Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2025, № 2168 «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Санаи амалкуни: 16.05.2025

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 5 майи соли 2025, № 95
қабул карда шудааст
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
аз 13 майи соли 2025, № 46
ҷонибдорӣ карда шудааст


Моддаи 1. Ба моддаи 325 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2021, № 12, қ. 1, мод. 681; с. 2022, № 1, 2-3, мод. 18, № 12, қ. 2, мод. 774; с. 2023, № 1-3, мод. 8, № 11, мод. 472; с. 2024, № 5-6, мод. 267, с. 2025, № 2, мод. 112; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2025, № 2158; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2025, № 2159; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2025, № 2160; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2025, №2161) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:

- сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«- аз 1 июни соли 2025 - 8 фоиз (нисбат ба калоба ва ресмони пахтагин, риштаи абрешимӣ - 4 фоиз);»;

- дар сархати сеюм рақам ва калимаи «6 фоиз» ба рақам ва калимаҳои «10 фоиз (нисбат ба калоба ва ресмони пахтагин, риштаи абрешимӣ – 6 фоиз)» иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе, аз 14 майи соли 2025, № 2168


ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЯ В НАЛОГОВЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Принят постановлением МН МОРТ
от 5 мая 2025 года, № 95
Одобрен постановлением ММ МОРТ
от 13 мая 2025 года, №46

Статья 1. Внести в статью 325 Налогового кодекса Республики Таджикистан от 23 декабря 2021 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2021 г., № 12, ч. 1, ст. 681; 2022 г., № 1, 2-3, ст. 18, № 12, ч. 2, ст. 774; 2023 г., № 1-3, ст. 8, № 11, ст. 472; 2024 г., № 5-6, ст. 267; 2025 г., № 2, ст. 112; Закон Республики Таджикистан от 15 апреля 2025 года, № 2158; Закон Республики Таджикистан от 15 апреля 2025 года, № 2159; Закон Республики Таджикистан от 15 апреля 2025 года, № 2160; Закон Республики Таджикистан от 15 апреля 2025 года, № 2161) следующие изменение и дополнение:

- дополнить абзацем третьим следующего содержания:

«- с 1 июня 2025 года – 8 процентов (в отношении хлопковой пряжи и нити, шелковой нити – 4 процента);»;

- в абзаце третьем цифру и слово «6 процентов» заменить цифрами и словами «10 процентов (в отношении хлопковой пряжи и нити, шелковой нити – 6 процентов)».

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г. Душанбе, от 14 майя 2025 года, № 2168