ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
23 апрели соли 2025,
№ 89қабул карда шудааст
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 13 майи соли 2025,
№ 39ҷонибдорӣ карда шудааст
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321, №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2, мод. 5, №3, мод. 153, №7, мод. 547, №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод. 431, №7-8, мод. 610, №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256, №7, мод. 685, мод. 693, №8, мод. 814, №12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181, №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143, мод. 144, №7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, №3, мод. 201, №7-9, мод. 707, мод. 708, №11, мод. 955, №12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, №3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, №5, мод. 359, мод. 361, №7, мод. 613, мод. 614, №11, мод. 877; с. 2017, №1-2, мод. 5, мод. 6, №5, қ. 1, мод. 275, №7-9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, №1, мод. 9, №5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, №1, мод. 8, №6, мод. 312, мод. 313, №7, мод. 464; с. 2020, №1, мод. 6, №7-9, мод. 604, мод. 606, мод. 621, №12, мод. 900, мод. 901; с. 2021, №6, мод. 384, мод. 385, №12, қ. 2, мод. 686, мод. 687, мод. 688, мод. 689; с. 2022, №1-3, мод. 12, №7, мод. 443, №12, қ. 2, мод. 768; с. 2023, №4-6, мод. 155, №11, мод. 459; с. 2024, №1-2, мод. 3, мод. 4, №5-6, мод. 253, №7-11, мод. 518, мод. 519; с. 2025, №1, мод. 4; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2025, №2164) моддаи 6061 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 6061. Риоя накардани тартиби рамзгузории электронии молҳо аз ҷониби иштирокдорони муомилоти молҳо ва операторони пайгирикунандаи гардиши молҳо
1. Барои риоя накардани тартиби рамзгузории электронии молҳо аз ҷониби иштирокдорони муомилоти молҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон,-
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз бист то сӣ, соҳибкорони инфиродӣ аз чил то панҷоҳ ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
2. Барои саркашӣ намудан аз рамзгузории электронии молҳо, бе рамзгузории электронии молҳо ба фурўш баровардани молҳо ё қалбакӣ омода намудани рамзгузории молҳо,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, соҳибкорони инфиродӣ аз панҷоҳ то шаст ва шахсони ҳуқуқӣ аз сад то яксаду бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
3. Барои риоя накардани тартиби рамзгузории электронии молҳо аз ҷониби операторони пайгирикунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо,-
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷоҳ то шаст ва шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду бист то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
4. Барои такроран содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои 1, 2 ва 3 ҳамин модда,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз чил то панҷоҳ, шахсони мансабдор аз шаст то ҳаштод, соҳибкорони инфиродӣ аз сад то яксаду бист ва шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду сӣ то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 14 майи соли 2025, № 2170
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ
Принят Постановлением
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан
от 23 апреля 2025 года, №89 Одобрен Постановлением
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан
Статья 1. Дополнить Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях от 31 декабря 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №12, ч. 1, ст. 989, ст. 990; 2009 г., №5, ст. 321, №9-10, ст. 543; 2010 г., №1, ст. 2, ст. 5, №3, ст. 153, №7, ст. 547, №12, ч. 1, ст. 812; 2011 г., №6, ст. 430, ст. 431, №7-8, ст. 610, №12, ст. 838; 2012 г., №4, ст. 256, №7, ст. 685, ст. 693, №8, ст. 814, №12, ч. 1, ст. 1004; 2013 г., №3, ст. 181, №7, ст. 508; 2014 г., №3, ст. 143, ст. 144, №7, ч. 1, ст. 389, ст. 390; 2015 г., №3, ст. 201, №7-9, ст. 707, ст. 708, №11, ст. 955, №12, ч. 1, ст. 1108; 2016 г., №3, ст. 130, ст. 131, ст. 132, №5, ст. 359, ст. 361, №7, ст. 613, ст. 614, №11, ст. 877; 2017 г., №1-2, ст. 5, ст. 6, №5, ч. 1, ст. 275, №7-9, ст. 568, ст. 585; 2018 г., №1, ст. 9, №5, ст. 268, ст. 269; 2019 г., №1, ст. 8, №6, ст. 312, ст. 313, №7, ст. 464; 2020 г., №1, ст. 6, №7-9, ст. 604, ст. 606, ст. 621, №12, ст. 900, ст. 901; 2021 г., №6, ст. 384, ст. 385, №12, ч. 2, ст. 686, ст. 687, ст. 688, ст. 689; 2022 г., №1-3, ст. 12, №7, ст. 443, №12, ч. 2, ст. 768; 2023 г., №4-6, ст. 155, №11, ст. 459; 2024 г., №1-2, ст. 3, ст. 4, №5-6, ст. 253, №7-11, ст. 518, ст. 519; 2025 г., №1, ст. 4; Закон Республики Таджикистан от 15 апреля 2025 года, №2164) статьей 6061 следующего содержания:
«Статья 6061. Несоблюдение порядка электронной маркировки товаров участниками оборота товаров и операторами по отслеживанию товарооборота
1. Несоблюдение порядка электронной маркировки товаров участниками оборота товаров на территории Республики Таджикистан,-
влечет наложение штрафа на должностных лиц в размере от двадцати до тридцати, индивидуальных предпринимателей от сорока до пятидесяти и юридические лица от восьмидесяти до ста показателей для расчетов.
2. Уклонение от электронной маркировки товаров, реализация товаров без электронной маркировки товаров или изготовление поддельной маркировки товаров,-
влекут наложение штрафа на физических лиц в размере от двадцати до тридцати, должностных лиц от сорока до пятидесяти, индивидуальных предпринимателей от пятидесяти до шестидесяти и на юридические лица от ста до ста двадцати показателей для расчетов.
3. Несоблюдение порядка электронной маркировки товаров операторами по отслеживанию товарооборота и порядка их контроля,-
влечет наложение штрафа на должностных лиц в размере от пятидесяти до шестидесяти и на юридические лица от ста двадцати до ста пятидесяти показателей для расчетов.
4. Повторное совершение действий, предусмотренных частями 1, 2 и 3 настоящей статьи,-
влечет наложение штрафа на физических лиц в размере от сорока до пятидесяти, должностных лиц от шестидесяти до восьмидесяти, индивидуальных предпринимателей от ста до ста двадцати и на юридические лица от ста тридцати до ста пятидесяти показателей для расчетов.».
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе, от 14 мая 2025 года, №2170