Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» аз 29 августи соли 2025, №АП-862

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 августи соли 2025, №АП-862

Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ»

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» (минбаъд – Озмун) бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ва омӯзиши осору таърихи пурғановату пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллат дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи аҳолӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ инъикос ёфтааст, таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 доир мегардад.

2. Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеа гузаронида мешавад.

3. Иштирокдорони Озмун ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:

1) хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ (иборат аз се зергурӯҳ):

- хонандагони синфҳои 1-4 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;

- хонандагони синфҳои 5-8;

- хонандагони синфҳои 9-11 ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ (синфҳои 9-11);

2) донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр);

3) омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ (ба истиснои олимону донишмандоне, ки вобаста ба «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ кори илмӣ ё дигар тадқиқот анҷом додаанд, аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ);

...
Приложение 1
к распоряжению Президента
Республики Таджикистан
от 29 августа 2025 года №РП-862

Положение Республиканского конкурса «Шохномахони»

Прилагается на тадж.яз


...