бо қарори
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
тасдиқ шудааст
Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои автомобилгард, ободонӣ ва истифодаи Чорроҳаи автомобилгард
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,
муқаррароти Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро дар бораи муносибатҳои ҳамсоягии нек ва шарикӣ аз 26 майи соли 2004 ба роҳбарӣ гирифта,
бо хоҳиши дастгирӣ, рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстона дар руҳияи ҳамсоягии нек ва ҳамкории мутақобилан судманд,
ба мувофиқаи зерин расиданд,
Моддаи 1
Дар Созишномаи мазкур истилоҳоти зерин чунин маъно дорад:
-«Роҳҳои автомобилгард» - сатҳи асфалтпӯши роҳ ва хатти ҳамшафати бехатари роҳҳои автомобилгарди «Хоҷаи Аъло - Ворух» («Дача - Қапчигай») ва «Ориёно - Шӯристон» («Мин - Орук - Самарқандек») бо маҷмуи иншооти роҳ;
-«роҳҳои автомобилгарди истифодаи муштарак» - роҳи автомобилгарди «Дача - Оқ-Сой»-и Ҷумҳурии Қирғизистон, ки ҷониби Тоҷикистон барои гузариши транзитӣ тариқи хатсайри «Хоҷаи Аъло-Ворух - Хоҷаи Аъло» ва роҳи автомобилгарди «Овчӣ - Қалъача - Хоҷабоқирғон»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Қирғизистон барои гузариши транзитӣ тариқи хатсайри «Кулунду - Максат» истифода мешавад;
-«Чорроҳаи автомобилгард» - сатҳи асфалтпӯши роҳ ва хатти ҳамшафати бехатари Чорроҳаи автомобилгарди «Исфара - Ворух» ва «Ош - Раззаков» бо маҷмуи иншооти роҳ;
-«сатҳи асфалтпӯши роҳ» - унсури конструктивӣ, ки барои ҷойгир кардани рӯйпуши сахти роҳҳо, инчунин воситаҳои техникии ташкили ҳаракати роҳ хизмат мерасонад;
-«хатти бехатари роҳ» - қитьаҳои замин, ки барои таъмини бехатарии ҳаракати шаҳрвандон, гузариши воситаҳои нақлиёт ва интиқоли бор пешбинӣ шудаанд;
-«иншооти роҳ» - иншооте, ки унсурҳои конструктивии роҳ мебошанд, аз ҷумла иншооти сунъӣ (пулҳо, роҳравҳо, эстакадаҳо, қубурҳо, деворҳои ҳимоявӣ ва иншооти дигари муҳофизатӣ аз офатҳои табиӣ);
-«девори ҳимоявӣ» - иншооте, ки барои нигоҳ доштан аз лағжиш ва фурӯравии хок пешбинӣ шуда, дар қитьаҳои дорои таназзули баландиҳо, дар доираи қисмати берунии хатти бехатари Роҳҳои автомобилгард ва Чорроҳаи автомобилгард сохта мешавад;
-«иншооти пул» - иншооти муҳандисии роҳ (пул, роҳрав ва эстакада), ки ҳангоми убури роҳи нақлиётӣ бо монеаҳои табиӣ ё сунъӣ сохта мешавад;
-«ҳолатҳои рафънопазир» - ҳодисаҳои табиӣ, яъне заминларза, сӯхтор, обхезӣ, сел, ярч, сангрезӣ, тарма, ки хусусияти фавқулода доранд ва ба вайроншавии Роҳҳои автомолигард ва Чорроҳаи автомобилгард, роҳҳои автомобилгард ва корношоямии онҳо оварда мерасонанд;
-«ободонӣ» - чорабиниҳое, ки ба фароҳам овардани шароит барои ҳаракати бемамониати шаҳрвандон, воситаҳои нақлиёт равона карда шуда, интиқоли бори Тарафҳо, инчунин барои таъмини бехатарии ҳаракати роҳ (насби чароғакҳо, камераҳои назорати видеоӣ, аломати роҳ, аломатгузорӣ, равшанӣ, хатҳои интиқоли барқ, панҷараҳои металлӣ, сохтмони роҳгузарҳо, съездҳо, роҳравҳо, қубурҳои обгузар, қубурҳои коммуникатсионӣ, деворҳои такягоҳӣ, бардоштани қитъаи роҳ ва дигар чорабиниҳо бо мувофиқаи мақомоти ваколатдори Тарафҳо);
-«мақоми нейтралӣ» - мақоми махсуси Роҳҳои автомобилгард, Чорроҳаи автомобилгард ва қитъаҳои замини зери онҳо барои ҳаракати бемамониати шаҳрвандон, воситаҳои нақлиёт, ҳамлу нақди мусофирон ва бори Тарафҳо, ки ба соҳибихтиёрии ҳеҷ яке аз Тарафҳо тобеъ ва тааллуқ надошта, истифодаи ғайримақсадноки онҳо қатъиян манъ аст.
