Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
7 майи соли 2025, №9571 ба қайди давлатӣ
гирифта шудааст
ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ
Дар бораи Тартиби гузаронидани амалиёти хатнаи писарон
190.010.150.
Мутобиқи қисми 3 моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва банди 7-и Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №148 тасдиқ шудааст,
ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
1. Тартиби гузаронидани амалиёти хатнаи писарон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Раёсатҳои ташкили хизматрасонии тиббӣ ва технологияҳои муосир, хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила, ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва робитаҳои байналмилалӣ, раёсатҳои тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, инчунин муассисаҳои давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино», «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон», «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ», муассисаҳои давлатии «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон», «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ», муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ, беморхонаҳои марказӣ ва шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои талаботи Тартиби мазкурро дар амалияи муассисаҳои табобатию пешгирӣ ва барномаҳои таълимии пойгоҳҳои клиникии кафедраҳои ҷарроҳии кӯдаконаи муассисаҳои таълимии тиббӣ таъмин намоянд.
3. Муассисаҳои давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» ва «Маркази матбуот»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботиро оид ба саривақт гузаронидани амалиёти хатнаи кӯдакон дар миқёси ҷумҳурӣ пурзӯр намуда, оид ба моҳияти бармаҳал гузаронидани амалиёти хатна тавассути воситаҳои ахбори омма ба аҳолӣ маълумот пешниҳод намоянд.
4. Фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2018, №994 «Дар бораи ба танзим даровардани амалиёти хатна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 декабри соли 2018, №957 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
5. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
6. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини якум ва муовини соҳавӣ вогузор карда шавад.
...