АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи вазирони нақлиёти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим аз 29 июн то 3 июли соли 2025 ба шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин фиристода шавад.
2. Пардохти хароҷоти сафари мазкур бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 2 июли соли 2025, № АП-823
...