Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 7 июли соли 2025, №392
Низомномаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо
1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1.Низомномаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо (минбаъд – Низомнома) бо мақсади баррасии шикоятҳои пешниҳоднамудаи иштирокдорони озмуни хариди давлатӣ таҳия гардида, ташкили фаъолият, вазифаҳо, ваколат ва уҳдадориҳои Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо (минбаъд – Комиссияи байниидоравӣ)-ро муайян менамояд.
2.Комиссияи байниидоравӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии иштирокдорони озмун таъсис дода мешавад.
3.Комиссияи байниидоравӣ шикоятҳоро танҳо дар сурате баррасӣ мекунад, ки агар иштирокдори озмун аллакай ба ташкилоти харидор оид ба масъалаи мавриди эътироз шикоят пешниҳод карда, шикоят рад карда шудааст ё қарор аз рӯйи он аз ҷониби ташкилоти харидор қабул карда нашудааст ё қарори қабулшуда иштирокдори озмунро қонеъ нагардонидааст. Муқаррароти Низомномаи мазкур наметавонад ҳуқуқи иштирокдори озмунро ҷиҳати муроҷиат ба суд бе ҳалли пешакии ихтилофи назар мутобиқи Низомномаи мазкур маҳдуд созад.
4.Комиссияи байниидоравӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ», Низомномаи мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад.
2.ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯИ БАЙНИИДОРАВӢ
5.Бо фармоиши ҳарсолаи Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати Комиссияи байниидоравӣ шахсони мансабдори вазоратҳое, ки ба Комиссияи байниидоравӣ шомиланд, дохил карда мешаванд. Дар мавриди зарурат, аъзои Комиссияи байниидоравӣ метавонад бо шахси дигари ҷавобгўи талаботи Низомномаи мазкур дар асоси пешниҳоди номзад ба Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шавад.
6.Раис, аъзо ва котиби Комиссияи байниидоравӣ фаъолияти худро ройгон анҷом медиҳанд. Таъминоти моддию техникии марбут ба баргузории ҷаласаҳои Комиссияи байниидоравӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хариди давлатӣ вогузор карда мешавад.
7.Агар харид дар портали ягонаи хариди давлатии электронӣ (минбаъд – портали ягона) гузаронида шавад, қарорҳои дахлдори аз рӯйи шикоятҳо қабулгардида дар портали ягона ҷойгир карда мешаванд.
8.Котиби Комиссияи байниидоравӣ на дертар аз як рӯзи корӣ Комиссияи байниидоравиро дар бораи шикояти пешниҳодшуда дар он шакл ва мазмун, ки ба портали ягона пешниҳод гардидааст, хабардор сохта, ҳуҷҷатҳои замимашудаи иштирокдори озмунро пешниҳод менамояд.
...