×

Қоидаҳои истифодаи қувваи гармӣ 6 марти соли 1998, № 84

Санаи амалкуни: 06.03.1998

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 марти соли 1998 № 84
тасдиқ шудааст


ҚОИДАҲОИ ИСТИФОДАИ ҚУВВАИ ГАРМӢ 

1.Қисми умумӣ

1.1.Ҳамин «Қоидаҳои истифодаи қувваи гармӣ» дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 октябри соли 1996 № 465 интишор ва бо Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудаанд ва муносибатҳои мутақобилаи ташкилотҳои таъминкунандаи гармии Ширкати давлатии саҳомию холдингии «Барқи Тоҷик»-ро дар мавриди шартҳои ҳисоббаробаркунӣ барои қувваи гармӣ бо истифодакунандагони қувваи гармӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд, муайян менамоянд.

Иҷрои ҳамин Қоидаҳо чи барои ташкилотҳои таъминкунандаи қувваи гармӣ ва чи барои истифодакунандагони қувваи гармӣ, сарфи назар аз тобеияти идорӣ ва шакли моликияташон, ҳатмӣ мебошад.

1.2.Истифодаи қувваи гармӣ танҳо дар асоси шартномаи дар байни ташкилоти таъминкунандаи қувваи гармӣ ва истифодакунанда (муштарӣ), ки дастгоҳҳои он бевосита ба шабакаҳои ташкилоти таъминкунандаи қувва пайваст шудаанд, иҷозат дода мешавад.

Ба шартнома акт дар бораи ҷудо кардани тобеияти балансии шабакаҳои гармӣ ва масъулияти истифодабарии тарафҳо замима мегардад.

Шартнома барои истифодаи қувваи гармӣ мутобиқи шартномаҳои намунавие, ки ба ҳамин Қоидаҳо замима мегарданд, баста мешавад.

1.3.Муштариёни фаръӣ барои истифодаи қувваи гармӣ бо муштариён шартнома мебанданд.

Дар шартнома ё замимаи шартномаи байни муштарӣ ва ташкилоти таъминкунандаи қувваи гармӣ дар бораи ба муштариёни фаръии ба шабакаҳои гармии муштарӣ пайвастшуда маълумот дода мешавад (номгӯй, бори ҳадди аксари яксоата, гармии истифодашаванда, миқдори бозгардондашавандаи конденсат (бо тонна фоиз, бо тақсими он ба моҳҳо, тарифҳо ва маълумоти дигар).

_________________________

...
Утверждены
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 6 марта 1998 года, №84

Правила пользования тепловой энергией

1. ОБЩАЯ ЧАСТЬ

1.1.Настоящие «Правила пользования тепловой энергией» изданы на основании постановления Правительства Республики Таджикистан от 17.10.96г. №465 и согласованы с Министерством экономики и внешних экономических связей Республики Таджикистан, Министерством юстиции Республики Таджикистан, Госстроем Республики Таджикистан и определяют взаимоотношения энергоснабжающих организаций Государственной акционерной холдинговой компании «Барки Точик» в отношении условий расчета за тепловую энергию с потребителями теплоэнергии, расположенными на территории Республики Таджикистан.

Настоящие Правила обязательны как для энергоснабжающих организаций, так и для потребителей тепловой энергии, независимо от их ведомственной принадлежности и форм собственности.

1.2.Пользование тепловой энергией допускается только на основании договора, заключаемого между энергоснабжающей организацией и потребителем (абонентом)1, установки которого непосредственно присоединены к сетям энергоснабжающей организации.

К договору прилагается акт разграничения балансовой принадлежности теплосетей и эксплуатационной ответственности сторон.

Договоры на пользование тепловой энергией заключаются в соответствии с типовыми договорами, прилагаемыми к настоящим Правилам.

1.3.Субабоненты заключают договор на пользование тепловой энергией с «абонентами».

В договоре или приложении к договору между абонентом и энергоснабжающей организацией указываются данные о присоединенных к тепловым сетям абонента субабонентах: наименование, максимальная часовая нагрузка, теплопотребление, количество возвращаемого конденсата (в тоннах и процентах) с разбивкой по месяцам, тарифы и другие данные.

1.4. Абонент может присоединять к своим сетям других субабонентов и заключать с ними договоры на снабжение тепловой энергией только с разрешения энергоснабжающей организации.

Абонент обязан по требованию энергоснабжающей организаций при установленной технической возможности присоединять к своим тепловым сетям других субабонентов.

...