аттестатсияи хатмро таҳия менамояд. Дар ҳисоботи таҳияшудаи раиси комиссияи аттестатсияи хатм бояд масъалаҳои зерин инъикос ёбанд:

- омодагии муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои гузаронидани аттестатсияи хатм;

- мувофиқати ихтисоси (касб) аъзои комиссияи аттестатсияи хатм ба фанҳои имтиҳоние, ки барои аттестатсияи хатм муайян шудаанд;

- тавсифи мундариҷа ва шакли саволномаҳо, (анъанавӣ ва тестӣ) ва мувофиқати онҳо бо барномаи таълимӣ;

- таҳлили савияи дониши назариявию амалии хатмкунандагон аз рӯйи ихтисос (касб);

- таҳлил ва баҳодиҳӣ ба сифати дониши хатмкунандагон;

- тавсия намудани хатмкунандагон барои кор дар истеҳсолот ва идомаи таҳсил дар зинаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз рӯйи ихтисос (касб);

- варақаи ҷамъбастии натиҷаи атестатсия хатм;

- хулоса ва пешниҳод.

40.Ҳисоботи раиси комиссияи аттестатсияи хатм дар муддати то даҳ рӯз баъди ба анҷом расидани аттестатсияи хатм омода карда шуда, ба шурои муҳандисию омӯзгории муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод карда мешавад.

41.Ҳисоботи раиси комиссияи аттестатсияи хатм дар муддати то як моҳ дар ҷаласаи шурои муҳандисию омӯзгории муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ баррасӣ ва муҳокима мегардад.

42.Маълумоти таҳлилии фаъолияти комиссияи аттестатсияи хатм дар муддати ду ҳафта ба таври хаттӣ ва электронӣ ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

43. Барои риоя кардани талаботи Низомномаи мазкур муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комиссияи аттестатсияи хатм масъулият доранд.






***

КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ

ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОИШ

аз 9 июни соли 2025, №253 ш. Душанбе

Дар бораи Низомномаи аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти

миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

170.040.050.

Мутобиқи моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва банди 41 Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024, №654 тасдиқ шудааст

ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

1.Низомномаи аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2.Директорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, новобаста аз мақоми ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи фармоиши мазкур ба роҳ монанд.

3.Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

4.Раёсати таҳсилоти миёнаи касбӣ рафти амалигардонии фармоиши мазкурро таъмин намояд.

5.Фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2010, №64 «Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи аттестатсияи давлатии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2010, №578 ба қайд гирифта шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.

6.Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарпарасти соҳа гузошта шавад.

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти

ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимӣ Фарҳод Қодир

Замима

ба фармоиши раиси Кумита оид ба

таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии

назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 9 июни соли 2025, №253

Низомномаи

аттестатсияи хатм дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

2.Низомномаи аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Низомнома) тартиби ташкил ва раванди баргузории аттестатсияи хатмро муайян менамояд.

3.Дар Низомномаи мазкур таҷрибаи низоми таҳсилоти миёнаи касбии байналмилалӣ низ ба назар гирифта шудааст.

4.Аттестатсияи хатм - аттестатсияи ниҳоии давлатии донишҷӯён буда, дараҷаи фарогирии онҳоро ба барномаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи самти ихтисос муайян намуда, мувофиқи он ба хатмкунандагон ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (диплом) дода мешавад.

5.Марҳалаи хотимавии таҳсил дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ аттестатсияи хатм мебошад.

6.Аттестатсияи хатм аз имтиҳони давлатӣ ва рисолаи хатм иборат мебошад.

7.Комиссияи аттестатсияи хатм тибқи нақшаи таълимии аз тарафи Кумита тасдиқшуда фаъолият мекунад.

2. КОМИССИЯИ АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ

8.Раиси комиссияи аттестатсияи хатм ҳамасола бо фармоиши раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кумита) аз зумраи номзадони илм, докторони илм, мутахассисони вазорату идораҳо ва муассисаҳои соҳавӣ таъйин карда мешаванд. Раиси комиссияи аттестатсияи хатм дар муассисаи таълимӣ аз ду сол зиёд пайи ҳам таъин шуда наметавонад.

9.Комиссияи аттестатсияи хатм дар ҳайати раис, аъзои комиссия (на кам аз 3 нафар) ва котиб таъсис дода шуда, мувофиқ ба ихтисос аз ҷумлаи номзадҳои илм, омӯзгорон, мутахассисоне, ки дар хамин муассисаи таълимӣ кор мекунанд, бо фармоиши директори муассисаи таълимӣ таъин карда мешаванд. Ҳайати комиссияи аттестатсионии хатм ба муддати як соли таҳсил тасдиқ карда мешавад.

10.Барои гузаронидани аттестатсияи хатм аз ихтисосҳои алоҳидаи муассисаи таълимӣ вобаста ба шумораи хатмкунандагон як ва ё якчанд комиссияи фаннии аттестатсияи хатм ташкил карда мешавад.

10.Аъзои комиссияи аттестатсияи хатм ва котиби он на камтар аз як моҳ то оғози аттестатсияи хатм таъин карда мешаванд.

