Тартиби ба навъи киштигард мансуб донистани роҳҳои обӣ ва қоидаҳои истифодаи онҳо аз 26 марти соли 2025, № 213

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 марти соли 2025, № 213
тасдиқ шудааст

Тартиби ба навъи киштигард мансуб донистани роҳҳои обӣ ва қоидаҳои истифодаи онҳо

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Тартиби ба навъи кишгигард мансуб донистани роҳҳои обӣ ва қоидаҳои истифодаи онҳо (минбаъд - Тартиби мазкур) тартиби аз ҷониби мақомоти нақлиёти обӣ ба навъи киштигард мансуб донистани роҳҳои обӣ ва қоидаҳои истифодаи онҳоро муайян мекунад.

2.Тартиби мазкур нисбат ба ҳамаи дарёҳо, кӯлу обанборҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд, татбиқ мегардад.

3.Амали Тартиби мазкур нисбат ба роҳҳои обии наздисарҳадӣ ҳангоми бастани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ татбиқ мегардад.

4.Шино кардани киштиҳо дар роҳҳои обии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода мешавад.

5.Ба навъи киштигард мансуб донистани объектҳои обӣ аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси натиҷаҳои таҳлили мувофиқи мақсад будани ба навъи киштигард мансуб донистани объектҳои обӣ ва ба рӯйхати роҳҳои обии киштигард дохил намудани объектҳои обӣ ё қитъаҳои онҳо (бо нишон додани сарҳад) амалӣ мегардад.

6.Рӯйхати объектҳои обие, ки ба навъи роҳҳои киштигард мансуб дониста мешаванд, аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

2.РОҲҲОИ ОБӢ

7.Ҳама роҳҳои обии дохилӣ роҳҳои истифодаи умум мебошанд.

8.Роҳҳои обии дохилӣ ба роҳҳои табиӣ (дарёҳо, кӯлҳо) ва сунъӣ (каналҳо, қитъаҳои дарғотҳои обпарто, обанборҳо) ҷудо мешаванд.

...
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 марти соли 2025, № 213
тасдиқ шудааст

Тартиби ба навъи киштигард мансуб донистани роҳҳои обӣ ва қоидаҳои истифодаи онҳо

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Тартиби ба навъи кишгигард мансуб донистани роҳҳои обӣ ва қоидаҳои истифодаи онҳо (минбаъд - Тартиби мазкур) тартиби аз ҷониби мақомоти нақлиёти обӣ ба навъи киштигард мансуб донистани роҳҳои обӣ ва қоидаҳои истифодаи онҳоро муайян мекунад.

2.Тартиби мазкур нисбат ба ҳамаи дарёҳо, кӯлу обанборҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд, татбиқ мегардад.

3.Амали Тартиби мазкур нисбат ба роҳҳои обии наздисарҳадӣ ҳангоми бастани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ татбиқ мегардад.

4.Шино кардани киштиҳо дар роҳҳои обии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода мешавад.

5.Ба навъи киштигард мансуб донистани объектҳои обӣ аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси натиҷаҳои таҳлили мувофиқи мақсад будани ба навъи киштигард мансуб донистани объектҳои обӣ ва ба рӯйхати роҳҳои обии киштигард дохил намудани объектҳои обӣ ё қитъаҳои онҳо (бо нишон додани сарҳад) амалӣ мегардад.

6.Рӯйхати объектҳои обие, ки ба навъи роҳҳои киштигард мансуб дониста мешаванд, аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

2.РОҲҲОИ ОБӢ

7.Ҳама роҳҳои обии дохилӣ роҳҳои истифодаи умум мебошанд.

8.Роҳҳои обии дохилӣ ба роҳҳои табиӣ (дарёҳо, кӯлҳо) ва сунъӣ (каналҳо, қитъаҳои дарғотҳои обпарто, обанборҳо) ҷудо мешаванд.

9.Роҳҳои обии дохилӣ ва иншооти гидротехникии дар онҳо воқеъгардида, моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади киштигардӣ аз ҷониби дилхоҳ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифода бурда мешаванд.

