АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1.Ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 90-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоимзода Ҷамшед ва сардори сарраёсати сиёсати энергетика ва захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуразоқзода Далер аз 12 то 15 августи соли 2025 (тибқи хатсайр) ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон фиристода шаванд.
2.Пардохти хароҷоти сафари мазкур бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 22 августи соли 2025, № АП-858
...