11.Намояндаҳои қисми таълим ва факултети муассисаи таълимӣ (декани факултет ё яке аз муовинони декани факултет) дар аттестатсияи хатм фаъолона иштирок мекунад, аммо аъзои комиссияи аттестатсионии хатм шуда наметавонад.

12.Кори комиссияи аттестатсияи хатм дар як рӯз набояд аз 6 соат ва шумораи хатмкунандагоне, ки аз аттестатсияи хатм мегузаранд, набояд аз 12 нафар зиёд бошанд.

13.Баргузории аттестатсияи хатм бо шумораи хатмкунандагони аз меъёри муайяншуда зиёдро Кумита муайян мекунад.

14.Вазифаҳои раиси комиссияи аттестатсияи хатм аз инҳо иборатанд:

- шиносоии аъзои комиссия бо талаботи Низомномаи мазкур;

- баҳогузорӣ ва ҷамъбасти баҳои аъзои комиссияи фаннии аттестатсионии хатм ба омодагии назариявӣ ва амалӣ, малака ва маҳорати касбии хатмкунандагон;

- пешниҳод барои ба хатмкунандагон додани тахассусӣ ва ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ (диплом) мувофиқ ба қобилияти касбии онҳо (аъло ва ё муқаррарӣ);

- омода ва пешниҳод намудани ҳисобот оид ба ҷамъбасти аттестатсияи хатм бо назардошти камбудиҳо ва роҳҳои бартараф намудани онҳо ба шурои омӯзгорӣ (олимон)-и муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва Кумита.

3. ТАРТИБИ ТАШКИЛ ВА ГУЗАРОНИДАНИ АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ

15. Аттестатсияи хатм аз тарафи комиссияи аттестатсияи хатм, ки бо фармоиши раиси Кумита тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад.

16. Саволномаҳои имтиҳони давлатӣ аз руйи фанҳои тахассусӣ дар асоси барномаи таълимӣ, аз тарафи омӯзгорони фаннӣ тартиб дода шуда, дар шурои методӣ баррасӣ ва муҳокима гардида, на камтар аз як моҳ пеш аз баргузории аттестатсияи хатм аз тарафи муовини директор оид ба корҳои таълимӣ тасдиқ карда мешавад.

17.Ҷадвали баргузории аттестатсияи хатм ду ҳафта қабл аз оғози аттестатсияи хатм бо пешниҳоди муовини директор оид ба корҳои таълимӣ аз ҷониби директори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ тасдиқ карда мешавад.

18. Кафедраи тахассусӣ се ҳафта пеш аз оғози кори комиссия тавассути почтаи электронӣ нусхаи электронии ҳуҷҷатҳои тасдиқшудаи ихтисос-нақшаи таълимӣ, барномаи таълимии (силлабус) имтиҳони давлатӣ ва барномаи таълимии (силлабус) рисолаи хатмро ба раиси комиссияи аттестатсионӣ дастрас менамояд.

19. Барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани имтиҳонҳои аттестатсияи хатм аз тарафи маъмурияти муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ синфхонаҳои тахассусӣ омода карда мешаванд.

4. РАВАНДИ БАРГУЗОРИИ АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ

20.Раванди баргузории аттестатсияи хатм аз тарафи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ташкил ва ба роҳ монда мешавад. Назорати умумии раванди аттестатсияи хатм ба зимаи муовини директор оид ба корҳои таълимӣ ва сардори раёсат (шуъба)-и таълим мебошад.

21.Дар аттестатсияи хатм имтиҳонҳо аз руйи фанҳои тахассусӣ ба тариқи анъанавӣ ва ё тестӣ гузаронида мешаванд. Хатмкунандагон метавонанд дар аттестатсияи хатм рисолаҳои (лоиҳаҳои) хатмии худро ҳимоя кунанд. Дар ин сурат хатмкунандае, ки рисолаи (лоиҳаи) хатмии худро ҳимоя менамоянд, аз як фанни имтиҳони давлатӣ озод карда мешаванд. Ҳамзамон, бо истифода аз технологияи муосир корҳои тахассусии худро дар шакли муаррифӣ (рӯнамо) ба комиссияи аттестатсияи хатм пешниҳод намоянд.

22.Ба аттестатсияи хатм хатмкунандагоне роҳ дода мешаванд, ки тамоми талаботи нақша ва барномаҳои таълимиро иҷро намудаанд. Рӯйхати чунин хатмкунандагон аз тарафи декани факултет, қисми таълим омода шуда, як моҳ пеш аз оғози аттестатсияи хатм бо фармоиши директори муассисаи таълимӣ тасдиқ карда мешавад.

