ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба таъсиси Шурои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Деваони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба таъсиси Шурои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон маъқул дониста шавад.
2. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли баимзорасонии Созишномаи мазкурро бо ҷониби Қирғизистон мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 7 июли соли 2025, № 391
Лоиҳа
СОЗИШНОМА байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба таъсиси Шурои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон минбаъд «Тарафҳо», бо мақсади таҳким, дастгирӣ ва рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ байни Тарафҳо, бо роҳбарии принсипҳои манфиати муштарак ва бо мақсади фаъолгардонии ҳамкории дуҷониба, ба мувофиқаи зайл расиданд:
Моддаи 1
...