ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2020, №1463
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фармон медиҳам:
1.Дар банди 4 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2020, №1463 «Дар бораи табдил додани муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» рақами «350» ба рақами «480» иваз карда шуда, калимаҳои «марҳила ба марҳила» хориҷ карда шаванд.
2.Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории хароҷоти нигоҳдорӣ (пардохти музди меҳнат ва суғуртаи иҷтимоӣ)-и 130 воҳиди кории иловагии Муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар соли 2025 бо тартиби муқарраргардида аз суратҳисоби махсуси Муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъмин карда, дар солҳои минбаъда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 15 июли соли 2025, № 1047
...