23.Ба комиссияи аттестатсионии хатм аз тарафи қисми таълим, декани факултет ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- маълумотномаи академии хатмкунанда бо нишон додани холи миёнаи таҳсил;

- дафтарчаи имтиҳонӣ;

- тақризи роҳбари рисолаи (лоиҳаи) хатм;

- тақризи муқарризи (муқарризони) рисолаи (лоиҳаи) хатм

24.Муқарризони рисолаҳои (лоиҳаҳои) хатм мувофиқ ба ихтисос аз ҷумлаи номзадҳои илм, омӯзгорон, мутахассисоне, ки дар хамин муассисаи таълимӣ кор мекунанд, муайян карда мешаванд.

25.Дар ҳолати набудани раиси комиссияи аттестатсияи хатм (дар ҳолати фавт, беморӣ ва дигар ҳолатҳо) ба фармоиши раиси Кумита тағйирот ворид карда мешавад.

26.Дар ҳолати гузаронидани аттестатсияи хатм, раиси комиссияи аттестатсияи хатм иштирок накунад, аттестатсияи хатм бе эътибор дониста мешавад.

27. Фанҳое, ки мувофиқи онҳо хатмкунандагон аз аттестатсияи хатм мегузаранд, дар нақшаи таълимии намунавии аз тарафи Кумита тасдиқшуда муайян карда мешаванд. Мундариҷаи аттестатсияи хатм набояд аз барномаи таълимӣ берун бошад. Рисолаҳои (лоиҳаҳои) хатм бевосита аз ихтисоси хатмкунанда ё дар соҳаҳои байнифаннӣ, ки фанни якуми он ихтисоси хатмкунанда аст, иҷро карда мешаванд.

28.Аттестатсияи хатм аз рӯйи ҷадвали тасдиқ гардида гузаронида мешаванд.

29.Дар таҳияи ҷадвали аттестатсияи хатм шартҳои зерин ба инобат гирифта мешаванд:

- дар як рӯз дар як гурӯҳ як имтиҳон – шифоҳӣ ё хаттӣ гузаронида мешавад.

- аз фанҳое, ки имтиҳонҳои хаттӣ ва шифоҳӣ доранд, аввал имтиҳони хаттӣ ва баъд шифоҳӣ гузаронида мешавад.

- фосилаи байни имтиҳонҳои давлатии хатм бояд на кам аз 5 рӯз бошад.

30.Вақти қабули аттестатсияи хатм як хатмкунанда барои супоридани имтиҳони давлатӣ ва ҳимояи рисолаи хатм то 30 дақиқа вақт ҷудо карда мешавад. Ба хатмкунанда барои баёни маърӯзаи омодакардааш нисбат ба натиҷаи рисолаи хатм то 15 дақиқа вақт дода мешавад.

31.Натиҷаи аттестатсияи хатм худи ҳамон рӯз баъди пур кардани қарори ҷаласаи комиссияи аттестатсияи хатм ва ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ эълон карда мешавад.

32.Барои гузаронидани имтиҳони хаттӣ ба як гурӯҳ чунин вақт ҷудо мешавад:

- аз забони давлатӣ ё русӣ (имло) – 1 соати академӣ;

- аз адабиёт (иншо) – 4 соати академӣ;

- аз математика – 3 соати академӣ;

33. Корҳои хаттии имтиҳонӣ дар бланкаҳои расмӣ (штамп) – и муассисаи таълимӣ бо нишондоди таърихи рӯз ва фан иҷро карда мешавад.

34. Кори хаттӣ дар варақи сиёҳнавис (вай ҳам бо нишондор) ва баъд ба тозанавис рӯбардор карда, супорида мешавад. Сиёҳнавис бо тозанавис якҷоя супорида мешавад.

35. Комиссияи аттестатсионии хатм кори имтиҳонсупорандаро қабул намуда, вақти қабулро қайд мекунад. Кори дар вақти муайянкардашуда иҷронашуда бо камбудиҳояш қабул карда мешавад.

36. Такроран супоридани аттестатсияи хатм дар давраи сессияи имтиҳонӣ иҷозат дода намешавад.

37. Натиҷаи аттестатсияи хатм дар шакли баҳогузории ҳуруфи бо истифода аз ҳарфҳои

- «А (А, А-)»;

- «В (В+, В, В-)»;

- «С (С+, С, С-)»;

- «D (D, D-)»;

- «F (Fx, F)» ва дар шакли низоми анъанавӣ бо баҳои «аъло», «хуб», «қаноатбахш» ва «ғайриқаноатбахш» ифода меёбад.

38.Ба хатмкунандагоне, ки на камтар аз 75 дарсад имтиҳонҳои ҷориро бо баҳои «А (А, А-)» («аъло») ва боқимондаро бо баҳои «В (В+, В, В-)» («хуб») супорида, рисола (лоиҳа)-и хатмиро бо баҳои «А (А, А-)» («аъло») ҳимоя ва аттестатсияи хатмро бо баҳои «А (А, А-)» («аъло») ҷамъбаст менамоянд, «дипломи аъло» дода мешавад. Ба хатмкунандагоне, ки баҳои «F (Fx, F)» («ғайриқаноатбахш») гирифтаанд, ба ҷойи диплом маълумотномаи академӣ ва маълумотнома оид ба муҳлати таҳсил дар муассисаи таълимӣ дода мешавад. Дар мавриди пур кардани замимаи диплом, агар хатмкунанда аз як фан якчанд баҳо дошта бошад, баҳои охирини ӯ ба ҳисоб гирифта мешавад.

