Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 апрели соли 2025 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 13311
КУМИТА ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ
Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба фармоиши раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2025, №67
170.040.050.
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»,
ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
1. Ба Тартиби хориҷ ва барқароркунии хонандагон, гузариш аз як муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим, ки бо фармоиши раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2025,№67 «Дар бораи Тартиби хориҷ ва барқароркунии хонандагон, гузариш аз як муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим тасдиқ карда шавад» тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 марти соли 2025, №1331 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, тағйиру иловаи зерин ворид карда шавад:
- дар банди 5 калимаи «нарасидаанд» ба калимаи «расидаанд» иваз карда шавад;
- дар банди 7 пас аз калимаи «заминаи» калимаҳои «таҳсилоти умумии асосӣ (аз синни 18 боло) ва» илова карда шаванд.
2. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарпарасти соҳа гузошта шавад.
...