Тартиби танзими пардохти саривақтии ҳаққи қувваи барқи истифодагардида ва пардохти қарзи ҳаққи қувваи барқи батаъхирафтодаи ташкилотҳои буҷетӣ, корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки давлат дар сармояи оинномавии онҳо ҳисса дорад ё ҷуброни он дар ҳолатҳои истисноӣ аз 24 июни соли 2025, №367

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 24 июни соли 2025, №367

Тартиби танзими пардохти саривақтии ҳаққи қувваи барқи истифодагардида ва пардохти қарзи ҳаққи қувваи барқи батаъхирафтодаи ташкилотҳои буҷетӣ, корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки давлат дар сармояи оинномавии онҳо ҳисса дорад ё ҷуброни он дар ҳолатҳои истисноӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби танзими пардохти саривақтии ҳаққи қувваи барқи истифодагардида ва пардохти қарзи ҳаққи қувваи барқи батаъхирафтодаи ташкилотҳои буҷетӣ, корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки давлат дар сармояи оинномавии онҳо ҳисса дорад ё ҷуброни он дар ҳолатҳои истисноӣ (минбаъд – Тартиб) раванди пардохти саривақтии ҳаққи қувваи барқи истифодагардида ва пардохти қарзи ҳаққи қувваи барқи батаъхирафтодаи ташкилотҳои буҷетӣ, корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки давлат дар сармояи оинномавии онҳо ҳисса дорад ё ҷуброни онро дар ҳолатҳои истисноӣ танзим менамояд.

2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ, шурои нозирон (ё мақоми идоракунии дигар тибқи оиннома)-и корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки давлат дар сармояи оинномавии онҳо ҳисса дорад, уҳдадоранд талаботи Тартибро риоя ва таъмин намоянд.

2. МЕХАНИЗМИ ПАРДОХТИ САРИВАҚТИИ ҲАҚҚИ ҚУВВАИ БАРҚИ ИСТИФОДАГАРДИДА ВА ПАРДОХТИ ҚАРЗИ ҲАҚҚИ ҚУВВАИ БАРҚИ БАТАЪХИРАФТОДА

3. Ташкилотҳои буҷетӣ уҳдадоранд, ки пардохти саривақтии ҳаққи қувваи барқи истифодагардидаро ҳангоми фаро расидани муҳлати пардохт ва пардохти қарзи ҳаққи қувваи барқи батаъхирафтодаро тавассути механизмҳои зерин амалӣ намоянд:

- дар раванди пешниҳоди дархости буҷетӣ барои соли молиявии дахлдор маблағи нақшавии пардохти ҳаққи қувваи барқи истифодашавандаро бо дарназардошти мавриди истифода қарор гирифтани иншооти инфрасохтории соҳа (агар чунин ҳолат ҷой дошта бошад), насби таҷҳизоти нав ва эҳтимолияти афзоиши арзиши қувваи барқ пешбинӣ намуда, бо тартиби муқарраршуда барои маблағгузорӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молияи давлатӣ пешниҳод менамоянд;

- маблағҳои нақшавии барои пардохти ҳаққи қувваи барқ пешбинишударо ҳамчун моддаи ҳимояшавандаи хароҷоти буҷетӣ пурра таъмин карда, аз бознигарӣ (азнавтақсимкунӣ)-и маблағҳои мақсаднок ҷудогардида, аз ҷумла ба дигар соҳаҳо равона намудани онҳо, қатъиян худдорӣ менамоянд;

- дар сурати аз маблағи дар сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти пешбинишуда зиёд гардидани маблағи ҳаққи қувваи барқи истифодашуда, пардохти онро аз ҳисоби суратҳисоби маблағҳои махсус ва (ё) бо роҳи азнавтақсимкунии моддаҳои дигари хароҷот ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, таъмин менамоянд;

- вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ, ки дар фаъолияти онҳо пешбурди суратҳисоби махсус муқаррар (пешбинӣ) нашудааст, пардохти ҳаққи қувваи барқи истифодашударо бо тартиби муқарраршуда тавассути бозбинӣ намудани моддаҳои пешбинишудаи харољот, ба истиснои моддаҳои ҳимояшаванда, анҷом медиҳанд;

- дар сурати тибқи талаботи сархатҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми банди мазкур танзим нагардидани пардохти ҳаққи қувваи барқи истифодашуда ва на зиёда аз ду моҳ сипарӣ гардидани муҳлати пардохт, субъектҳои дар банди мазкур дарҷгардида ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молияи давлатӣ барои ҷудо намудани маблағи иловагӣ бо нишон додани асоснокии дахлдори напардохтани маблағ дархост ирсол менамоянд.