39.Хатмкунандагоне, ки аз аттестатсияи хатм баҳои «F (Fx, F)» («ғайриқаноатбахш») гирифтаанд, ҳуқуқи аз фанҳои дигар гузаштани аттестатсияи хатмро аз даст намедиҳанд. Дар сурати ғайриқаноатбахш ҳисобидани рисолаи (лоиҳаи) дипломӣ комиссияи аттестатсиони хатм муайян мекунад, ки хатмкунанда ҳамин рисолаи (лоиҳаи) хатмиро такмил диҳад ё аз кафедраи мувофиқ рисолаи (лоиҳаи) хатмии нав гирад.

40.Хатмкунандагоне, ки рисолаи хатмашонро дифоъ накардаанд ва ё аз аттестатсияи хатм нагузаштаанд, ба дифои такрории рисолаи дипломӣ ва ё гузаштан аз аттестатсияи хатм дар муддати то панҷ соли баъди хатми муассисаи таълимӣ зимни пешниҳод намудани тавсифномаи мусбат аз ҷойи коре, ки муассисаи таълимӣ равон кардааст, барои такрорӣ супоридан то ду маротиба роҳ дода мешаванд.

41.Ба хатмкунандагон дар ҷаласаи пӯшидаи комиссияи аттестатсияи хатм бо таври кушода мувофиқи овозҳои аксарияти аъзои комиссия баҳо гузошта мешавад. Дар сурати баробар будани овозҳо, овози раиси комиссияи аттестатсионии хатм ҳалкунанда ҳисобида мешавад.

42.Ба хатмкунандагоне, ки аз аттестатсияи хатм бомувафақият гузаштаанд, дар асоси қарори комиссияи аттестатсияи хатм бо фармоиши директори муассисаи таълимӣ тахассус (диплом) дода мешавад.

43.Хатмкунандагоне, ки аз яке фанҳо баҳои ғайриқанотбахш гирифтаанд ва ё дар аттестатсияи хатм бо сабабҳои гуногун иштирок накардаанд бо фармоиши директор аз таълимгоҳ (бо нишон додани сабаб) хориҷ карда мешавад.

44.Барои ҳар як ҷаласаи комиссияи аттестатсияи хатм протоколҳо тартиб дода шуда, дар он раис, котиб ва аъзои комиссияи аттестатсияи хатм имзо мегузоранд.

45.Протоколи ҷаласаи комиссияи аттестатсияи хатм дар ҳар аттестатсияи хатм ба ҳар як донишҷӯ пур карда мешавад.

46.Донишҷӯёне, ки аттестатсияи хатмро бомуваффақият супоридаанд протоколи ҷаласаи комиссияи аттестатсияи хатм бо додани тахассус пур карда мешавад.

47.Раиси комиссияи аттестатсияи хатм баъди ба итмом расидани аттестатсияи хатм дар муддати 20 рӯз аз натиҷаи он ба директори муассисаи таълимӣ ва ба шурои омӯзгорӣ (олимон) ҳисоботи хаттӣ пешниҳод менамояд.

48.Дар ҳисоботи раиси комиссия бояд масъалаҳои зерин инъикос ёбанд:

- омодагии қаблии муассисаи таълимӣ, қисми таълим, факултет ва кафедраҳо барои гузаронидани аттестатсияи хатм;

- мувофиқати ихтисоси аъзои комиссия ба фанҳое, ки барои аттестатсияи хатм муайян шудаанд;

- тавсифи мундариҷа ва шакли саволномаҳо, билетҳо ва мувофиқати онҳо ба барномаи амалкунандаи таълимӣ;

- таҳлили савияи илмӣ ва назариявию амалии хатмкунандагон аз рӯйи ихтисос ва мувофиқати онҳо ба вазифаҳое, ки аз сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бармеоянд;

- тавсифи мавзуи рисолаҳои (лоиҳаҳои) дипломӣ, сифати амалан ба анҷом расонидан ва хусусияти назариявӣ-амалии онҳо;

- таҳлил ва баҳодиҳӣ ба сифати дониши хатмкунандагон;

- хулоса ва пешниҳод барои боз ҳам беҳтар шудани аттестатсияи хатми муассисаи таълимӣ.

49.Ҳисоботи раиси комиссияи аттестатсияи хатм дар 2 нусха омода шуда, дар раёсат (шуъба)-и таълим ва кафедраҳо то 5 сол нигоҳ дошта мешавад.

50.Ҳисоботи раиси комиссияи аттестатсияи хатм дар муддати на зиёда аз 3 моҳ дар ҷаласаи кафедраи мувофиқ, шурои омӯзгорӣ (олимон)-и муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ муҳокима гардида, аз рӯйи он чораҳои мушаххас андешида мешаванд.

51.Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 10 июл аз натиҷаи аттестатсияи хатм ба Кумита маълумотномаи хаттӣ пешниҳод менамоянд.

