Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2025, № 399 "Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ


Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ маъқул дониста шавад.

2.Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳуми мазкурро ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйироту иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

3.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Ёддошти тафоҳуми мазкурро бо ҷониби Муғулистон мувофиқа намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 23 июли соли 2025, № 399
Лоиҳа

ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БАЙНИ ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ВАЗОРАТИ ОЗУҚАВОРӢ, КИШОВАРЗӢ ВА САНОАТИ САБУКИ МУҒУЛИСТОН ОИД БА ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон, ки минбаъд «Тарафҳо» номида мешаванд,

бо ҷидду ҷаҳд ба тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди деҳот бо дарназардошти захираву имкониятҳои Тарафҳо,

...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О проекте Меморандума о взаимопонимании между Министерством сельского хозяйства Республики Таджикистан и Министерством продовольствия, сельского хозяйства и легкой промышленности Монголии о сотрудничестве в области сельского хозяйства

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.Одобрить проект Меморандума о взаимопонимании между Министерством сельского хозяйства Республики Таджикистан и Министерством продовольствия, сельского хозяйства и легкой промышленности Монголии о сотрудничестве в области сельского хозяйства.

2. Министру сельского хозяйства Республики Таджикистан подписать настоящий Меморандум о взаимопонимании и при необходимости внести в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с монгольской стороной дату и место подписания настоящего Меморандума о взаимопонимании.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан  Эмомали Рахмон
г.Душанбе от 23 июля 2025 года, №399
Проект

МЕМОРАНДУМ О ВЗАИМОПОНИМАНИИ МЕЖДУ МИНИСТЕРСТВОМ СЕЛЬСКОГО ХОЗЯЙСТВА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН И МИНИСТЕРСТВОМ ПРОДОВОЛЬСТВИЯ, СЕЛЬСКОГО ХОЗЯЙСТВА И ЛЕГКОЙ ПРОМЫШЛЕННОСТИ МОНГОЛИИ О СОТРУДНИЧЕСТВЕ В ОБЛАСТИ СЕЛЬСКОГО ХОЗЯЙСТВА

Министерство сельского хозяйства Республики Таджикистан и Министерство продовольствия, сельского хозяйства и легкой промышленности Монголии, именуемые в дальнейшем «Стороны»,

стремясь к расширению сотрудничества в сфере сельского хозяйства и развития сельской местности с учетом имеющегося потенциала Сторон,

выражая намерения углублять сотрудничество между Сторонами,

...