Тартиби таҳия, истифодаи нусхаҳо ва нигоҳдории парвандаи заминсозӣ аз 15 июни соли 2023, № 40

Санаи амалкуни: 15.06.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 сентябри соли 2023 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1253
Бо қарори раиси
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 июни соли 2023, № 40
тасдиқ шудааст

ТАРТИБИ ТАҲИЯ, ИСТИФОДАИ НУСХАҲО ВА НИГОҲДОРИИ ПАРВАНДАИ ЗАМИНСОЗӢ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби таҳия, истифодаи нусхаҳо ва нигоҳдории парвандаи заминсозӣ (минбаъд – Тартиб) тартиби таҳия намудани парвандаи заминсозӣ, истифодабарии нусхаҳо ва нигаҳдории онҳоро ба танзим медарорад.

2. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- парвандаи заминсозӣ – нусхаи аслии ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки дар рафти иҷрои корҳои омодагӣ, таҳқиқотӣ ва ҷустуҷӯйӣ таҳия гардидаанд, инчунин маводи харитавӣ, нақшаҳо, маводи мувофиқавӣ ва тасдиқӣ ва дигар маводу маълумот ба он дохил карда мешаванд;

- ҳуҷҷатҳои заминсозӣ – маҷмуи ҳуҷҷатҳо дар шакли чорабинӣ, барнома, нақша, лоиҳа, харитаи мавзуӣ, маводи таҳқиқотиву ҷустуҷӯйӣ, ки дар натиҷаи анҷом додани корҳои заминсозӣ таҳия карда мешаванд;

- координатҳо – рақамҳое, ки бо нишон додани онҳо мавқеи нуқта дар сатҳ ва ё дар фазо муайян карда мешавад;

...
Зарегистрировано Министерством юстиции
Республики Таджикистан 1 сентября 2023 года,
регистрационный номер 1253
Утвержден
постановлением председателя
Государственного Комитета
по земельному управлению и геодезии
Республики Таджикистан
от 15 июня 2023 года, № 40


ПОРЯДОК РАЗРАБОТКИ, ИСПОЛЬЗОВАНИЯ КОПИЙ И ХРАНЕНИЯ ЗЕМЛЕУСТРОИТЕЛЬНОГО ДЕЛА

1. ОБЩЕЕ ПОЛОЖЕНИЕ


1. Порядок разработки, использования копий и хранения землеустроительного дела (далее – Порядок), регулирует порядок разработки землеустроительного дела, использование копий и их хранение.

2. В настоящем Порядке используются следующие основные понятия:

...