ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби расонидани кумаки моддӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби расонидани кумаки моддӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалишавии Тартиби мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 27 августи соли 2025, № 450
...