-«ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ» - ҳуҷҷатҳое, ки қарорҳои муҳандисӣ - техникӣ, меъморӣ, технологӣ, конструктивӣ, иқтисодӣ, молиявӣ ва дигарро оид ба сохтмони Роҳҳои автомобилгард ва Чорроҳаи автомобилгард дар бар мегиранд;
-«қарорҳои асосии техникӣ» - маҷмуи ҳуҷҷатҳое, ки нақшаи роҳро бо истифодаи параметрҳои пул ва иншооти роҳ, қитъаҳои маъмулии қабати роҳ, профили дарозии роҳ, лоиҳаи қабати роҳ, намуди умумии пулҳо ва иншооти роҳ, руйхати пулҳо ва қубурҳо, инчунин руйхати деворҳои ҳимоявиро дар бар мегирад;
-«истифодабарӣ» - истифодабарӣ ва маҷмуи чорабиниҳо оид ба таъмир, нигохдории роҳҳо ва иншооти роҳ;
-«роҳи транзитӣ» - ҳаракати воситаҳои нақлиёти рӯйизаминӣ тавассути ҳудуди Тарафҳо аз рӯйи хатсайрҳои мувофиқашуда бе ҳуқуқи савор кардан/фаровардани мусофирон, бор кардан/фаровардани бор, инчунин бе назорати сарҳадӣ, гумрукӣ, санитарӣ ва назорати дигар;
-«воситаҳои нақлиёти рӯйизаминӣ» - ҳамаи намуди воситаҳои нақлиёти дорои муҳаррики механикӣ ва барқӣ, инчунин велосипедҳо ва нақлиёти аспӣ.
Тарафҳо маъноҳои дигари истилоҳоти дар ин Созишнома истифодашавандаро, ки аз дигар шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, ки иштирокчии онҳо мебошанд, истифода намебаранд.
Моддаи 2
Созишномаи мазкур бо мақсади таъмини ҳаракати бемамониати шаҳрвандон, убури воситаҳои нақлиёт ва интиқоли бори ҳарду ҷониб шартҳои зеринро муайян менамояд:
1.Лоиҳакашӣ ва сохтмони Роҳи автомобилгарди «Хоҷаи Аъло - Ворух» («Дача-Қапчигай»), ки аз канори шарқии маҳаллаи аҳолинишини Қапчигай бо дарозии 3,425 км, бо паҳноии 10 м, бо қисмати бехатари он аз ду тарафи роҳ бо паҳноии 15 м, тавассути насби девори баландиаш 3 м, аз ҷумла роҳравҳо, бе шохаҳо, бо унсурҳои ободонӣ, бо қарорҳои асосии техникии замимашуда, ки аз ҷониби Тарафҳо мувофиқа шудааст, мегузарад (Замимаи 1).
Лоиҳакашӣ ва сохтмони роҳи автомобилгарди Ориёно-Шӯристон (Мин-Орук-Самарқандек), ки аз канори шимолии маҳаллаи аҳолинишини Сурх, бо дарозии 3,241 км, бо паҳнои 10 м, бо қисмати бехатар он аз ду тарафи роҳ бо паҳноии 15 м, тавассути насби девори баландиаш 3 м, аз ҷумла роҳравҳо, бе шохаҳо, бо унсурҳои ободонӣ, бо қарорҳои асосии техникии замимашуда, ки аз ҷониби Тарафҳо мувофиқа шудааст, мегузарад (Замимаи 2).
Ҷонибҳо тибқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ сохтмони қисмати асфалтпӯш бо паҳноии 10 метр ва қисмати бехатари онро, ки 15 метрӣ аз ду тарафи Роҳҳои автомобилгард мебошад, ба таври уфуқӣ амалӣ мекунанд.
Роҳи автомобилгарди «Хоҷаи Аъло-Ворух» («Дача-Қапчигай») аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода карда мешавад.
Роҳи автомобилгарди Ориёно - Шуристон (Мин Орук - Самарқандек) аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон истифода карда мешавад.
