Созишнома байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба самтҳои умумии сиёсати ҷавонон

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

бо фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 30 июли соли 2025, №1052
тасдиқ шудааст 

Созишнома байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба самтҳои умумии сиёсати ҷавонон

Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки минбаъд «Тарафҳо» номида мешаванд,

бо итминони комил, ки тарбияи насли наврас, инчунин табодули намояндагони ҷавонон ва ақидаҳо дар рӯҳияи сулҳ, эҳтироми якдигар ва ҳамдигарфаҳмӣ ба беҳбудии муносибатҳои байналмилалӣ ва таҳкими сулҳу амният дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунанд,

бо назардошти нақши афзудаистодаи ҷавонон дар марҳалаи муосири тараққиёти ҷамъият,

бо изҳори хоҳиши фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамкории ҷавонон, ки ба таъмини рушди босамари иҷтимоию иқтисодӣ ва пешрафти илмию техникӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ нигаронида шудааст,

бо дарназардошти зарурати васеъгардонии дастрасии ҷавонон ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, инчунин ҷалби онҳо ба фаъолият оид ба ҳифз ва густариши мероси фарҳангӣ ва таърихии халқҳои Осиёи Марказӣ,

ба мувофиқаи зерин расиданд:

Моддаи 1

Тарафҳо бо мақсади татбиқи сиёсати ҷавонон кӯшишҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои дигари ҷавононро дар самтҳои зерин муттаҳид мекунанд:

- таъмини ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии ҷавонон;

-мусоидат ба рушди рӯҳӣ, зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва ахлоқии ҷавонон, инчунин дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманд ва боистеъдод;

...
Утвержден
Указом Президента
Республики Таджикистан
от 30 июля 2025 года  №1052

Соглашение между Республикой Казахстан, Кыргызской Республикой, Республикой Таджикистан, Туркменистаном и Республикой Узбекистан об общих направлениях молодежной политики

Республика Казахстан, Кыргызская Республика, Республика Таджикистан, Туркменистан и Республика Узбекистан, именуемые далее «Стороны»,

убеждаясь в том, что воспитание молодого поколения, а также обмен представителями молодежи и идеями в духе мира, взаимного уважения и взаимопонимания способствуют улучшению международных отношений и укреплению мира и безопасности в Центральной Азии.

принимая во внимание возрастающую роль молодежи на современном этапе развития общества,

выражая стремление к созданию благоприятных условий для развития молодежного сотрудничества, призванного обеспечить эффективное социально-экономическое развитие и научно- технический прогрессе в государствах Центральной Азии,

учитывая необходимость расширения доступа молодежи к социальным правам, а также вовлечения её в деятельность по сохранению и приумножению культурного и исторического наследия народов Центральной Азии,

согласились о нижеследующем:

Статья 1

Стороны в целях реализации молодежной политики консолидируют усилия органов государственной власти, молодежных общественных и иных организаций по следующим направлениям:

- обеспечение прав, свобод и законных интересов молодежи;

- содействие духовному, интеллектуальному, физическому и нравственному развитию молодежи, в том числе поддержка и стимулирование одаренной и талантливой молодежи;

...