Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2025, № 1050 "Дар хусуси лоиҳаи Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷавории абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси лоиҳаи Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷавории абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин


Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:

1. Лоиҳаи Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷавории абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин маъқул дониста шавад.

2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида бо маҳфуздорандаи Аҳднома сана ва маҳалли ба имзо расонидани Аҳдномаи мазкурро мувофиқа намояд.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 23 июли соли 2025, № 1050
Лоиҳа аз 29 майи соли 2025

Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷавории абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин

Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки минбаъд «Тарафҳо» номида мешаванд,

бо боварӣ ба он, ки таҳкими ҳамаҷонибаи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории мутақобила ҷавобгӯи манфиатҳои аслии халқҳои Тарафҳо мебошад,

бо таъкид бар он, ки таъмини сулҳ, субот ва рушд дар минтақа ва таҳкими ҳамкории ҳамаҷониба ба саъю кӯшиши муштарак ва манфиатҳои аслии халқҳои тамоми кишварҳо ҷавобгӯ буда, барои Осиё ва тамоми ҷаҳон аҳамияти хоса дорад,

ҷонибдории худро ба ҳадафҳои Оинномаи СММ ва принсипҳои дигари эътирофгардида ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ тасдиқ намуда,

...

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О проекте Договора о вечном добрососедстве, дружбе и сотрудничестве между Республикой Казахстан, Кыргызской Республикой, Республикой Таджикистан, Туркменистаном, Республикой Узбекистан и Китайской Народной Республикой

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» постановляю:

1.Одобрить проект Договора о вечном добрососедстве, дружбе и сотрудничестве между Республикой Казахстан, Кыргызской Республикой, Республикой Таджикистан, Туркменистаном, Республикой Узбекистан и Китайской Народной Республикой.

2.Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с депозитарием Договора дату и место подписания настоящего Договора.

Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе 23 июля 2025 года №1050

                                                                Проект от 29 мая 2025г.

Договор о вечном добрососедстве, дружбе и сотрудничестве между Республикой Казахстан, Кыргызской Республикой, Республикой Таджикистан, Туркменистаном, Республикой Узбекистан и Китайской Народной Республикой

Китайская Народная Республика, Республика Казахстан, Кыргызская Республика, Республика Таджикистан, Туркменистан, Республика Узбекистан (далее именуемые «Стороны»),

считая, что всестороннее укрепление добрососедства, дружбы и взаимовыгодного сотрудничества отвечает коренным интересам народов Сторон,

отмечая, что обеспечение мира, стабильности и развития в регионе и укрепление всестороннего взаимодействия отвечают общим стремлениям и коренным интересам народов всех стран, имеют важное значение для в Азии и во всём мире,

подтверждая приверженность целям Устава ООН и другим общепризнанным принципам, и нормам международного права,

основываясь на положениях законодательства каждой из Сторон,

...