ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2016, №737
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фармон медиҳам:
Ба зербанди 12(1).1) банди 12(1) §10 боби 2 фасли II Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2016, №737 «Дар бораи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
ба мансабҳои категорияи олӣ сархати якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Муовини якуми директор»;
дар мансабҳои категорияи дуюм аломати нимтире «-» ба калимаҳои «Муовини сардори раёсат - сардори шуъба» иваз карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 20 марти соли 2025, № 1012
...