10.Навъ ва воситаҳои таҷҳизоти киштигардӣ ва муҳлати кори онҳо, андозаву ҳаҷмҳои бокафолати киштигардҳо, муҳлати кори иншооти киштигарди гидротехникӣ, таъмини гидрографии навигатсионии шароитҳои шинокунии киштиҳо дар роҳҳои обии дохилӣ аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

11.Таъмини гидрографии навигатсионии шароитҳои шинокунии киштиҳо дар роҳҳои обии дохилӣ дар қитъаҳои сарҳадӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.

3.МАНСУБ ДОНИСТАНИ ДАРЁҲО, КӮЛҲО ВА ОБАНБОРҲОИ КАЛОН БА ГУРУҲИ РОҲҲОИ КИШТИГАРД

12.Вобаста аз қобилияти гузариши роҳҳои обӣ ва тавсифоти истифодабарию техникии киштии истифодашаванда, роҳҳои обӣ ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:

Ҷадвали 1.


Гуруҳи роҳҳои дохилии обӣ

Чуқурии миёнаи киштигардӣ, метр

Чуқурии ҳаҷму андозадор, метр

Борбардории миёнаи киштиҳои боркаш тонна

Дорои аҳаммияти маҳаллӣ

1,35- 1,00

1,1 -0,6

500

Дарёҳои хурд

1,00-0,75

0,80 - 0,45

150

Дарёчаҳо

камтар аз 0,75

камтар аз 0,6

100


13.Шароитҳои киштигардии шабакаи роҳҳои обӣ бо ҳаҷму андозаҳои гашти киштӣ (ҷуқуриҳои кафолатнок, паҳноӣ ва радиусҳои мудавваршавӣ), суръатҳои ҷараёни об, давомнокии давраи киштигардӣ, муҳиммияти лаппишҳои сатҳи об, реҷаҳои обуҳавосанҷӣ гидрометеорологӣ ва ях, ки хусусиятҳои техникию иқтисодӣ ва меъмории киштиҳо, инчунин шароитҳои корфармоии онҳоро муайян мекунанд.

14.Таносуби ҳаҷму андоза ва роҳи обӣ бо захираи камтарини об аз рӯйи умқи роҳҳои обӣ муайян карда мешавад (захираҳои камтарини об дар қаъри киштӣ).

15.Захираҳои камтарини об (бо сантиметр) дар қаъри роҳҳои обии киштигард:

Ҷадвали 2.


Амиқии гашти киштӣ, см

Барои киштиҳо, см

Новобаста  аз хусусияти хоки таги  об, см

Ҳангоми хоки қумдор ва шагалдор, см

Ҳангоми замини сангдор, см

Камтараз 150

10                

15

20

150-300

15

20

25

Бештар аз 300

20

25

30

Эзоҳ:

- аҳамияти захираҳо фарқияти байни чуқурии қаър дар қитъаи мушаххас ва такшини бештари киштӣ дар таваққуфгоҳро нишон медиҳад;

- ҳангоми гузаштан аз қитъаҳои маҳдудкунандаи чуқурӣ, ронандагони киштӣ ҳодисаи рахнакуниро ба ҳисоб гирифта, барои кам кардани он бо роҳи паст кардани суръати киштӣ ва ё бо роҳи кам кардани вазни бор чораҳо андешанд;

-истифодаи объектҳои обӣ барои киштироиии киштиҳои хурдҳаҷму (қаиқҳои белдор, заврақҳои бодбондор ва ғайра) аз рӯйи навъи истифодаи умум, бо риояи қоидаҳои тасдиқкунандаи истифодаи киштиҳои хурдҳаҷм роҳ дода мешавад.

16.Вобаста аз лаппишҳои об, кӯлҳо ва обанборҳо ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:


Ҷадвали 3.