2.Ободонӣ ва истифодаи якҷояи Чорроҳаи автомобилгард бо паҳноии 10 м ва паҳноии умумии қисмати бехатари он 30 м, аз ҷумла 15 м аз ҳар тараф ба таври уфуқӣ, бо насби панҷараҳои металлии баландиаш то 2 м, бо дарозии ҳар як тарафи он аз маркази чорроҳа тибқи қарорҳои асосии техникии замимашуда, ки Тарафҳо мувофиқа кардаанд (Замимаи 3):
«Ош-Раззаков» 253,74 м, аз ҷумла 56,47 м ба самти маҳаллаи аҳолинишини Орто-Боз ва 197,27 м ба самти маҳаллаи аҳолинишини Кок-Таш;
«Исфара-Ворух» 40 м, аз ҷумла 20 м ба самти маҳаллаи аҳолинишини Хоҷаи Аъло ва 20 м ба самти маҳаллаи аҳолинишини Чоркӯҳ.
Чорроҳаи автомобилгард аз ҷониби Тарафҳо бо ҳуқуқи баробар истифода карда мешавад.
3.Роҳҳои автомобилгард ва қитъаҳои замини зери Роҳҳои автомобилгард, Чорроҳаи автомобилгард ва қитъаҳои замини зери Чорроҳаи автомобилгард аз лаҳзаи эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур мақоми нейтралӣ доранд.
4.Ҷумҳурии Қирғизистон бе зараррасонӣ ба таъиноти Роҳи автомобилгард қитъаҳои замини зери иншооти пулҳои роҳи автомобилгарди «Хоҷаи Аъло - Ворух» («Дача-Қапчигай»)-ро барои ҳаракати шаҳрвандон, гузаштани воситаҳои нақлиёт, интиқоли мусофирон ва бор, таъмир, таҷдид ва васеъ кардани роҳҳои мавҷудаи автомобилгард, гузаронидани чорво, васл кардани алоқа ва бартараф кардани селу тарма истифода мебарад.
5.Ҷумҳурии Тоҷикистон бе зараррасонӣ ба таъиноти Роҳи автомобилгард қитъаҳои замини зери иншооти пулҳои роҳи автомобилгарди «Ориёно- Шуристон» («Мин-Орук-Самарқанд»)-ро барои ҳаракати шаҳрвандон, гузаштани воситаҳои нақлиёт, интиқоли мусофирон ва бор, таъмир, таҷдид ва васеъ кардани роҳҳои мавҷудаи автомобилгард, гузарондани чорво, васл кардани алоқа ва бартараф кардани селу тарма истифода мебарад.
6.Ҷумҳурии Тоҷикистон бе зараррасонӣ ба таъиноти Чорроҳаи автомобилгард қитъаҳои замини зери иншооти пулҳоро барои ҳаракати шаҳрвандон, гузаштани воситаҳои нақлиёт, интиқоли мусофирон ва бор, таъмир, таҷдид ва васеъ кардани роҳҳои мавҷудаи автомобилгард, гузаронидани чорво, васл кардани алоқа ва бартараф кардани селу тарма истифода мебарад.
7.Тарафҳо барои эҳтиёҷоти маҳалҳои аҳолинишини худ метавонанд хатҳои интиқоли барқ ва алоқаро, ба истиснои коммуникатсияи обӣ дар қитъаҳои бехатари Роҳҳои автомобилгард гузаронанд ва таъмиру нигоҳдории онҳоро амалӣ намоянд.
8.Ҳаракати колоннаи техникаи ҳарбӣ дар ҳаҷми зиёда аз се воҳид барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ, ташкили амалиёти махсус ва зиддитеррористӣ тавассути огоҳии пешакии идораҳои сарҳадии Тарафҳо фавран амалӣ карда мешавад.
9.Тарафҳо дар давраи сохтмони Роҳҳои автомобилгард, ободонии Чорроҳаи автомобилгард ба ташкилотҳои паймонкор вуруд/хуруҷи бемамониати кормандон, воридот/содироти техника ва масолеҳи сохтмониро ба майдони сохтмон аз ҳудуди худ таъмин мекунанд.
10.Ҷониби Тоҷикистон на дертар аз се моҳ аз рӯзи эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур бартарафсозии биноҳо ва дарахтон, кӯчонидани шаҳрвандон ва коммуникатсияро дар қитъаи сохтмони Роҳи автомобилгарди «Ориёно-Шуристон» («Мин-Орук-Самарқандек») ва Чорроҳаи автомобилгард таъмин менамояд.
