ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Шурои миллии об
Мутобиқи моддаи 12 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Шурои миллии об таъсис дода шавад.
2. Низомнома ва ҳайати Шурои миллии об тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
3. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои қарори мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 29 майи соли 2025, № 318
...