Ҷадвали ҳолати лаппиши об, балл

Баландии мавҷи об аз - то, м

Дараҷаи лаппиш

Тавсифоти шифоҳии мавҷҳо

0

0

вуҷуд надорад

Сатҳи ҳамвори гандумгун

1

то 0,25

суст

Мавҷҳои начандон калони об пайдо мешаванд

2

0,25 -0,75

суст

Мавҷҳои начандон калони об чаппа шудан мегиранд, аммо кафк сафед набуда, шишамонанд аст

3

0,75-1,25

зиёд

Мавҷҳои хубнамоёни начандон калон, шонаҳои баъзеашон чаппашуда, ҳарҷо ҳарҷо кафки сафеди дудмонандро месозанд

4

1,25-2,0

боз ҳам

зиёдтар

Мавҷҳо шакли муайяншударо мегиранд, дар ҳама ҷой кафкҳои сафед ба вуҷуд меоянд


17.Рӯйхати роҳҳои обии дохилӣ, ки барои киштигардӣ кушода шудаанд, аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

18.Бақайдгирии роҳҳои обии дохилӣ ва киштиҳои дар роҳҳои обии дохилӣ шинокунанда, ки дорои шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ мебошанд, ҳамчунин пешбурди феҳристи киштиҳо ва таҳияи бақайдгирии дарёҳо аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

19.Таҳияи қоидаҳои истифодаи нақлиёти обӣ аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

4.ИСТИФОДАИ МАРЗОБГОҲ (АКВАТОРИЯҲО), ҚИТЪАҲОИ РОҲҲОИ СОҲИЛИ ДАР ҲУДУДҲОИ РОҲҲОИ ДОХИЛИИ ОБӢ ВА ҚИТЪАҲОИ ЗАМИНИ АЗ ҶОНИБИ ТАШКИЛОТҲОИ НАҚЛИЁТҲОИ ОБИИ ДОХИЛӢ ИСТИФОДАБАРАНДА Ё ИШҒОЛКУНАНДА

20.Дар худудҳои роҳҳои обии дохилӣ, ки берун аз сарҳади ҳудудҳои аҳолинишини шаҳр ҷойгиранд, ташкилоти нақлиёти дохилии обӣ ҳуқуқи истифодабарии инҳоро доранд:

-ройгон барои корҳое, ки бо киштигардӣ алоқаманданд;

-аз қитъаи роҳи соҳилӣ - қитъаи роҳи замин бо паҳноии 20 метр аз канори об то ба чуқурии соҳил ҳангоми сатҳи миёнаву бисёрсолаи об дар дарёҳои озод ва сатҳи муқаррарии об дар роҳҳои обии ба таври сунъӣ сохташуда.

21.Дар соҳил, бо нишебии рӯизаминии бештар аз 45 дараҷа, қитъаи роҳи соҳил аз канор ба чуқурии соҳил муайян карда мешавад.

22.Шартҳои махсуси истифодабарии қитъаҳои роҳи соҳилро Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

23.Интиқоли мусофирон ва боркашонӣ тариқи роҳҳои обии дохилӣ танҳо тавассути киштиҳои дорои шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ ва ронандагони дорои шаҳодатномаи ҳуқуқи ронандагӣ барои фаъолият намудан иҷозатдода мешавад.

24.Мақомоти идоракунии давлатӣ дар нақлиёти дохилии обӣ ҳуқуқ доранд:

-аз қитъаи роҳи соҳилӣ барои гузарондани корҳо оид ба таъмини киштигардӣ ва сохтмони биноҳо, иморатҳо ва иншоот барои ин мақсадҳо бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, истифода баранд;

-дар қитъаи роҳи соҳилӣ воситаҳои соҳилӣ, таҷҳизоти киштигардиро насб намоянд;

-дар роҳи соҳилӣ буридани дарахту буттаҳои месабзидагиро баҳри таъмини бехатарии киштигардӣ, аз ҷумла барои намоёнии воситаҳои соҳилии таҷҳизоти киштигард ва инчунин барои асосноккунии геодезӣ ҳангоми наворбардории қитъаҳои маҷроҳои дарёҳо дар мувофиқа бо мақомоти ҳифзи муҳити зист амалӣ намоянд;