11.Ҷониби Қирғизистон на дертар аз се моҳ аз рӯзи эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур бартарафсозии биноҳо ва дарахтон, кӯчонидани шаҳрвандон ва коммуникатсияро дар қитъаи сохтмони Роҳи автомобилгарди «Хоҷаи Аъло-Ворух» («Дача-Қапчигай») таъмин менамояд.
12.Хароҷоти марбут ба бартарафсозии биноҳо ва дарахтон, кӯчонидани шаҳрвандон ва коммуникатсия дар қитъаи сохтмони Роҳҳои автомобигард, ободонии Чорроҳаи автомобилгард аз ҷониби Тарафҳо мустақилона маблағгузорӣ карда мешавад.
13.Ҳар як Тараф дар давраи сохтмони Роҳҳои автомобилгард ва ободонии Чорроҳаи автомобилгард дар худуди худ иҷрои корҳои сохтмониро аз ҷониби паймонкорон, аз ҷумла кандан ва пур кардани хокро тибқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ бо баромадан аз қитъаи бехатари Роҳҳои автомобилгард ва Чорроҳаи автомобилгард таъмин менамояд.
14.Ҳар як Тараф дар ҳудуди худ муваққатан ҷойгиркунии пойгоҳҳои сохтмонӣ, партовҳои хок ва коммуникатсияҳо, роҳҳои муваққатии воридшавӣ, истифодаи карерҳо ва захираҳои хокро, ки барои сохтмони Роҳҳои автомобилгард ва Чорроҳаи автомобилгард заруранд, таъмин мекунад.
15.Пас аз ба итмом расидани корҳои сохтмонӣ андозаи сатҳи роҳ ва қитъаҳои бехатари Роҳҳои автомобилгард ва Чорроҳаи автомобилгард, инчунин гузаргоҳҳои зери онҳо бояд ба андозаи дар бандҳои 1 ва 2 моддаи 2 Созишномаи мазкур зикршуда мувофиқат кунанд.
Моддаи 3
Аз рӯзи эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур интихоби паймонкор ва сохтмони роҳи автомобилгарди «Хоҷаи Аъло - Ворух» («Дача-Қапчигай») мустақилона аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ ва маблағгузорӣ карда мешавад.
Аз рӯзи эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур интихоби паймонкор ва сохтмони роҳи автомобилгарди «Ориёно-Шуристон» («Мин-Орук - Самарқандек») мустақилона аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон амалӣ ва маблағгузорӣ карда мешавад.
Қарорҳои асосии техникии иҷрои корҳои сохтмони Роҳҳои автомобилгард ва ободонии Чорроҳаи автомобилгард қисми ҷудонашавандаи Созишномаи мазкур мебошанд.
Тарафҳо ҳангоми сохтмони Роҳҳои автомобилгард ва ободонии Чорроҳаи автомобилгард қарорҳои асосии техникии мувофиқашударо, ки дар сархати 3 ҳамин модда зикр шудаанд, қатъиян риоя мекунанд.
Мувофиқи қарорҳои асосии техникии дар сархати 3 ҳамин модда зикршуда, ҳар як ҷониб мустақилона ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмони Роҳҳои автомобилгардро таҳия ва тасдиқ менамояд, ки набояд бо қарорҳои асосии техникӣ мухолифат кунанд.
Ҷониби Тоҷикистон дар ҷараёни сохтмони Роҳи автомобилгарди «Хоҷаи Аъло-Ворух» («Дача-Қапчигай») бидуни мувофиқа бо ҷониби Қирғизистон метавонад бо салоҳдиди худ ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, аз ҷумла ба таҳкурсии иншооти пули роҳ ва доманакӯҳҳои қаъри замин тағйирот ворид кунад.
Ҷониби Қирғизистон дар ҷараёни сохтмони Роҳи автомобилгарди «Ориёно-Шуристон» («Мин-Орук - Самарқанд») бидуни мувофиқа бо ҷониби Тоҷикистон метавонад бо салоҳдиди худ ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, аз ҷумла ба таҳкурсии иншооти пули роҳ ва доманакӯҳҳои қаъри замин тағйирот ворид кунад.
Хароҷоти вобаста ба ободонии Чорроҳаи автомобилгард аз ҷониби Тарафҳо бо ҳиссаи баробар тибқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии мувофиқашудаи Тарафҳо барои ободонӣ маблағгузорӣ карда мешавад.
