×

Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ аз 24 июни соли 2025, № 361

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 24 июни соли 2025, №361
тасдиқ шудааст

Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ (минбаъд - Низомнома) масъалаҳои тартиби адо, дохилшавӣ, таъин, гузариш, озод ва рухсат аз хизмати ҳарбӣ, инчунин ҳайати хизматчиёни ҳарбӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ, тартиби додани рутбаҳои ҳарбӣ, муҳлати хизмати ҳарбӣ дар рутбаҳои ҳарбӣ, маҳрум, баробар, барқарор ва паст кардан дар рутбаҳои ҳарбӣ, гузаронидани аттестатсия, намудҳои рухсатӣ, хориҷ намудан аз рӯйхати ҳайати шахсӣ, ҳайати эҳтиёт, хусусияти гузаштани хизмати ҳарбӣ дар замони ҷанг, тартиби бақайдгирии вақти хизматӣ ва пешниҳод намудани рӯзи иловагии истироҳатро ба танзим медарорад.

2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - шаҳрвандон), ки дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ хизмати ҳарбиро адо менамоянд, хизматчиёни ҳарбӣ мебошанд. Адои хизмати ҳарбӣ - ин тағйирёбии муносибатҳои ҳуқуқии муайян буда, аз давраи оғози хизмати ҳарбӣ то хотимаи онро дар бар мегирад, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома ва оинномаҳои ҳарбӣ танзим мегардад.

3. Хизматчиёни ҳарбӣ хизмати ҳарбиро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомнома дар қисму воҳидҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҳарбӣ, мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ва сохторҳои дигари ҳарбӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» таъсисшаванда (минбаъд – мақомоти дигари давлатие, ки дар онҳо мутобиқи қонунгузорӣ хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст), адо менамоянд.

4. Ба хизматчиёни ҳарбӣ инҳо мансубанд:

1) сарбозон, сержантҳо;

2) прапоршикҳо, афсарон;

3) занон-хизматчиёни ҳарбӣ;

4) курсантҳои муассисаҳои таълимии давлатии ҳарбии таҳсилоти олии касбӣ.

5. Ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва масъулияти хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин мафҳуми иҷрои хизмати ҳарбиро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ», «Дар бораи собиқадорон», оинномаҳои ҳарбӣ, Низомнома ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.

...
Утверждено 
                  постановлением Правительства                      Республики Таджикистан 
от «24» июня 2025 года, №361

Положение о порядке прохождения военной службы

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1.Положение о порядке прохождения военной службы (далее - Положение) регулирует вопросы порядка прохождения службы, поступления, назначения, перевода, освобождения и увольнения с военной службы, а также состава военнослужащих и воинских званий, порядка присвоения воинских званий, сроков военной службы в воинском звании, лишения, равнозначности, восстановления и снижения в воинских званиях, проведения аттестаций, видов отпусков, исключения из списков личного состава, состава запаса, особенностей прохождения военной службы в военное время, порядка учёта служебного времени и предоставления дополнительного дня отдыха.

2. Граждане Республики Таджикистан (далее - граждане), проходящие военную службу в Вооруженных Силах Республики Таджикистан, войсках и других воинских формированиях, являются военнослужащими. Прохождение военной службы - это изменение определенных правоотношений за период от начала военной службы и до ее окончания, регулируемый законодательством Республики Таджикистан, Положением и воинскими уставами.

3. Военнослужащие проходят военную службу в соответствии с законодательством Республики Таджикистан и Положением в воинских частях и соединениях Министерства обороне Республики Таджикистан, Вооруженных Сил Республики Таджикистан, Комитета национальной безопасности Республики Таджикистан, Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан, Внутренних войск Министерства внутренних дел Республики Таджикистан, Пограничных войск Комитета национальной безопасности Республики Таджикистан, Национальной гвардии Республики Таджикистан, Главного управления исполнения наказаний Министерства юстиции Республики Таджикистан, Агентства по обеспечению специальным имуществом при Правительстве Республики Таджикистан, военных судов, органов военной прокуратуры и других создаваемых в соответствии с Законом Республики Таджикистан «Об обороне» воинских структурах (далее - другие государственные органы, в которых законодательством предусмотрена военная служба).

4. К военнослужащим относятся:

1) солдаты, сержанты;

2) прапорщики, офицеры;

3) военнослужащие-женщины;

4) курсанты государственных военных образовательных учреждений высшего профессионального образования.

5. Права, обязанности и ответственность военнослужащих, а также понятие исполнения военной службы определяются законами Республики Таджикистан «О воинской обязанности и военной службы», «О статусе военнослужащих», «О ветеранах», воинскими уставами, Положением и другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.

6. Содержание прохождения военной службы составляют следующие правоотношения:

...