×

Тартиб ва меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғуртавӣ аз 23 декабри соли 2024, №101

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 14 марти соли 2025 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 1332

Замима
ба қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
аз 23 декабри соли 2024, №101

Тартиб ва меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғуртавӣ

Тартиб ва меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғуртавӣ (минбаъд - Тартиб) мутобиқи қисми 5 моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» таҳия гардида, тартиб ва меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷудокуниҳоро ба фондҳои захиравии суғуртавӣ муайян менамояд.

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- услубҳои актуарӣ – услубҳои иқтисодӣ-математикии аз ҷониби актуарий ҳангоми ҳисоб намудани захираҳои суғуртавӣ истифодашаванда;

- мукофоти суғуртавии заминавӣ – ҳаққи суғуртавӣ бо тарҳи подошпулии комиссионӣ барои хизматрасонии миёнаравӣ, захира барои ҳолатҳои фавқулода ва захира барои чораҳои пешгирикунанда аз рӯйи шартномаҳои суғурта (азнавсуғуртакунӣ);

- мукофоти суғуртавии бадастнаомада – қисми ҳаққи суғуртавӣ, ки тибқи шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) ба давраи амали ҳимояи суғуртавии баъди санаи ҳисоб мансуб аст;

- маблағи софи ҳаққи суғуртавии бадастомада – қисми ҳаққи суғуртавӣ, ки тибқи шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) ба давраи сипаришудаи ҳимояи суғуртавӣ мансуб аст;

- даъвои пардохтнашуда – талабот нисбат ба ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) арзшуда оид ба пардохти ҷуброни суғуртавӣ тибқи шартномаҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)-е, ки оид ба онҳо то санаи ҳисоб пардохти суғуртавӣ амалӣ карда нашудааст ё дар ҳаҷми пурра амалӣ нагардидааст;

...
Зарегистрировано Министерством юстиции Республики Таджикистан от 14 марта 2025 года, регистрационный номер 1332
Приложение
к постановлению Правления
Национального банка Таджикистана
от 23 декабря 2024 года, №101

Порядок и нормы вычетов отчислений в страховые резервные фонды

Порядок и нормы вычетов отчислений в страховые резервные фонды (далее-Порядок) разработан в соответствии с частью 5 статьёй 27 Закона Республики Таджикистан «О страховой деятельности» и определят порядок и нормы вычетов отчислений в страховые резервные фонды.

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Основные понятия, используемые в настоящем Порядке:

- актуарные методы – экономико-математические методы расчётов, применяемые актуарием при расчёте страховых резервов;

- базовый страховой взнос – страховой взнос за минусом комиссионного вознаграждения за оказание посреднических услуг, страховой резерв на случай чрезвычайных ситуаций и резерва предупредительных мероприятий по заключённым договорам страхования (перестрахования);

- незаработанный страховой взнос – часть страхового взноса, относящегося к периоду действия страховой защиты по договору страхования (перестрахования), следующему за датой расчёта;

- чистая сумма заработанного страхового взноса – часть страхового взноса, относящегося к истекшему периоду страховой защиты по договору страхования (перестрахования);

- неуплаченная претензия – заявленное требование к страховой (перестраховочной) организации по осуществлению страхового возмещения в соответствии с договором страхования (перестрахования), по которому не осуществлено или осуществлено не в полном объёме страховое возмещение;

- приведённая ожидаемая стоимость – ожидаемая (вероятная) стоимость страховых взносов (часть страховых взносов) или страховых выплат (возмещений), либо расходов, рассчитанная (дисконтированная) с учётом процентной ставки и периода между датой расчёта и датой поступления дененжных средств;

...