5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

52. Барои риоя кардани талаботи Низомномаи мазкур муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва комиссияи аттестатсиони хатм масъулият доранд.

***

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

9 июли соли 2025, №1351 ба қайди давлатӣ

гирифта шудааст.

***

ХАДАМОТИ

АЛОҚАИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ф А Р М О И Ш

аз 26 июни соли 2025, №16-И ш.Душанбе

Дар бораи Талаботи ҳадди ақал ба сифати хизматрасонии алоқаи барқӣ

160.120.030.

Мутобиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ва банди 10 Низомномаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли 2011, №252 тасдиқ шудааст,

ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

1. Талаботи ҳадди ақал ба сифати хизматрасонии алоқаи барқӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Фармоиши мазкур тибқи тартиби муқарраргардида барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

3. Фармоиши мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

4. Провайдерони хизматрасонии интернет:

- талаботи дар замима пешбинигардидаро дар доираи нархномаи тарифҳои амалкунанда таъмин намоянд;

- инфрасохтор ва пойгоҳи техникии худро ба фармоиши мазкур мутобиқ намоянд.

5. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

Сардори Хадамоти

алоқаи назди Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло

Замима

ба фармоиши сардори Хадамоти

алоқаи назди Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «24» июни соли 2025, №16-И

Талаботи

ҳадди ақал ба сифати хизматрасонии алоқаи барқӣ

Талаботи ҳадди ақал ба сифати хизматрасонии алоқаи барқӣ дар шакли зерин муайян карда шавад:

- аз 15-уми июли соли 2025-ум ҳадди ақали суръати интернет тариқи технологияи Ethernet ва xPon дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 15 Мбит/с ва дастрасӣ ба шабакаҳои дохилӣ ба андозаи 30 Мбит/с муқаррар карда шавад;

- аз 1-уми декабри соли 2025-ум ҳадди ақали суръати интернет тариқи технологияи Ethernet ва xPon дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 30 Мбит/с ва дастрасӣ ба шабакаҳои дохилӣ ба андозаи 50 Мбит/с муқаррар карда шавад;

- ҳадди ақали суръати интернети мобилӣ барои шаҳри Душанбе, марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо ба андозаи 10 Мбит/с ва барои дигар маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба андозаи 5 Мбит/с барои як истифодабаранда аз 1-уми сентябри соли 2025-ум муқаррар карда шавад.

***

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

9 июли соли 2025, №1352 ба қайди давлатӣ

гирифта шудааст.

***

ҚАРОРИ

РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

аз 30 июни соли 2025, №88 ш. Душанбе

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон

аз 26 сентябри соли 2013, №235

070.170.010.

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон

ҚАРОР МЕКУНАД:

1.Ба қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2013, №235 «Дар бораи тасдиқи Дастурамали №201 «Дар бораи хизматрасонии фосилавии бонкӣ»», ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 ноябри соли 2013, №721 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, тағйиру иловаҳо ворид карда шавад (замима мегардад).

2. Қарори мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

3. Департаменти низоми пардохт ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии қарори мазкур дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои хусусияти таҳриридоштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.

4. Иҷрои банди 2 қарори мазкур ба зиммаи котиби Раёсат, департаменти низоми пардохт, идораи ҳуқуқ ва шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон - сарпарасти департаменти низоми пардохт гузошта шавад.

Раиси Раёсати

Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад

Замима ба қарори Раёсати

Бонки миллии Тоҷикистон

аз 30 июни соли 2025, №88

Тағйиру иловаҳо ба

Дастурамали №201 «Дар бораи хизматрасонии фосилавии бонкӣ»

Ба Дастурамали №201 «Дар бораи хизматрасонии фосилавии бонкӣ», ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2013, №235 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1.Дар банди 1:

-сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«-хизматрасонии фосилавии бонкӣ – хизматрасонии бонкие, ки бо истифодаи воситаҳои электронӣ, барномавию техникӣ ва телекоммуникатсионӣ ба муштариён бидуни ташрифашон ба ташкилоти қарзӣ пешниҳод мешавад;

-сархати чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«-тасдиқи аслият (аутентификатсия) – расмиёте, ки ба ташкилоти қарзӣ барои муайян ва тасдиқ намудани шахсияти истифодабарандаи хизматрасонии пардохтӣ ва санҷиши ҳуқуқи қонунии истифодаи воситаи электронии пардохтӣ, аз ҷумла бо истифодаи маълумоти ҳифзшудаи шахсӣ имкон медиҳад;»;

-дар сархати ҳафтум аломати «.» ба аломати «;» иваз карда шуда, сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«-сабти ҳисоби муштарӣ (аккаунт) – маҷмуи маълумоти муштарӣ дар низоми иттилоотии ташкилоти қарзӣ, ки барои тасдиқи аслият ва додани дастрасӣ ба маълумоти шахсӣ ва танзимоти ӯ зарур аст.».