Мақомоти ваколатдор якҷо паймонкоронро барои иҷрои корҳои ободонии Чорроҳаи автомобилгард муайян мекунанд.
Аз лаҳзаи эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур Тарафҳо маблағгузории устувори ободонии Чорроҳаи автомобилгардро таъмин менамоянд.
Тарафҳо мустақилона назорати муаллифӣ ва техникии рафти сохтмони Роҳҳои автомобилгард ва назорати якҷояи муаллифӣ ва техникии рафти ободонии Чорроҳаи автомобилгардро амалӣ мекунанд.
Тарафҳо аз рӯзи эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур ба ободонии Чорроҳаи автомобилгард шурӯъ мекунанд.
Сохтмони роҳҳои автомобилгард ва ободонии Чорроҳаи автомобилгард на дертар аз се сол аз рӯзи эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур ба анҷом мерасад. Тарафҳо метавонанд бо розигии тарафайн муҳлати сохтмони Роҳҳои автомобилгард ва ободонии Чорроҳаи автомобилгардро ба муҳлати то ду сол тамдид кунанд.
Дар давраи сохтмони Роҳи автомобилгарди «Хоҷаи Аъло - Ворух» («Дача- Қапчигай») амнияти кормандони ташкилотҳои роҳсоз, кормандони паймонкор, мутахассисони назорати рафти сохтмон, техника ва масолеҳи сохтмонӣ аз ҷониби Қирғизистон ва Роҳи автомобилгарди «Ориёно-Шуристон» («Мин-Орук - Самарқанд») аз ҷониби Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
Дар давраи ободонии Чорроҳаи автомобилгард амнияти ташкилотҳои роҳсоз, кормандони паймонкор, мутахассисони назорати рафти ободонӣ, техника ва масолеҳи сохтмонӣ аз ҷониби Тарафҳо якҷо таъмин карда мешавад.
Ба истифода додани Роҳҳои автомобилгард аз ҷониби Тарафҳо мустақилона бо огоҳ кардани Тарафи дигар ва Чорроҳаи автомобилгард дар асоси санади муштараки мақомоти ваколатдори Тарафҳо амалӣ карда мешавад.
Моддаи 4
1.Истифодабарии Роҳи автомобилгарди «Хоҷаи Аъло-Ворух» («Дача- Қапчигай») аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2.Истифодабарии Роҳи автомобилгарди «Мин Орук-Самарқандек» («Ориёно - Шӯристон») аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон амалӣ карда мешавад.
3.Истифодабарии Чорроҳаи автомобилгард якҷо бо мувофиқаи мақомоти ваколатдори Тарафҳо амалӣ карда мешавад.
4.Тарафҳо тибқи мувофиқа бо тартиби содакардашуда дастрасии бемамониат ва бехатарро аз ҳудуди худ ба ташкилотҳои роҳсоз, кормандони онҳо барои воридоти (содироти) техника ва масолеҳи сохтмонӣ бо мақсади анҷом додани корҳои таъмирӣ, истифодабарӣ, аз ҷумла барои гузаронидани тадқиқот, бартараф намудани оқибати ҳолатҳои рафънопазир дар Роҳҳои автомобилгард ва Чорроҳаи автомобилгард, агар иҷрои корҳои зикргардида берун аз ҳудуди нейтралӣ баромаданро дар назар дошта бошад, таъмин менамоянд.
Моддаи 5
Маблағгузорӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии Роҳҳои автомобилгард, инчунин маблағгузорӣ, ободонӣ ва истифодабарии Чорроҳаи автомобилгард барои муайян ё тағйир додани гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон асос намегардад.
Моддаи 6
1.Аз рӯзи имзои Созишномаи мазкур Тарафҳо уҳдадор мегарданд, ки яктарафа ягон гуна маҳдудият ва/ё монеаро дар Роҳҳои автомобилгард, қитъаҳои замини зери Роҳҳои автомобилгард, Чорроҳаи автомобилгард ва қитъаи замини зери Чорроҳаи автомобилгард дар давраи лоиҳакашӣ, сохтмон, ободонӣ, истифода ва истифодабариашон муқаррар накунанд, инчунин наметавонанд:
а) ҳар гуна посгоҳҳо гузошта, деворҳои сунъиро бунёд намоянд;
б) сохтмон ё насби ҳама гуна объектҳо ва иншоотро амалӣ намояд;
в) азхудкунии замин ва ҳама гуна фаъолияти хоҷагидориро амалӣ намояд;
г) корҳои геологӣ, гидрологӣ, гидрогеологӣ, геофизикӣ, пармакунӣ ва корҳои таркишӣ ва дигар корҳои азхудкунии сарватҳои зеризаминиро амалӣ намоянд;
д) ҳама гуна андозҳо, пардохтҳо ва боҷро барои ҳаракати шаҳрвандон, гузаштани воситаҳои нақлиёт, интиқоли бор ва мусофиронро муқаррар намоянд;
е) назорати сарҳадӣ, милитсия, гумрук, нақлиёт, санитарӣ-карантинӣ, экологӣ ва намуди дигар назоратро амалӣ намоянд.