...
Приложение
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от «24» июня 2025 года, №367

Порядок урегулирования своевременной оплаты за потребление электрической энергии и уплаты просроченной задолженности за электрическую энергию бюджетных организаций, государственных предприятий и хозяйственных обществ, в которых государство имеет долю в уставном капитале, или её возмещения при исключительных обстоятельствах

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок урегулирования своевременной оплаты за потребление электрической энергии и уплаты просроченной задолженности за электрическую энергию бюджетных организаций, государственных предприятий и хозяйственных обществ, в которых государство имеет долю в уставном капитале, или её возмещения при исключительных обстоятельствах (далее – Порядок) регулирует процесс оплаты потребленной электрической энергии и уплаты просроченной задолженности за электрическую энергию со стороны бюджетных организаций, государственных предприятий и хозяйственных обществ, в которых государство имеет долю в уставном капитале, или её возмещения при исключительных обстоятельствах.

2. Министерства и ведомства, исполнительные органы государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республики и другие бюджетные организации, наблюдательные советы (или иной орган управления согласно уставу) государственных предприятий и хозяйственных обществ, в которых государство имеет долю в уставном капитале, обязаны соблюдать и обеспечить требования настоящего Порядка.

2. МЕХАНИЗМ СВОЕВРЕМЕННОЙ ОПЛАТЫ ЗА ПОТРЕБЛЕНИЕ ЭЛЕКТРИЧЕСКОЙ ЭНЕРГИИ И УПЛАТЫ ПРОСРОЧЕННОЙ ЗАДОЛЖЕННОСТИ ЗА ЭЛЕКТРИЧЕСКУЮ ЭНЕРГИЮ

3. Бюджетные организации обязаны обеспечить своевременную оплату за потребленную электрическую энергию при наступлении срока оплаты, и уплату просроченной задолженности за электрическую энергию посредством следующих механизмов:

- в процессе представления бюджетной заявки на соответствующий финансовый год предусматривают сумму на оплату потребляемой электрической энергии, с учетом ввода в эксплуатацию отраслевых инфраструктурных объектов (если имеется такой случай), установки нового оборудования и вероятности повышения тарифов на электрическую энергию, и в установленном порядке представляют в уполномоченный орган в сфере государственных финансов для финансирования;

- оплату запланированных средств, предусмотренных для оплаты электрической энергии, как защищенные статьи бюджетных расходов обеспечивают в полной мере и строго воздерживаются от пересмотра (перераспределения) выделенных целевых средств, в том числе их перенаправление на другие отрасли;

- в случае превышения суммы, выделенной на оплату потребленной электрической энергии и предусмотренной в единой смете доходов и расходов, осуществляют её выплату за счет средств на специальном счете, и (или) путем перераспределения других статей расходов и иных источников, не запрещенных законодательством;

- министерства и ведомства, предприятия, учреждения и другие бюджетные организации, деятельность которых не устанавливает (предусматривает) ведения специального счета, осуществляют оплату потребленной электрической энергии в установленном порядке путем перераспределения запланированных статей расходов, за исключением защищенных статей;

- в случае, если оплата потребленной электрической энергии не урегулирована в соответствии с положениями первого, второго, третьего и четвертого абзацев настоящего пункта, и просрочки оплаты на период не более двух месяцев, субъекты, указанные в настоящем пункте, направляют заявку в уполномоченный государственный орган в сфере государственных финансов о выделении дополнительных финансовых средств с указанием соответствующего обоснования неуплаты средств.

...