2.Банди 21 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«21. Ташкилотҳои қарзӣ пешниҳоди хизматрасонии фосилавии бонкиро бояд бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом амалӣ намоянд.».

3.Банди 31 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«31. Ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ ташкилотҳои қарзӣ уҳдадоранд расмиёти тасдиқи аслияти бисёромиларо истифода намоянд. Тибқи ин расмиёт барои тасдиқи аслият аз истифодабаранда пешниҳоди на кам аз ду омили мустақил аз гурӯҳҳои зерин талаб карда мешавад:

а) маълумоте, ки танҳо ба муштарӣ маълум аст (масалан, гузарвожа, рақами мушаххаси шахсӣ (PIN), рамзи якдаъфина, калимаи махфӣ);

б) таҷҳизот ё воситае, ки дар ихтиёри муштарӣ қарор дорад (масалан, компютери фардӣ, телефони мобилӣ, корти пардохтии бонкӣ, токен ё ҳомили дигари электронии иттилоот);

в) маълумоти биометрии муштарӣ (масалан, шинохти рӯй, изи ангушт, овоз, пардаи чашм).».

4.Дар банди 9:

1)дар зербанди а):

-ба сархати сеюм пас аз калимаи «банкоматҳо» калимаҳои «камераҳои назоратӣ ва» илова шуда, калимаҳои «сабтҳои аксбардорҳои мушоҳидавӣ» ба калимаҳои «сабту аксҳои онҳо» иваз карда шаванд;

-дар сархати панҷум калимаи «мунтазам» ба калимаҳои «на кам аз 2 маротиба дар як сол» иваз карда шавад.

2) дар зербанди б):

-аз қисми муқаддимавӣ калимаҳои «ва бонкинги мобилӣ» хориҷ карда шаванд;

-дар сархати чорум калимаи «мушаххаскунии» ба калимаҳои «тасдиқи аслияти» иваз карда шавад;

3) зербанди в) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«в) барои замимабарномаҳои мобилӣ (бонкдории мобилӣ ва ҳамёнҳои электронӣ):

- дастрасӣ ба сабти ҳисоби муштарӣ дар як вақт танҳо аз як таҷҳизоти бақайдгирифташуда иҷозат дода шавад;

- кӯшишҳои ворид шудан ба сабти ҳисоби муштарӣ аз таҷҳизоти нав ё номаълум қатъ карда шуда, муштарӣ дар ин бора тавассути огоҳсозии фаврӣ (СМС огоҳинома ва/ё почтаи электронӣ) хабардор карда шавад;

- иваз намудани таҷҳизоти бақайдгирифташуда ва/ё гузарвожаву рамзҳои дастрасӣ ба сабти ҳисоби муштарӣ бояд бо истифодаи технологияҳои тасдиқи аслияти бисёромила ё тавассути муроҷиати муштарӣ ба ташкилоти қарзӣ бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият анҷом дода шавад;

- ҳамаи амалиётҳои хароҷотӣ дар замимабарномаҳои мобилӣ бояд бо истифодаи тасдиқи аслияти бисёромила сурат гиранд, ба истиснои пардохт барои хизматрасонии давлатӣ, пардохт тавассути QR-рамзи ягона дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ ба маблағи на зиёда аз 80 (ҳаштод) нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як рӯз, пардохти молу хизматрасонӣ тавассути Интернет, ки хусусияти интиқоли фаромарзии маблағҳоро надорад, ба маблағи на зиёда аз 20 (бист) нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як рӯз, интиқоли маблағ дар реҷаи онлайн ба шахсони воқеӣ дар дохили ташкилоти қарзӣ ба маблағи на зиёда аз 20 (бист) нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як рӯз ва ба муштариёни дигар ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи на зиёда аз 2 (ду) нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як рӯз, интиқол ба суратҳисобҳои шахсии муштарӣ, пардохти қарзҳо дар ташкилотҳои қарзӣ;

- барои пайваст намудани кортҳои пардохтии бонкӣ ба замимабарномаҳои мобилӣ бояд протоколҳои бехатарии онлайн-пардохтҳо (ба монанди 3D Secure), ки ташкилоти қарзии ношир татбиқ кардааст, истифода шаванд.».

5.Дар банди 10 калимаҳои «ба истифодаи банкоматҳо ё терминалҳо алоқаманд мебошанд» ба калимаҳои «ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ рух медиҳанд» иваз карда шаванд.

6.Дар банди 11 калимаи «иттилоот» ба калимаҳои «ҳар семоҳа тибқи шакли муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот» иваз карда шавад.

7.Банди 16 хориҷ карда шавад.

8.Дар банди 17 калимаҳои «вазифаи аудитро иҷро карда, барои ошкор намудани амалҳои беиҷозат дар низомҳои иттилоотӣ» ба калимаҳои «барои ошкор намудани амалҳои беиҷозат ва шубҳанок дар низомҳои иттилоотӣ ва сабти ҳисоби муштарӣ» иваз карда шаванд.

***

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

18 июли соли 2025, №7211 ба қайди давлатӣ

гирифта шудааст.