Ҳама гуна корҳое, ки ба Роҳҳои автомобилгард ва Чорроҳаи автомобилгард зарар мерасонанд, манъ аст. Тарафе, ки зарар расонидааст, оқибатҳои онро дар муҳлатҳои мувофиқашуда бартараф мекунад.
Моддаи 7
Тарафҳо аз рӯзи имзои Созишномаи мазкур тибқи нақшаҳо роҳҳои автомобилгарди истифодаи муштаракро барои ҳаракати транзитии бемонеа истифода мебаранд ва ҳеҷ гуна мамнуъият, маҳдудият ё назоратро ҷорӣ намекунанд, ба истиснои ҳолатҳои рафънопазир бо огоҳии Тарафи дигар (Замимаи 4 ва 5).
Дар сурати имконнопазирии истифодаи роҳҳои автомобилгарди дар сархати 1 ҳамин модда зикргардида бо сабаби ҳолатҳои рафънопазир ё аз сабаби зарурати таъмиру азнавсозии онҳо, Тарафҳо муваққатан пеш аз барқарор намудани ҳаракат дар роҳҳои зикргардида ба ҳамдигар истифодаи бемамониатро тибқи нақшаҳои дигари роҳҳои автомобилгард барои ҳаракати транзитӣ таъмин менамоянд ва дар онҳо мамнуъият, маҳдудият ва назоратро муқаррар намекунанд (Замимаҳои 4 ва 5).
Ҷониби Қирғизистон амнияти шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳангоми гузаштан аз роҳи автомобилгарди «Хоҷаи Аъло - Ворух» («Дача - Ак-Сай») таъмин менамояд.
Ҷониби Тоҷикистон амнияти шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёти Ҷумҳурии Қирғизистонро ҳангоми гузаштан аз роҳи автомобилгарди «Овчӣ Қалъача - Хоҷабақирғон («Кулунду - Максат - Кулунду») таъмин менамояд.
Мансубияти ҳудудии қитъаҳои замини роҳҳои автомобилгарди истифодаи муштарак бо Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муайян карда мешавад.
Моддаи 8
Тарафҳо метавонанд муваққатан маҳдудиятҳои марбут ба ҳаракати шаҳрвандон, гузаштани воситаҳои нақлиёт, ҳамлу нақли бор ва мусофиронро дар Чорроҳаи автомобилгард танҳо бо мақсади бартарафсозии оқибати ҳолатҳои рафънопазир муқаррар намоянд, ки хароҷотҳои бартараф кардани онҳо аз ҷониби Тарафҳо тибқи муқаррароти моддаи 4 Созишномаи мазкур амалӣ карда мешавад.
Дар сурати ба миён омадани ҳолатҳои рафънопазир, мақомоти ваколатдори Тарафҳо фавран якдигарро огоҳ мекунанд ва барои бартараф кардани онҳо чораҳои фаврӣ меандешанд.
Пас аз бартараф кардани оқибатҳои ҳолатҳои рафънопазир, Тарафҳо фавран ҳаракати шаҳрвандон, гузаштани воситаҳои нақлиёт, ҳамлу нақли бор ва мусофиронро дар Чорроҳаи автомобилгард барқарор менамоянд.
Моддаи 9
Таъмини бехатарии ҳаракати роҳ ва тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин баррасии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигар дар Роҳи автомобилгарди «Хоҷаи Аъло - Ворух» («Дача - Қапчигай») тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Роҳи автомобилгарди «Ориёно-Шуристон» («Мин-Орук - Самарқандек») тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Қирғизистон амалӣ карда мешавад.
Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин баррасии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигар дар зери иншооти пулҳои роҳи автомобилгарди «Хоҷаи Аъло - Ворух» (Дача - Қапчигай) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Қирғизистон ва дар зери иншооти пулҳои роҳи автомобилгарди «Ориёно- Шуристон» («Мин-Орук - Самарқандек») тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Баррасӣ ва тафтишоти ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо дар Чорроҳаи автомобилгард, ки иштирокчиёни онҳо шаҳрвандони як Тараф мебошанд, аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори ин давлат гузаронида мешавад.
