ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи иваз намудани номи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия»
Мутобиқи моддаи 55 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Номи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия» ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамӣ» иваз карда шавад.
2.Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якљо бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати се моҳ бо тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамӣ»-ро ҳал намоянд.
3. Сархати ҳаштуми замимаи 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 145 «Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
« – Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамӣ»;».
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 24 июли соли 2025, № 409
...