ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 55 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб» бо воҳидҳои кории амалкунанда ва маблағҳои пешбинишуда ба ихтиёри Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.
2. Номи Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб» ба «Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон» иваз карда шавад.
3. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаи мазкурро ҳал намояд.
4. Сархати понздаҳуми Номгӯи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияташонро дар соҳаи маориф дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 145 «Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардидааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон»;».
5. Сархати сиюми Номгӯи корхона ва муассисаҳои системаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 147 «Дар бораи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, хориҷ карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 29 майи соли 2025, № 319
...