-дар мувофиқа бо мақомоти ҳифзи муҳити зист тариқи ройгон хок, санг, шагал, дарахту буттаҳои дар ҳудуди қитъаи роҳи соҳил воқеъгардидаро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои корҳои дар банди мазкур пешбинишуда истифода баранд;

-иҷозат додани дастгоҳи иншооти муваққатӣ барои ба соҳил расидан, миҳор бастан ва таваққуфи киштиҳо ва объектҳои дигари шинокунанда, боркуниву борфарорӣ ва нигоҳ доштани борҳо, ба киштӣ савор намудан ва аз киштӣ фаровардани мусофирон дар мувофиқа бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида;

-дар мувофиқа бо мақомоти ҳифзи муҳити зист мавриди зимистонгузаронии ғайричашмдошти киштиҳо ва ё рух додани садамаи нақлиётӣ бо киштиҳо ба сохтмони биноҳои муваққатӣ ва гузарондани дигар корҳои лозимӣ иҷозат диҳанд.

25.Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки қитъаи роҳи соҳилиро барои гузарондани корҳои муваққатӣ истифода мебаранд, баъд аз анҷом додани онҳо вазифадоранд, ки қитъаи роҳи соҳилиро тоза карда, онро ба тартиб дароранд.

26.Дар қитъаи роҳи соҳилӣ насб кардани ҳама гуна чароғҳои доимӣ, ки ба тарафи гашти киштиҳо нигаронида шудаанд, ба истиснои чароғҳои навигатсионӣ манъ аст. Соҳибони чароғҳои муваққатӣ бояд насби онҳоро бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа созанд ва аз канори гузаргоҳҳои киштиҳо девора кардани чунин чароғҳоро таъмин намоянд.

27.Истифода бурдани роҳҳои обии дохилӣ ва қитъаи роҳи соҳилӣ барои амалӣ намудани фаъолияти дигари хоҷагидорӣ иҷозат дода намешавад, агар чунин фаъолият бо таъмини бехатарии гашти киштиҳо номутобиқ бошад.

28.Лоиҳаҳои сохтмонӣ ё ин, ки азнавсозни объектҳои хоҷагӣ ва иншооти дигаре, ки дар қитъаи роҳи соҳилӣ ҷойгир карда мешаванд, бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешаванд.

29.Ҳуқуқи истифодаи қитъаи роҳи соҳилӣ ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ҳудудҳои иншооти гидротехникӣ, қитъаҳои замине, ки дар онҳо қитъаҳои мелиоративӣ ҷойгир карда шудаанд ва ба заминҳои дигаре, ки қонунгузории замин ва ё дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, паҳн намегардад.

30.Ҷудо кардани қитъаҳои замини дар ҳудуди қитъаи роҳи соҳилӣ ҷойгиршуда, ҷудо кардани қитъаҳои дарёии роҳҳои обии дохилӣ ва дар ҳудуди онҳо сохтани ҳама гуна бино, сохтмон ва иншоот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

31.Дар марзобгоҳ (акватория) ва дар қитъаи роҳи соҳилӣ беназорат мондани киштиҳо, иншоотҳое, ки ба ҳолати роҳҳои обии дохилӣ ва қитъаи роҳи соҳилӣ таъсири манфӣ мерасонанд ва истифодабарии онҳоро мушкил мегардонанд, манъ аст.

5.ТОВОНИ ЗАРАРЕ, КИ БА РОҲҲОИ ДОХИЛИИ ОБӢ БО ҲАРАКАТҲОИ НОМУВОФИҚ РАСОНИДА ШУДААСТ

32.Зараре, ки аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар натиҷаи вайронкунӣ ё нобуд кардани воситаҳои таҷҳизоти киштигардӣ, иншооти гидротехникии киштигардӣ, гашти киштиҳо ва объектҳои дигари марбут ба ташкилоти нақлиёти дохилии обӣ, ҳамчунин ифлоскунии об расонида шудааст, бояд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда шавад.