Баррасӣ ва тафтишоти ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо дар Чорроҳаи автомобилгард бо иштироки шаҳрвандони ҳар ду Тараф аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори Тарафе, ки шаҳрванди он гумонбар дониста мешавад, гузаронида мешавад.
Баррасӣ ва тафтишоти ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо дар Чорроҳаи роҳҳои автомобилгард бо иштироки шаҳрванди як Тараф ва шаҳрванди давлати хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори ин Тараф гузаронида мешавад.
Баррасӣ ва тафтишоти ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо дар Чорроҳаи автомобилгард, ки иштирокчиёни онҳо шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд мебошанд, аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо бо мувофиқа гузаронида мешавад.
Бо мақсади баррасӣ ва тафтишоти объективии ҳуқуқвайронкуниҳо ё ҷиноятҳои дар Чорроҳаи автомобилгард содиршуда, мақомоти ваколатдори Тарафҳо гурӯҳҳои муштаракро барои мубодилаи иттилоот, гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ва тафтишотӣ, инчунин ҳамкории минбаъда таъсис медиҳанд.
Дар ҷои содир намудани ҳукуқвайронкуниҳо ё ҷиноят аз ҷониби мақомоти ваколатдори Тарафҳо якҷо протокол тартиб дода мешавад, ки дар он вақт, ҳолатҳо, намуди ҳодиса, шаҳрвандии гумонбарон ва шахсони зарардида сабт карда мешавад.
Моддаи 10
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки парвозҳои содакардашудаи ҳавопаймоҳои дорои ҳайати парвозкунандаро аз рӯи масирҳои ҳавоии мувофиқашудаи «Исфара-Ворух» ва «Баткен-Раззаков» тибқи Тартиби алоҳида амалӣ кунанд (Замимаи 6).
Моддаи 11
Мақоми ваколатдор оид ба амалисозии муқаррароти Созишномаи мазкур, ба истиснои бандҳои 10, 11 ва 12 моддаи 2, банди 4 моддаи 4, моддаҳои 6, 8 ва 9 мақомоти Тарафҳо дар соҳаи нақлиёт ва роҳҳо дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳолатҳои фавқулода мебошанд.
Мақоми ваколатдор оид ба амалисозии бандҳои 8 ва 9 моддаи 2 ва банди 4 моддаи 4 Созишномаи мазкур идораҳои сарҳадии Тарафҳо мебошанд.
Мақоми ваколатдор оид ба амалисозии бандҳои 10, 11 ва 12 моддаи 2 ва моддаи 6 Созишномаи мазкур мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Тарафҳо мебошанд.
Мақоми ваколатдор оид ба амалисозии сархатҳои 14 ва 15 моддаи 3, сархатҳои 3 ва 4 моддаи 7 ва моддаи 9 Созишномаи мазкур мақомоти корҳои дохилии Тарафҳо мебошанд.
Мақоми ваколатдор оид ба амалисозии моддаи 10 Созишномаи мазкур мақомоти Тарафҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ мебошанд.
Тарафҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ ба ҳамдигар дар бораи тағйири номҳои мақомоти ваколатдори худ хабар медиҳанд.
Моддаи 12
Тарафҳо уҳдадор мешаванд, ки мақоми нейтралии Роҳҳои автомобилгард ва Чорроҳаи автомобилгардро, ки бо Созишномаи мазкур муайян шудааст, яктарафа бознигарӣ накунанд.
Истифодабарӣ, нигоҳдорӣ ва татбиқи қонунгузории Тарафҳо ва ҳама гуна амалҳои дигари марбут ба амалисозии Созишномаи мазкур барои тобеияти соҳибихтиёрӣ ва мансубияти ҳудудии қитъаҳои заминҳое, ки дар онҳо Роҳҳои автомобилгард ва Чорроҳаи автомобилгард ҷойгиранд, аз ҷумла тавассути муроҷиат ба судҳои байналмилалӣ ва дигар мақомоти байналмилалӣ асос шуда наметавонанд.
Моддаи 13
Дар сурати ба миён омадани баҳсҳо ва ихтилофот ҳангоми амалисозии Созишномаи мазкур, Тарафҳо онҳоро тавассути гуфтушунид ва машваратҳо ҳал мекунанд.
