Фармоиши директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 майи соли 2025 №1/05 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармоиши директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 августи соли 2024, №1/32"

Санаи амалкуни: 28.07.2025

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

3 июни соли 2025, № 12962 ба қайди давлатӣ

гирифта шудааст

АГЕНТИИ ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОИШ

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармоиши директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 августи соли 2024, №1/32
030.130.000.
180.080.040.


Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»,


ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:


1.Ба Тартиби татбиқи лоиҳаи озмоишӣ дар соҳаи фаъолияти букмекерӣ, ки бо фармоиши директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 августи соли 2024, №1/32 «Дар бораи муқаррар кардани реҷаи махсуси танзимӣ оид ба амалисозии лоиҳаи озмоишӣ дар соҳаи фаъолияти букмекерӣ» тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 августи соли 2024, №1296 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 18 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Дар ҳолати аз ҷониби иштирокдорони бозӣ ворид намудани маблағ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёни электронӣ, маблағи интиқолшаванда танҳо тавассути суратҳисоби бонкие, ки дар ташкилоти қарзӣ кушода шудааст, ба суратҳисоби дахлдори ташкилкунандаи фаъолияти букмекерӣ, интиқол дода мешавад.»;

- банди 19 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«19. Пардохти бурдҳо ба иштирокдорони бозӣ дар асоси маълумотномаи ташкилкунандаи фаъолияти букмекерӣ, ки ба МИП тариқи Низоми ягонаи МИП пешниҳод карда мешавад, сурат мегирад. МИП дар асоси маълумотномаи дарҷгардида ба ташкилоти қарзӣ супориш оид ба пардохти бурд ба иштирокдорони бозиро медиҳад. Баъд аз пардохти бурд аз ҷониби ташкилоти қарзӣ ба иштирокдорони бозӣ, ташкилоти қарзӣ маблағи пардохти бурдро аз суратҳисоби ташкилкунандаи фаъолияти букмекерӣ, ки дар ин ташкилоти қарзӣ кушода шудааст, ҳисобӣ менамояд.»;

-дар банди 22 ҷумлаи якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Бо мақсади татбиқи муқаррароти Тартиби мазкур ташкилкунандагони фаъолияти букмекерӣ бо ташкилоти қарзӣ шартнома ба имзо мерасонанд.»;

-дар банди 24 сархати понздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

« - таъмини нигоҳдории маълумоти шахсии иштирокдорони бозӣ ва истифодаи таҷҳизоти дахлдор ҷиҳати амалӣ намудани ҳамин уҳдадорӣ тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;»;

-дар банди 27 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«Мақомоти ваколатдори давлатӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон уҳдадоранд дар асоси дархости Танзимгари ягона ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои вайрон намудани муқаррароти Тартиби мазкур аз ҷониби ташкилкунандагони фаъолияти букмекерӣ ва ташкилотҳои қарзие, ки ба онҳо хизматрасониҳои бонкиро тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои дахлдор пешниҳод менамоянд, чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасониро татбиқ намоянд. Инчунин, дар асоси дархости Танзимгари ягона мақомоти дахлдори давлатӣ дар соҳаи алоқа уҳдадор аст, ки дастрасиро ба хизматрасониҳои ташкилкунандагони фаъолияти букмекерӣ, ки фаъолияти худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ ба роҳ мондаанд, қатъ намояд»;

- банди 29 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«29. Феҳристи сиёҳ маълумотро оид ба ташкилкунандагони фаъолияти букмекерӣ, ки дар фаъолияти худ муқаррароти Тартиби мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мунтазам вайрон мекунанд, инчунин маълумотро оид ба ташкилкунандагони фаъолияти букмекерӣ, ки бинобар сабаби вайрон намудани муқаррароти Тартиби мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи хокистарранг қаблан ворид карда шуда, баъди хориҷ намудани маълумот нисбати чунин ташкилкунандагони фаъолияти букмекерӣ аз феҳристи хокистарранг, такроран муқаррароти Тартиби мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон менамоянд, дар бар мегирад.»;

- дар банди 47 рақами «5» ба рақами «3» иваз карда шавад;

- банди 48 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«48. Пардохтпулиҳои мақсаднок тариқи зайл тақсим карда мешаванд:

- 1% ба Федератсияи футболи Тоҷикистон;

- 1% ба Танзимгари ягона;

- 1% ба Маркази идоракунии пардохтҳо.».

2. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

3. Шуъбаи молия ва хоҷагидорӣ барои дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр намудани фармоиши мазкур чораҷӯйӣ намояд.


Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Хуршед


 ш. Душанбе, аз 24 майи соли 2025 №1/05

 



Зарегистрировано Министерством юстиции Республики Таджикистан от 3 июня 2025 года, №12962

АГЕНТСТВА ИННОВАЦИЙ И ЦИФРОВЫХ ТЕХНОЛОГИЙ ПРИ ПРЕЗИДЕНТЕ РЕСПБУЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

РАСПОРЯЖЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в распоряжение директора Агентства инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистана от 9 августа 2024 года, №1/32
030.130.000.
180.080.040.

В соответствии со статьёй 56 Закона Республики Таджикистана «О нормативных правовых актах»,

РАСПОРЯЖАЮСЬ:

1. Внести в Порядок реализации пилотного проекта в сфере букмекерской деятельности, утверждённое распоряжением директора Агентства инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан от 9 августа 2024 года №1/32 «Об установлении специального режима регулирования по реализации пилотного проекта в сфере букмекерской деятельности», зарегистрированное в Министерстве юстиции Республики Таджикистан 19 августа 2024 года, №1296 внести следующие изменения и дополнения:

- пункт 18 дополнить вторым предложением следующего содержания:

«При внесении денежных средств участниками игры с использованием банковских платёжных карт и электронных кошельков, перевод осуществляется в соответствующий банковский счёт организатора букмекерской деятельности, открытый в кредитной организации»;

- пункт 19 изложить в следующей редакции:

«19. Выплата выигрыша участникам игры осуществляется на основании справки организатора букмекерской деятельности, представляемой в ЦУП через Единую систему ЦУП. ЦУП на основании представленной справки поручает кредитной организации выплатить выигрыш участникам игры. После осуществления выплаты кредитной организацией выигрыша участникам игры, сумма выигрыша списывается со счёта организатора букмекерской деятельности, открытого в данной кредитной организации.»;

- пункт 22 дополнить первым предложением следующего содержания:

«В целях реализации настоящего Порядка организаторы букмекерской деятельности заключают договор с кредитной организацией.»;

- пункт 24 дополнить пятнадцатым абзацем следующего содержания:

«- обеспечение хранения персональных данных участников игры и использование соответствующего оборудования для выполнения данного обязательства в соответствии с действующим законодательством Республики Таджикистан.»;

- пункт 27 дополнить вторым предложением следующего содержания:

«Уполномоченные государственные органы и Национальный банк Таджикистана обязаны по запросу Единого регулятора в целях предотвращения нарушений настоящего Порядка принимать оперативные меры исправления и воздействия в отношении организаторов

букмекерской деятельности и кредитных организаций, оказывающие им банковские услуги в соответствии с законодательством Республики Таджикистан и соответствующими договорами. Также по запросу Единого регулятора компетентный государственный орган в сфере связи обязан прекратить доступ к услугам организаторов букмекерской деятельности, осуществляющие свою деятельность на территории Республики Таджикистан незаконно.»;

- пункт 29 изложить в следующей редакции:

«29. Черный реестр содержит информацию об организаторах букмекерской деятельности, которые систематически нарушают положения настоящего Порядка и другие нормативные правовые акты Республики Таджикистан, а также информацию об организаторах букмекерской деятельности, которые ранее были включены в коричневый реестр из-за нарушений положений настоящего Порядка и других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, и после исключение о них информации повторно нарушали положения настоящего Порядка и нормативных правовых актов Республики Таджикистан.»;

- в пункте 47 цифру «5» заменить цифрой «3»;

- пункт 48 изложить в следующей редакции:

«48. Целевые платежи распределяются следующим образом:

- 1% - для Федерации футбола Таджикистана;

- 1% - для Единого регулятора;

- 1% - для Центра управления платежами.».

2.Настоящее распоряжение представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

3.Финансово-хозяйственному отделу принять меры для публикации настоящего распоряжения в газете «Джумхурият».

Директор Агентства инноваций и цифровых технологий при Президенте Республики Таджикистан Мирзо Хуршед
г. Душанбе от 24 мая 2025 года, №1/05