Зарегистрировано в Министерстве юстиции Республики Таджикистан 9 июля 2025 года, №1350
Приложение
к распоряжению Председателя
Комитета по начальному и среднему
профессиональному образованию при
Правительстве Республики Таджикистан
от 9 июня 2025 года, №256

Положение об аттестации выпуска в учреждениях начального профессионального образования Республики Таджикистан

1.ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1.Положение о выпускной аттестации в учреждениях начального профессионального образования Республики Таджикистан (далее — Положение) определяет порядок организации и проведения выпускной аттестации.

2.Заключительным этапом обучения в учреждении начального профессионального образования является выпускная аттестация.

3.Выпускная аттестация проводится образовательным учреждением начального профессионального образования после полного освоения учебного плана и образовательных программ по специальности (профессии).

4.Комиссия по выпускной аттестации действует в сроки, определённые в учебном плане, утверждённым Комитетом по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан (далее - Комитет).

2. КОМИССИЯ ПО ВЫПУСКНОЙ АТТЕСТАЦИИ

5.Для проведения выпускной аттестации в учреждении начального профессионального образования по отдельным специальностям (профессиям), в зависимости от количества выпускников создаётся одна или несколько выпускных аттестационных комиссий.

6.Комиссия по выпускной аттестации состоит из председателя, (3 членов) и секретаря.

7.Председатель комиссии по выпускной аттестации, в соответствии со специальностью, по представлению директора учебного заведения, назначается распоряжением председателя Комитета из числа преподавателей учреждений среднего и высшего профессионального образования, сотрудников соответствующих министерств и ведомств, а также работодателей, независимо от организационно-правовой формы, по согласованию с учредителем (или учредителями) частных учреждений начального профессионального образования и министерствами и ведомствами, в структуру которых входят учреждения начального профессионального образования.

8.Председатель комиссии по выпускной аттестации ежегодно утверждается распоряжением председателя Комитета не позднее чем за один месяц до начала выпускной аттестации.

9.Председатель комиссии по выпускной аттестации не может занимать должность председателя комиссии по выпускной аттестации два года подряд.

10.Состав комиссии по выпускной аттестации утверждается распоряжением директора учреждения начального профессионального образования на определённый срок. Любые изменения в составе комиссии осуществляются по согласованию с Комитетом.

11.Члены комиссии по выпускной аттестации, в соответствии со специальностью (профессией), утверждаются распоряжением директора учреждения начального профессионального образования из числа преподавателей, работающих в учреждении на постоянной основе.

12.Распоряжение об утверждении членов комиссии по выпускной аттестации и её секретаря утверждается после утверждения распоряжения о назначении председателя комиссии.

13.Директор и заместитель директора по учебной работе участвуют в выпускной аттестации, но не могут быть членами комиссии по выпускной аттестации.

Деятельность комиссии по выпускной аттестации осуществляется в сроки, определённые утверждённым учебным планом.

14.Продолжительность работы выпускной аттестационной комиссии не должна превышать 6 часов в день, а количество выпускников, прошедших выпускную аттестацию, не должно превышать 18 человек.

15.Участие председателя и членов комиссии в выпускной аттестации является обязательным.

16.В обязанности председателя комиссии по выпускной аттестации входит:

- ознакомление членов комиссии с требованиями настоящего Положения;

- оценка и подведение итогов оценок членов выпускной аттестационной комиссии по теоретической и практической подготовке, профессиональным навыкам и умениям выпускников;

- представление предложений о присвоении выпускникам квалификационной степени (уровня) и выдаче государственного документа установленного образца о начальном профессиональном образовании (диплома);

- рекомендация выпускников для трудоустройства в производство и продолжения обучения на уровне среднего и высшего профессионального образования по специальности (профессии);

- подготовка и представление отчёта о результатах выпускной аттестации с указанием недостатков и путей их устранения на инженерно-преподавательский совет учреждения начального профессионального образования и в Комитет.

3. ПОРЯДОК ОРГАНИЗАЦИИ И ПРОВЕДЕНИЯ ВЫПУСКНОЙ АТТЕСТАЦИИ

17. Выпускная аттестация проводится согласно учебному плану по специальности (профессии), утверждённому уполномоченным государственным органом в сфере начального и среднего профессионального образования.

18.Для проведения выпускной аттестации экзаменационные билеты (письменный или устный экзамен) по профессиональным дисциплинам составляются преподавателями предметов на основе учебной программы, рассматриваются и обсуждаются на инженерно-преподавательском совете, и не менее чем за один месяц до начала выпускной аттестации утверждаются директором или заместителем директора по учебной работе.

19.Расписание проведения выпускной аттестации утверждается директором учреждения начального профессионального образования по представлению заместителя директора по учебной работе за две недели до начала выпускной аттестации.

20.Выпускная аттестация проводится согласно утверждённому расписанию. Расписание проведения выпускной аттестации и консультаций должен быть утвержден за две недели до её начала и доведено до сведения выпускников.

