×

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2025, № 378 "Дар хусуси лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Филиззот» оид ба лоиҳаи бунёди маҷмааи саноатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Филиззот» оид ба лоиҳаи бунёди маҷмааи саноатӣ


Мутобиқи моддаҳои 8 ва 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Лоиҳаи созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Филиззот» оид ба лоиҳаи бунёди маҷмааи саноатӣ маъқул дониста шавад.

2. Номгӯйи молҳо, воситаҳои нақлиёт, техника ва таҷҳизоте, ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Филиззот» оид ба лоиҳаи бунёди маҷмааи саноатӣ бо мақсади азхудкунии конҳои канданиҳои фоиданок, сохта ба истифода додани корхонаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок, коркарди онҳо ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, ки пас аз тасдиқ гардидани созишномаи сармоягузорӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохтҳои гумрукӣ тибқи созишномаи сармоягузорӣ озод карда мешаванд, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

3. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи сармоягузории мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Филиззот» сана ва маҳалли имзои созишномаи сармоягузории мазкурро мувофиқа намояд.

5. Созишномаи сармоягузории мазкур пас аз ба имзо расидан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ равона карда шавад.

6. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақт гузаронидани расмиёти гумрукии молҳо, воситаҳои нақлиёт, техника ва таҷҳизоти воридшаванда ва назорати истифодабарии мақсадноки онҳоро таъмин намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 июли соли 2025, № 378
Лоиҳа
...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О проекте инвестиционного соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Обществом с ограниченной ответственностью «Филиззот» по проекту строительства промышленного комплекса

В соответствии со статьями 8 и 14 Закона Республики Таджикистан «Об инвестициях и поощрении инвестиционной деятельности» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Одобрить проект инвестиционного соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Обществом с ограниченной ответственностью «Филиззот» по проекту строительства промышленного комплекса.

2. Утвердить Перечень товаров, транспортных средств, техники и оборудования, ввозимых Обществом с ограниченной ответственностью «Филиззот» в Республику Таджикистан по проекту строительства промышленного комплекса с целью освоения месторождений полезных ископаемых, строительства и введения в эксплуатацию предприятий по добыче руд, их переработки и производства конечной продукции, освобождаемых в соответствии с инвестиционным соглашением от уплаты таможенных платежей после ратификации инвестиционного соглашения со стороны Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан (прилагается).

3. Председателю Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан подписать настоящее инвестиционное соглашение от имени Правительства Республики Таджикистан и при необходимости внести в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

4. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с Обществом с ограниченной ответственностью «Филиззот» дату и место подписания настоящего инвестиционного соглашения.

5. Настоящее инвестиционное соглашение после подписания представить для ратификации в Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.

6. Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан обеспечить своевременное проведение таможенных процедур ввозимых товаров, транспортных средств, техники и оборудования и контроль за их целевым использованием.

Председатель Правительства  Республики Таджикистан             Эмомали Рахмон
г. Душанбе, от 1 июля 2025 года, №378
...