Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 майи соли 2025,
№ 258Тартиби фаъолияти муассисаҳои консертӣ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби фаъолияти муассисаҳои консертӣ (минбаъд – Тартиб) бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои консертӣ таҳия гардидааст.
2. Тартиб дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, таҳия гардидааст.
3. Муассисаҳои консертӣ маҷмуи чорабиниҳоро бо мақсади фароҳам овардани шароит барои намоиши оммавии осори адабӣ ва санъат, тарғиби дастаҳои бадеӣ ва ҳунармандони алоҳида анҷом медиҳанд.
4. Муассисаҳои консертӣ дар фаъолияти эҷодии худ мустақил буда, барномаҳои эҷодӣ пешниҳод менамоянд. Репертуари эҷодии муассисаҳои консертӣ аз ҷониби муассис дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг тасдиқ карда мешавад.
5. Тартиби ҳамкории мутақобилаи муассисаҳои консертӣ бо муассисаю ташкилотҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои тарафайн амалӣ карда мешавад.
2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ МУАССИСАҲОИ КОНСЕРТӢ
6. Мақсади асосии муассисаҳои консертӣ аз инҳо иборатанд:
- ба танзим даровардани фаъолияти консертҳо;
- таъмин намудани сатҳи баланди фаъолияти мусиқии дастаҳои ҳунариву эҷодӣ;
...