21.При составлении расписания выпускной аттестации учитываются следующие условия:

- в один день в одной группе проводится только один экзамен — устный или письменный (тестовый);

- предмет, специальность, курс, группа, состав комиссии, дата, количество и место проведения выпускной аттестации.

22.Для проведения экзаменов выпускной аттестации на должном уровне администрация учреждения начального профессионального образования подготавливает профильные кабинеты и учебно-производственные мастерские.

4. ПРОЦЕСС ПРОВЕДЕНИЯ ВЫПУСКНОЙ АТТЕСТАЦИИ

24. Процесс проведения выпускной аттестации организуется и осуществляется учреждением начального профессионального образования. Общий контроль за процессом аттестации возлагается на директора и заместителя директора по учебной работе.

25. Выпускная аттестация проводится по профессиональным дисциплинам в традиционной форме или в форме тестирования. Обучающиеся могут представить выполненную работу в виде презентации с использованием современных технологий.

26. К выпускной аттестации допускаются обучающиеся, полностью выполнившие требования учебных планов и программ. Приказ о допуске выпускников к аттестации утверждается директором учреждения начального профессионального образования.

27. Комиссии выпускной аттестации предоставляются академические справки выпускников.

28. На каждого выпускника при прохождении аттестации отводится до 20 минут.

29. Результаты выпускной аттестации объявляются председателем комиссии в день её проведения после заполнения протокола. В случае несогласия с выставленной оценкой выпускник имеет право в письменной форме обратиться к председателю комиссии, который обязан провести беседу с выпускником и, при наличии правильных и обоснованных ответов, изменить оценку.

30. Результаты выпускной аттестации оцениваются по следующим баллам: «5» (отлично), «4» (хорошо), «3» (удовлетворительно) и «неудовлетворительно». Выпускники, имеющие не менее 75 процентов итоговых оценок за каждый семестр «5» (отлично), остальные — «4» (хорошо) и получившие «5» (отлично) за выпускную аттестацию, получают «диплом с отличием».

31. Выпускникам, получившим оценку «неудовлетворительно» за выпускную аттестацию, выдаётся справка.

32. При заполнении приложения к диплому в случае наличия нескольких оценок по одному предмету учитывается последняя оценка.

33. В случае отсутствия выпускника на выпускной аттестации без уважительной причины он отчисляется приказом директора учреждения начального профессионального образования.

34. В случае уважительных причин (предоставление медицинской справки или других подтверждающих документов), выпускная аттестация для обучающегося переносится на следующий год по приказу директора учреждения.

35. Выпускники, не прошедшие выпускную аттестацию, могут пройти её в течение пяти лет после окончания учебного заведения. По истечению этого срока они могут быть восстановлены на соответствующий курс с разрешения уполномоченного государственного органа в сфере начального и среднего профессионального образования.

36. Оценка выпускников проводится открыто на заседании выпускной аттестационной комиссии по оценкам членов комиссии. В случае равенства баллов решающим считается оценка председателя выпускной аттестационной комиссии.

37. На каждом заседании выпускной аттестационной комиссии составляются протокол и бланк выпускного аттестационного удостоверения, которые подписываются председателем, секретарь и членами выпускной аттестационной комиссии.

38. Выпускникам, прошедшим выпускную аттестацию, на основании протокола (решения) выпускной аттестационной комиссии распоряжением директора образовательного учреждения начального профессионального образования присваивается специальность, уровень квалификации (разряд) и выдается документ государственного образца о начальном профессиональном образовании (диплом).

39. После завершения работы выпускной аттестационной комиссии председатель выпускной аттестационной комиссии подготавливает отчёт о деятельности выпускной аттестационной комиссии. В отчёте должны быть отражены:

- подготовка учреждения начального профессионального образования к проведению аттестации;

- соответствие специальности (профессии) выпускной аттестационной комиссии предметам экзаменов, определённым для выпускной аттестации;

- описание содержания и формы экзаменационных билетов (традиционные и тестовые) и их соответствие учебной программе;

- анализ уровня теоретических и практических знаний выпускников по специальности (профессия);

- анализ и оценка качества знаний выпускников;

- рекомендации по трудоустройству выпускников в производственной сфере и продолжению обучения на уровнях в учреждениях среднего и высшего профессионального образования по соответствующей специальности (профессии);

- сводный лист результатов выпускной аттестации;

- заключение и предложения.

40. Отчёт председателя выпускной аттестационной комиссии составляется в течение десятидневного срока после завершения выпускной аттестации и направляется на рассмотрение и утверждение инженерно-преподавательскому совету учреждения начального профессионального образования.

41. Отчёт председателя выпускной аттестационной комиссии рассматривается и обсуждается на заседании инженерно-преподавательского совета учреждения в течение одного месяца.

42. Аналитические данные о деятельности выпускной аттестационной комиссии в двухнедельный срок представляются в письменном и электронном виде в Комитет по начальному и среднему профессиональному образованию при Правительстве Республики Таджикистан.


5.ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ

43. Образовательное учреждение начального профессионального образования Республики Таджикистан и аттестационная комиссия несут ответственность за соблюдение требований настоящего Положения.