ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ
1.Бо мақсади танзими истифодабарии намудҳои ҳайвоноте, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд, барои шикор дар солҳои 2025-2026 маҳдудаи зерин муайян карда шавад:
-гӯсфанди Марко Поло (Ovis ammon polii) - 132 сар;
-бузи Морхӯр (Capra falconeri) - 20 сар;
-гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал) (Ovis aries bochariensis) - 18 сар;
-хирси маллаи тиёншонӣ (Ursus arctos isabellinus) (дар ҳолатҳои таҳдид ба шаҳрвандон ва расонидани зарар ба аҳолӣ) - 10 сар.
2.Муҳлати истифодаи маҳдуда барои гӯсфанди Марко Поло, бузи Морхӯр, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал) аз 1 сентябри соли 2025 то 1 марти соли 2026 ва муҳлати истифодаи маҳдуда барои хирси маллаи тиёншонӣ аз 1 сентябри соли 2025 то 31 августи соли 2026 муайян карда шавад.
3.Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додани иҷозатномаҳо ва назорати давлатии истифодаи онҳоро таъмин намояд.
4.Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати воридот ва содироти объектҳои олами ҳайвоноти ваҳширо дар асоси фармоиши мазкур ва иҷозатномаҳои додашудаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад.
5.Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо назорати истифодаи мақсадноки махдудаҳои муайяншударо таъмин карда, аз натиҷааш моҳҳои март ва сентябри соли 2026 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 августи соли 2025, № 65-ф
...