Моддаи 14
Бо розигии Тарафҳо ба Созишномаи мазкур метавон тағйиру иловаҳо ворид намуд, ки бо протоколҳои алоҳида, ки қисми ҷудонопазири он мебошанд, ба расмият дароварда мешаванд.
Моддаи 15
Созишномаи мазкур бояд мавриди тасдиқ қарор гирад ва дар як вақт бо Шартномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон аз рӯзи табодули тасдиқномаҳо эътибор пайдо мекунад.
Моддаи 16
Созишномаи мазкур бемуҳлат аст ва он наметавонад боздошт, қатъ ё якҷониба бекор карда шавад.
Дар шаҳри Бишкек 13 марти соли 2025 дар ду нусха, ҳар кадоме бо забонҳои тоҷикӣ, қирғизӣ ва русӣ, ки ҳамаи матнҳо эътибори якхела доранд, ба имзо расид.
Дар сурати ба миён омадани ихтилоф дар тафсири муқаррароти Созишномаи мазкур, Тарафҳо аз матни забони русӣ истифода мебаранд.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон
_________________ |
Аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон
_________________ |
Замимаи №6
Тартиби истифодаи соддашудаи ҳарими ҳавоӣ
1.Тарафҳо нуқтаҳои умумии гузариши сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ва масири хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ ҳавопаймоҳои босарнишин дар хатсайрҳои ҳавоии «Исфара - Ворух» ва «Бодканд - Раззоков» мувофиқи харитаи масири ҳавоӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори Тарафҳо муайян карда мешаванд, муқаррар менамоянд.
2.Ҳар яке аз Тарафҳо дар ҳудуди сарҳади давлатии худ хизматрасонии ҳаракати ҳавоиро пешкаш менамояд.
3.Пешниҳоди дархост барои истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар қитъаи хатсайрҳои ҳавоии «Исфара - Ворух» ва «Бодканд - Раззоков» бо тартиби содашуда сурат мегирад.
4.Нақшаи парвозҳо на дертар аз як соат то вақти банақшагирифтаи парвоз тавассути шабакаи собитшудаи телекоммуникатсионии авиатсионӣ (AFTN) ба Маркази асосии ташкили ҳаракати ҳавои Тарафи қабулкунанда пешниҳод карда мешавад. Дар сурати муваққатан фаъол набудани AFTN пешниҳоди Нақшаи парвозҳо тавассути почтаи электрони ва факс сурат гирифта мешавад. Анҷом додани парвозҳои болозикр пас аз тасдиқ кардани Тарафи қабулкунанда тавассути роҳҳои болозикр оид ба қабули нақшаи парвоз, мавҷуд набудани маҳдудият дар парвози сарони давлатҳо сурат гирифта мешавад.
5.Парвозҳои фаврӣ вобаста ба зарурати андешидани чораҳои фаврӣ оид ба гузаронидани корҳои садамавию наҷотӣ ва ҷустуҷӯйӣ, таъмини амният, тартиботи ҷамъиятӣ ва ташкили амалиёти махсус ва зиддитеррористӣ бо роҳи муроҷиат ба тарафи қабулкунанда тавассути роҳҳои мувофиқашудаи алоқа бо мақсади аз ҷониби Тарафҳо муайян кардани масир ва баландии парвоз ва мавҷуд набудани маҳдудиятҳо бо фиристодани ба Марказ на дертар аз се соати нақшаи парвоз ва маълумот дар бораи ҳолатҳое, ки барои анҷоми парвози дар боло зикршуда асос шудааст, сурат мегирад.
6.Дар ҳошияи ин Тартиби иҷрои парвозҳои ҳавопаймоҳои ҳарбии Тарафҳо иҷозат дода мешавад.
7.Тарафҳо уҳдадор мешаванд, ки дар асоси мутақобила барои хизматрасонии аэронавигатсионии ҳавопаймоҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кирғизистон бақайдгирифта дар масири дар Тартиби мазкур пешбинишуда хироҷ намеситонанд.
8.Ҳар як Тараф мавҷуд будани полиси суғуртавии истифодабарандагони ҳавопаймоҳоро дар назди шахсони сеюм назорат менамоянд.
9.Таъминкунандагони хизматрасонии аэронавигатсионии Тарафҳо дар мувофиқаи байни худ метавонанд хуқуқи хизматрасонии ҳаракати ҳавоиро аз рӯйи масири дар Тартиби мазкур пешбинишуда ба Тарафи дигар таҳвил намоянд.