Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
26 майи соли 2025, №1343 ба қайди давлатӣ
гирифта шудааст
Замима
ба фармоиши вазири молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 апрели соли 2025,
№ 43Тартиби гузаронидани аттестатсияи кормандони иштирокчии касбии бозори коғазҳои қимматнок ва додани шаҳодатномаи тахассусӣ
1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1.Тартиби гузаронидани аттестатсияи кормандони иштирокчии касбии бозори коғазҳои қимматнок ва додани шаҳодатномаи тахассусӣ (минбаъд – Тартиби мазкур) тартиби гузаронидани аттестатсияи кормандони иштирокчии касбии бозори коғазҳои қимматнок ва додани шаҳодатномаи тахассусиро муайян менамояд.
2.Гузаронидани аттестатсияи кормандони иштирокчии касбии бозори коғазҳои қимматнок (минбаъд - аттестатсия) новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ аз ҷониби Агентии коғазҳои қимматнок ва бақайдгирии махсуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Агентӣ) ба роҳ монда мешавад.
3.Аттестатсия бо мақсади баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасонӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳо ва сатҳи дониши касбии иштирокчии касбии бозори коғазҳои қимматнок гузаронида мешавад.
4. Гузаронидани аттестатсия мутобиқи принсипҳои зерин ба роҳ монда мешавад:
- ошкоро гузаронидани аттестатсия;
- таъмини шаффофияти аттестатсия;
...